Аз байни анвои сегонаи ҷаҳонбинӣ, ҷаҳонбинии динӣ бар асоси меъёрҳои ҷаҳонбинӣ, ба унвони беҳтарин, интихоб карда ва ба баҳс гузоштем.  Ҷаҳонбинии таҷриби ҳарчанд ба далели шинохти дақиқ аз аҷзо мавриди суол  мебошад зеро бар озмун ва хато вобаста аст. Дуввум инки ҳама чизи олами имконро неметавон бавасилаи озмун шинохт ба ин хотир ин шинохт ноқис мебошад. Ва ҷаҳонбини ақлиро ба хотиро инки аз манбаъ иттилооти дақиқ бархурдор нест ва иттилооти ноқисе  дорад наметавон ба унвони дақиқтарин равишшиносии ҷаҳон баргузид.

Аммо ҷаҳонбинии исломӣ ба далели инки аз тарафи Холиқи олам ироа шудааст касе, ки олим ба ҳамаи мавҷудот мебошад, дорои ҳамаи меъёрҳои мақбулияти ҷаҳонбини мебошад. Яъне аз тарафи ақл ва мантиқ уро пуштибони мегардад ва аз тарафи дигар ба зиндагӣ маъно медиҳад ва инсонро аз пучгароӣ наҷот медиҳад ва ормонсоз буда ва тааҳудовар низ мебошад ва бо истидлол гуфтаҳояшро исбот мекунад, ба ҳамин ҷиҳат дар байни анвои ҷаҳонбини ба унвони як ҷаҳонбини саҳеҳ эътироф мегардад.

Намунаҳои аз ҷаҳонбинии Исломӣ

Дар дини Ислом нисбат ба саволҳои ҳастишиносӣ ҳар инсоне посухи дақиқе гуфта шуда вақте ба Қурони Маҷид, ки китоби осмонӣ ин мактаб аст нигоҳе бияндозем, хоҳем дид, ки Ислом дар баробари суолоти асосӣ аз қабили чигунагии офариниши ҷаҳон, падидаҳои табии ва фаротабии равобити ҳоким байни онҳо ва инки охир инсон чи хоҳад шуд ва ин қофила азми куҷо дорад? Робитаи инсон ба Худо чигуна бояд бошад? Ва ғайра, бепосух нишаста ва ё далелҳои мустаҳками ақли ба посухгӯӣ мепардозад, ки дар инҷо ба намунаҳои аз ҷаҳонбинии Ислом мепардозем

Олами ғайб ва олами шаҳодат

Аз дидгоҳи Ислом мавҷудот дар ҳамин мавҷудоте, ки мо мебинем хатм намешавад балки илова бар ин мавҷудоти одди монанди инсон, ҳайвон, гиёҳон, куҳҳо ва .... як гуруҳи дигаре аз мавҷудот ҳастанд, монанди Худо, фариштагон ва ғ... ки ба далели ҷисмони набуданашон мо тавонои диданашонро надорем, ки ин навъи нигоҳ ба олами ҳастӣ муҳимтарин фарқ ин мактаб бо мактабҳои дигар аст, ки дар посухгӯӣ ба чунин саволҳое дар мондаанд ва Қуръони Карим имон ба ғайбро аз вижагиҳои муттақин медонанд (Бақара/3).

Мазоёи чунин нигариш:

Аз мазёи чунин нигоҳе ба ҷаҳон ин аст, ки андешаи инсонро боз мекунад ва инсонро огоҳи медиҳад, ки олам фақат ончи, ки ту мебини нест балки ту яке аз оламҳоро мебини ва илова бар ин олам, дунёи низ ҳаст, ки дар идроки ҳисси ту, гунҷоиши дарки он нест, ки дар ояти 38 ва 39 сураи Ҳоққа низ ба олами ғайб “қасам хурда шудааст, ки” савганд ёд мекунад ба ончи мебинед ва ончи намебинед

Ҳақмадории ҷаҳон:

Аз дидгоҳи Ислом ҷаҳон беҳуда наофаридашудааст ва бар асоси ҳақ офариниш ёфтааст. Дар оят 8 сураи Рум мехонем, ки “Худо осмонҳо ва замин ва ончиро, ки миёни он ду аст чуз ба ҳақ ва то ҳангоми муайян наёфаридааст...” лозим ба тавзеҳ, ки ҳақмадории ҷаҳон бо се таъбир дар Қуръони Карим омадааст, ки яке офариниши осмон ва замин ба пояи ҳақ аст ва таъбири ботил набудани офаринишро аз байн бармедорад ва дар ояти дигаре омадааст, ки ҷаҳонро Худованд аз сари бози наофаридааст.

Ҳадафи ҷаҳон:

Ҳақ мадори ҷаҳони худ ба худ ҳадафманд будани олами офаринишро низ собит мекунад. Яъне ҷаҳони офариниш ингуна нест, ки ба нокуҷообод биравад балки ин корвони ҳастӣ, ба суй як поёнаи маълум ва муайяне ҳаракат мекунад. Дар оятҳои гуногуне аз Қуръони Карим омадааст, ки ҳарчи ки дар осмонҳо ва замин аст ба сӯӣ Худо дар ҳаракат ҳастанд ва ба сӯӣ Худо шиноваранд, ки натиҷаи чунин дидгоҳе низ илова бар исботи беҳуда набудани инсон, ӯро аз пучгарои наҷот дода ва дар зиндагияш тааҳуд эҷод мекунад ва бо эътиқод бар инки бо мурдан, аз байн намеравад шури зиндагӣ дар вай дамида мешавад.

Низоми аҳсан:

Аз дидгоҳи Ислом низоми феълии олами хилқат, беҳтари низом қобили тасавур мебошад. Чун бар асоси ин дидгоҳ ки Худованд ҳаким аст ва ҳакимбуданаш низ иқтизо мекунад, ки беҳтари ва комилтарин ҷаҳонро биофарад. Дар ояти 7 сураи Саҷда низ ба ҳамин матлаб ишора шудааст, ки “ҳамон касе, ки ҳар чизеро, ки офаридааст некӯ офаридааст” албатта шояд саволе пеш ояд, ки пас вуҷуди шарҳо дар олам чист? Чун беҳтарин оламҳо, оламе аст, ки ҳеҷ шарре дар он набошад, дар посух гуфта шудааст, ки агар бо нигоҳи воқеъбинонае ба ин шарҳои зоҳири биандозем хоҳем дид, ки шарри онҳо зотти нест балки эътиборе аст ва дар баробари ҳар як аз шарҳо, ҳикматҳое наҳуфта аст, ки вуҷуди оноро муваҷҷаҳ мекунад.

Ҳарфи охир:

Бо нигоҳи гузаро ва бе онки ҳар гуна пешдовари ба ҷаҳоншиносии исломӣ дармеёбем, ки ҷаҳоншиносӣ дар хизмати инсоншиносӣ ва худошиносӣ аст ва мехоҳад воқеияти олами ҳастӣро он тавре, ки ҳаст Исломи ба таври ҳақиқи ва воқеи бишиносонад. Ва чун ҳадафаш ҳидояти инсон ба воқеиёт мебошад дар ин роҳ, аз ҳар абзори саҳеҳе, ки лозим аст истифода шудааст ба унвони мисол мо вақте ба Қуръони Карим нигоҳ мекунем, ҳар чанд ки медонистем Қуръони Карим як китоби кайҳоншиносӣ ё заминшиносӣ ё зистшиносӣ ва... нест аммо иттилооти дарбораи инҳо метавонем аз Қуръони Карим бадаст оварем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст