Ҳар инсоне фитратан ба дунболи саодати худ аст. Мактабҳои мухталиф низ ҳаряк доия (орзу)-и ҳидояти инсон ба сӯи саодатро доранд. Ҳама мехоҳанд бидонанд аз куҷо омадаанд? Омаданашон барои чист? Ва охир ба куҷо мераванд?. Ҳама мепурсанд ҳадаф аз зиндагӣ чист?

Ҳадаф аз офариниш кудом аст? Оё тумори зиндагии инсон бо марг барои ҳамеша дарҳам печида мешавад? Саодати ҳақиқии инсон ба чист? Роҳи бадаст овардани саодат кудом аст?

Бидуни шак саволоти монанди ин, саволоти решаи, асоси ва муҳими башарият будаанд ва ҳастанд ва хоҳанд буд. Ҷовоби ҳаряк аз ин саволот метавонад сарнавишти олам ва одамро баҳам резад. Ба рости агар дар ҷомеае эътиқод ба мабдаъ ва маод ҳоким бошад он ҷомеа чӣ ранге хоҳад дошт? Ва агар ҳамон ҷомеа даст аз эътиқод бикашад ба чӣ рӯзе хоҳад уфтод? Ҳеч дар ин масъала андеша кардаед?! Таърихнависони фалсафа бар ин боваранд, ки поя ва асосӣ ин саволоти фалсафӣ ва ибтидоитарини онҳо савол аз решаи ҳастӣ ва оғози он буда аст, яъне савол аз иллати нахустин. Савол аз маод ва анҷоми кори олам низ ҳамеша зеҳни башарро ишғол карда аст. Албатта ин саволҳо ҳамеша ва дар зеҳни ҳамагон билфеъл нестанд аммо баҳарҳол ҳаргиз башарро раҳо накардаанд ва аз сӯи огоҳони ҷомеа матраҳ шуда ва нимаҳушёронро бахуд оварада ва оқибат, андешамандон ва мутафаккиронро барои ёфтани посух ба фикр маҷбур кардааст.[1]

[1] . Даромаде бар “Омузиши фалсафа” –и Муҳсин Ғаравиён.

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст