Охирин сафири Худои Мутаол Пайғамбари мо мусалмонон, ҳазрати Муҳаммад(с) мебошад. Худо бо омадани ӯ динашро комил ва неъматашро тамом намуд ва ваъдаи

ҳифзи китоби ӯро аз таҳрифу дигаргунӣ дод, ки Худо ин ваъдаро дар бораи ҳеҷ як аз китобҳои осмонӣ, ки пеш аз Қуръон омада буданд надодааст. Бинобар ин, дигар инсонҳо ба дини ҷадид эхтиёҷе нахоҳанд дошт ва он чиро, ки дар роҳи растагорӣ ба он ниёз доранд дар китоби Худо ва суханони охирин паёмбар хоҳан ёфт.

Далелҳои хотамият

Мо мусалмонон ба ду далел пайғамбарамонро охирин паёмбар медонем

1. Далели ақлӣ: Худованди Мутаол дини худро ба тадриҷ комил кард, чун инсонҳо заминаи пазириши дини комилро якбора надоштанд ва низ ба далели ин ки ба камоли лозим нарасида бауданд, наметавонистан аз дин музҳофизат кунанд ва зуд баъди паёмбаронашон, мунҳариф мешуданд ва дину китоби осмониеро, ки Худо барои онҳо мефиристод, таҳриф ва дигаргун мекарданд.

Худои Мутаол боз ҳам паёмбарони худро мефиристод, то бо тарбият кардани онҳо, ононро барои пазириши дини комил ва паёмбари комил, омода сохзад, то ин ки он замон фаро расид ва Худои Мутаол охирин паёмбари худро бо охирин китоби осмионӣ фиристод. Ва уммати паёмбари охир(с) ҳам, дар ҳифзи дини Худо кӯшиданд. Илова бар он, Худо ваъдаи ҳифзи китоби худ ва ба табаи он дини худро дода буд. Бинобар ин, дигар эҳтиёҷе ба фиристодани паёмбари ҷадид набуд.

2. Далели нақлӣ: Нусуси динии мо сароҳат дар ин дорад, ки паёмбари охир, ҳазаратми Муҳамад(с) аст ва дигар баъди ӯ паёбаре наохад омда. Қуръони Карим мефармояд: “Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо набуда ва нест, вале фиристодаи Худо ва хатмкунанда ва охирини паёбарон аст.” [1]

Расули Худо(с) борҳо ба Алӣ(а) фармуданд: “Манзилати ту нисбат ба ман, монанди манзилати Ҳорун(а) нисбат ба Мусо(а) аст, ҷуз ин ки баъди ман паёмбаре нахоҳад буд.[2]

Чунон ки мешоҳида кардем, Пайғамбар(с) ба Али(а) мефармояд: Ту мисли Ҳорун(а), ки ҷонишин ва вазири Мусо(а) буд, вазир ва ҷонишини манӣ, бо ин тафовут, ки Ҳорун(а) паёмбар ҳам буд, вале чун ман охирин паёмбарам, ту симати паёбариро надорӣ.

[1].Аҳзоб, ояти, 40.   ما كانَ مُحَمَّدٌ أَبا أَحَدٍ مِنْ رِجالِكُمْ وَ لكِنْ رَسُولَ اللَّهِ وَ خاتَمَ النَّبِيِّين

[2] Саҳеҳ Бухорӣ, боби ғазваи табук.   أَلاَ تَرْضَى أَنْ تَكُونَ مِنِّى بِمَنْزِلَةِ هَارُونَ مِنْ مُوسَى إِلاَّ أَنَّهُ لَيْسَ نَبِىٌّ بَعْدِى

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст