Шайтон, мавҷуди Худопараст буд ва ҳазорон сол Худоро ибодат карда буд, вақте аз даргоҳи Худованд ронда шуд, аз маъбуди ягона, фурсату муҳлат хост. Адолат ва суннати илоҳӣ, иҷоб мекард ки ба ӯ маҳлат диҳад, зеро муҳлат додан, яке аз суннатҳои Парвардигор аст ва борҳо дар оёти Қуръон омада, то ин ки башар ва Шайтон ҳам фурсати исён ва туғён дошта бошанд ва ҳам маҷоли тавба ва ҷуброн.

Иблис ҷузъи ҷинниён аст ё фариштагон?

Далолили равшане дорем, ки Шайтон аз тоифаи ҷинн буда аст не малоик ин далоиле ба сурати ихтисор дар се қисмат мешавад.

Оёти Қуръон

اذ قلنا للملائكة اسجدوا لآدم فسجدوا الا ابلیس كان من الجن ففسق عن امر ربه

“Ба ёд ор замонеро ки ба фариштагон гуфтем бар Одам саҷда кунед, онҳо ҳамаги саҷда карданд ҷуз Иблис ӯ аз ҷинн буд, сипас аз фармони Парвардигораш хориҷ шуд.”

Ин оят ба сароҳат мегуяд, Шайтон аз ҷинн буд.

Қуръон аз забони ҷиниҳо чунин нақл мекунад ба рости сафияи мо (Шайтон) дар бораи Худованд суханони нораво мегуфт.

Қуръон аз як сӯ мегуяд: Ҷиннро аз шуълаҳои мухталифи оташ офарид, خلق الجان من مارجٍ من نارва аз сӯи дигар ҳангоме, ки Иблис аз саҷда бар Одам сар печид мантиқаш ин буд  "خلقتنی من نار"  маро аз оташ офариди ва ӯро аз хоку ва оташ бартар  аз хок аст натиҷаи ҷамъи ду оят ин аст, ки Шайтон аз ҷинн аст.

Ҳадисҳо

Имом Ризо(а) фармуд: Фариштагон ҳамаги маъсуманд ва маҳфуз аз кайфар ва зиштиҳо ба лутфи Парвардигор, вори ҳадис мегуяд: Ба имом арз кардам магар Иблис фаришта набуд? Фармуд: Ӯ аз ҷинн буд оё сухани Худоро нашунидаед, ки мефармояд: الا ابلیس كان من الجن

Дар ҳадиси дигаре аз имом Содиқ(а) савол шуд, ки оё Иблис аз фариштагон буд фармуд не аз ҷинн буд вале ҳамроҳи фариштагон буд он чунон, ки онҳо фикр мекарданд ва аз ҷинси онон аст (ба хотири ибодат ва қурбаш нисбат ба Парвардигор) вале Худо медонист, ки аз онҳо нест ҳангоме, ки фармони саҷда содир шуд ончи медонем таҳаққуқ ёфт пардаҳо канор рафт ва моҳияти Иблис ошкор гардид.

Далелҳои ақли

Чунонки медонем малоика маъсуманд ва аз тарафи дигар ҷавҳари онҳо ақл аст ва не шаҳват бино бар ин кибр ва ғуруру худхоҳи ва ба таври кулли ангезаҳои гуноҳ дар онҳо вуҷуд надорад, вале Шайтон ҳам фисқ варзид ва ҳам нофармони Худоро анҷом дод ва ҳам такаббур варзид, лизо наметавонад аз малоика бошад.

Аз маҷмуъи ончи гуфта шуд ба хуби метавон натиҷаи гирифт, ки Иблис ҳаргиз фаришта набуда аст вале аз онҷо ки дар сафи онҳо қарор дошт ва он қадар парастиши Худо карда буд, ки ба мақоми фариштагони муқарраби Худо такя зада буд ва машмули хитоби онҳо дар масъалаи саҷда бар Одам шуда ва сарпечии ӯ ба сурати як истисно дар оёти Қуръон баён гардида аст ва дар хутбаи Қосия номи малак маҷозан бар ӯ ниҳода шуда аст. Чунон ки муфассирони бузург мефармоянд:

ان اللَّه اخبرنا ان ابلیس من الجن و انهم مخلوقون من النار

“Худованд хабар дода аст, ки Иблис аз ҷин аст ва аз оташ офарида шуд бар ин масъала эъроф доранд.”

Хулоса ҷавобҳо ин шуд ки:

Тибқи оёти Қуръони ва ҳадисҳо ва далели ақли Шайтон аз гуруҳи ҷин буда аст не малоика ва иллати инки аз баъзе оёт ва ҳадисҳо ба назар мерасад ки ҷузъи малоика буда аст ин аст, ки бар асари ибодати зиёд ҷузъи малоикаҳо қарор гирифта буд ва маҷозан бар ӯ малак гуфта шуда аст.

Агар Шайтон бад аст ва Худованд ҳам қудрат дорад ки ӯро аз байн барад, чаро аз байн намебарад?

Дар бораи ин савол бояд бигуем, ки дар Қуръони Карим, ба ҳар мавҷуде ки бо васваса ва найранг, инсонро аз роҳи Худо боз бидорад ва ба фасод ва инҳироф бикашонад, Шайтон гуфта мешавад. Аммо калимаи Иблис танҳо ба он мавҷуде ронда шуда аз раҳмати илоҳи иттилоқ мегардад. Агар манзури шумо бузургвор, аз вожаи Шайтон ҳамон, Иблис ронда шуда аз раҳмати илоҳӣ бошад, бояд арз кунам, ки Худованд, агар бихоҳад метавонад ӯро аз байн бибарад. Вале Парвардигори якто ба ӯ то рӯзу замони муайян муҳлат дода аст ин маҷол ва муҳлати додан ба чанд далел аст:

1.Шайтон, мавҷуди Худопараст буд ва ҳазорон сол Худоро ибодат карда буд, вақте аз даргоҳи Худованд ронда шуд, аз маъбуди ягона, фурсату муҳлат хост. Адолат ва суннати илоҳӣ, иҷоб мекард, ки ба ӯ муҳлат диҳад, зеро муҳлат додан, яке аз суннатҳои Парвардигор аст ва борҳо дар оёти Қуръон омада аст, то инки башар ва Шайтон ҳам фурсати исён ва туғён дошта бошанд ва ҳам маҷоли тавба ва ҷуброн.

2.Шайтон ва васвасаҳояш, заминаи тараққи ва такомули инсонро падид меоварад, зеро иғвогари Шайтон бо фитрати пок ва гароишҳои мутоли, тазод дорад ва тазоҳум ва даргири, заминасози такомули ихтиёри башар аст. Ба баёни равшантар: Инсон аз неъмати арзишманди озоди ва ихтиёр, бархурдор аст. Ихтиёр дар ҷое қобили тасавур аст, ки асбоби хайру шар вуҷуд дошта бошад ва инсон мудом, бар сари ду роҳи, дину дунё ва миёни ду даъват қарор бигирад. То бо ирода ва ихтиёри хеш, якеро интихоб кунад, лизо агар инсон бо майлу ихтиёри худ, донаи амали солеҳ дар киштзори дунё бифишонад ва боғчаи дилро аз алафи бехосияти найранг ва нифоқ ва риё, пок кунад ва қасду нияти хешро холис намояд. Шохаи вуҷудаш, пур аз шукуфаи камол ва хушбахти мешавад. Аммо агар дар сангари (акоп) таваккул ва имон ба Худо, паноҳ набарад ва аз гомҳои Шайтон парави кунад, дар доми Шайтон гирифтор мешавад ва дар каманди васвасаҳояш асир мегардад, чунин инсоне, фардое нахоҳад дошт ва ояндааш табоҳ мешавад.

3.Дунё, дори имтиҳон аст, тамоми ҷаҳон, саҳнаи озмоиш аст, то истеъдодҳо шукуфо шавад ва одамиён парвариш ёбанд, асосан савоб ва иқоб, подошт ва кайфари инсонҳо, мубтани бар имтиҳон аст. Агар Шайтон набошад, ки ӯро башар даъват ва ташвиқ кунад, имтиҳони вуҷуд нахоҳад дошт.

Мо агар ба оёти нуронии Қуръон диққат кунем, мебинем ки ҳар чанд Худованд ба Шайтон муҳлат дода, ки ба иғвогари ва найранг бипардозад. Вале инсонро ҳам дар баробари ӯ бедифоъ қарор надода чаро ки ба ӯ неруи ақлу хирад бахшида, фитрати Худоҷӯи ва ишқ ба такомулро дар даруни ҷонаш қарор дода ва ба аъмоли некаш даҳ баробар подошт ва барои лағзишҳояш, як кайфар муқаррар карда, паёмбаронро барои ҳидоят фиристода, афзун бар инҳо, фурсати талоии тавбаро дар ихтиёраш қарор дода то чеҳраи исёнро дар чашмасори тавба бишуяд ва шоистаги ворид шудан ба биҳиштро биёбад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст