Тибқи ривояти имом Содиқ(а) ҳазрати Расули Акрам(с), 120 бор ба меъроҷ рафтанд ва бар асоси ҳадисҳои мутавотир, уруҷи он ҳазрат бо ҷисм буда на фақат бо руҳ ва дар бедори ҳам буда на дар хоб. Оё азамат ва бузурги Худованд ва ҳамчунин ҷойгоҳи мулоқот бо Худо, бо макони меъроҷ ки бино бар иттилооте ки вуҷуд дорад ва гуфта мешавад дар осмони ҳафтум буда, робитае дорад? Аз тарафи дигар Байтул маъмур дар кадом табақа аз осмон қарор дорад ва барои чи манзуре аст?

Бо таваҷҷуҳ ба ишколоте ки матраҳ мешавад оё имкон дорад ҷисм вориди олами маъно ё вориди олами муҷаррадот бишавад? Ва усулан ҷойгоҳи меъроҷ куҷо буда ва дар меъроҷ, Паёмбар(с) ба куҷо рафта аст? Оё он олам, олами модди аст ки битавонем бо ин ҷисм вориди он бишавем?

Теъдоди меъроҷ

Дар мавриди теъдоди меъроҷ ки чанд бор иттифоқ афтода, ончи ки дар Қуръон мавриди ишора воқеъ шуда як ё ду бор аст:

Яке дар сураи Исро " سبحان الذی اسری بعبده لیلا من المسجد الحرام الی المسجد الاقصی الذی بارکنا حوله "، яке ҳам дар сураи Наҷм аст. Бар ҳасаби қавлҳои мухталифе ки дар ин замина вуҷуд дорад ё ҳар ду яке буда  ё инки ҳар кадом як меъроҷи ҷудогона буда аст.

Аммо инки гуфта мешавад 120 бор, меъроҷ як маънои омм дорад. Дар маънои оммаш ҳар чи ки боло биравад меъроҷ дошта аст ба унвони мисол:

" الصلاه معراج المومن " намоз меъроҷи муъмин аст. Яъне ҳар бор ки муъмин намоз мехонад ин як меъроҷ аст барои ӯ.

Пас ба ин маъно табии аст ки Паёмбар(с) ҳар лаҳза меъроҷ дошта ва дар ҳоли уруҷ буда аст ҳатто 120 бор ҳам бештар. Аммо он меъроҷи маъҳуд ки дар зеҳни мо ҳаст ва сураи Исро ба он ишора дорад, он меъроҷе ки дар бораи он баҳсҳои мушаххасе ҳаст, як бор ё ҳадди аксар ду бор гуфта шуда ва бештар аз ду бор нагуфтаанд.

Наздики ба зоти бори таоло агар ба маънои тақарруби илаллоҳ бошад аз ҳадафҳои меъроҷ буд ва Паёмбар(с) ба ҷое тақарруб пайдо кард ки ҳеҷ вуҷуди махлуқе наметавонад ба он ҷо бирасад.

Меъроҷ дар бедори

Инки меъроҷ дар бедори буда ё дар хоб, бо ҷисм буда ё бо рӯҳ? Ихтилофи фаровон аст. Ин ки баъзе гуфтаанд дар хоб буда воқеан қобили эътино нест зеро ҳамаи мардум хоб мебинанд ва ҳеҷ маъалае ҳам нест. Дар ин маврид ояте нозил шуд ва мушрикин бо он мухолифат карданд маълум аст ки масъала фаротар аз ин ҳарфҳо буда аст.

Аммо дар мавриди инки ҷисм буда ё бо рӯҳ? Ихтилоф ҳаст, марҳум Таботабои қавлеро интихоб карда ва тавзеҳ доданд ки кам ишкол аст ва он инки меъроҷ ду марҳила дошта аст:

Як марҳилаи замини ки аз Масҷидул Ҳаром то Масҷидул Ақсо буд ки сураи Исро ба он пардохта аст. Ин марҳила бо ҷисму руҳ ҳар ду буда яъне Паёмбар(с) бо ҷисм ва руҳ ин сафари заминиро тай карда то Масҷидул Ақсо. Марҳилаи дуввум аз масҷидул ақсо ба болотар то садратул мунтаҳо ки ишон муътақиданд он марҳила, марҳилаи рӯҳ буда.

Пас аз ҷамъ байни ҳамаи ривоятҳо метавон гуфт меъроҷ ҳам ҷисмони буда, ҳам руҳони мунтаҳо ба ин маъно ки гуфта шуд.

Албатта баъзе ҳам мегуянд хайр сафар аз аввал то интиҳо бо ҷисму рӯҳ буда ва гуфтаанд ки шумо ҳақ надоред ин дуро аз ҳам ҷудо бикунед. Дар воқеъ дар баробари қудрати Худованди Мутаол ин ҳарфҳо маъно надорад. Худованд агар бихоҳад бандаашро ба олами моваро бибарад, метавонад бибарад. Аммо инҷо ҷои баҳс дар ин мавзуъ нест то дуруст ва иштибоҳ будани ин ҳарфҳо маълум шавад.

Ҳосил ин шуд ки қавли алома Таботабои ки ба ишколот ҷавоб медиҳанд ҳамин аст ки ин сафар ду марҳила дошта аст.

Ҳадафи меъроҷ

Аммо инки оё азамат ва бузурги Худованд ва ҷойгоҳи мулоқот бо Худованд ҳадафи меъроҷ буда аст? Ҷавоб ин аст ки ончи ки аз худи оят ва ривоятҳо фаҳмида мешавад, гарчи мешавад то ҳадде инро ба онҳо баргардонд аммо ончи ки оят бо сароҳат мефармояд لنریه من آیاتنا " аст. Худованд пайғамбарашро бурд то оёташро ба ӯ нишон бидиҳад. Дар ривоятҳо омада аст ки Худованд Паёмбарро ба меъроҷ бурд то аҳли осмонҳо ва фариштаҳоро ташарруф бибахшад, таҷлиле аз фариштаҳо карда бошад ки бо мулоқот бо Паёмбар(с) шарофате пайдо бикунанд. Ин мушоҳидаи оёти илоҳӣ матни Қуръон аст ва дар ривоятҳо ҳам ҳаст ва ин навъ меъроҷ барои паёмбарони дигар ҳам буда аст.

Дар бораи ҳазрати Иброҳим(а) омада аст ки وکذلک نری ابراهیم ملکوت السموات و الارض لیکون من الموقنین"  ба Иброҳим(а) ҳам Худованд малакути осмонҳо ва заминро нишон дод бинобар ин ҳадафи меъроҷ ин буда аст.

Аммо инки фармуданд ҷойгоҳи мулоқот бо Худованд, агар ба маънои мафҳуми моддиаш дар зеҳн бошад ки маъно надорад. Худованд як ҷое дорад масалан дар осмонҳои боло ва Паёмбар(с) ҳам як сафари фазоиро оғоз кард ки бо Буроқ буд, сафинаи барқи фазои ва рафт пеши Худо, хайр ин маъноро надорад зеро Худованд макон надорад.

Аммо агар маънояш ин аст ки ҳадафи меъроҷ тақарруби илаллоҳ буд ин ҳарф, ҳарфи хубест. Дар ояти Қуръон ҳам ҳаст " دنی فتدلّی فکان قاب قوسین أو أدنی دنوا واقتراباً من العلی الأعلی"  ин наздики, наздики ба хоти бори таоло агар ба маънои тақарруби илаллоҳ бошад аз ҳадафҳои меъроҷ буд ва Паёмбар(с) ба ҷое тақарруб пайдо кард ки ҳеҷ вуҷуди махлуқе наметавонад ба он ҷо бирасад.

Дар ривоят омада аст ки ҳазрат ба ҷое расиданд ки дигар Ҷабраил ҳам аз ҳаракат боз истод ва фармуд  " لو دنوت أنمله لآحترقت агар як банди ангушт дигар бихоҳам болотар ва наздиктар биёям месузам ва тавон надорам. Бале ба ин маъно ҳадаф аз меъроҷ тақарруби илаллоҳ ва расидан ба он мақоми қурбо ки хосси инсони комил ки мисдоқи атам ва комилаш Паёмбар(с) ҳаст дуруст аст.

Ва аммо иртиботи макони меъроҷ яъне осмони ҳафтум бо маъалаи пай бурдан ба азамати Худованд ва инки оё осмони ҳафтум ба маънои ҳамон дараҷоти болои қурб аст ё инки оламе аст ки дар он олам ҳиҷобҳо нест ва осонии бештрае барои қурб фароҳам шуда аст, ҳар ду дуруст аст. Ҳарчи ки болотар биравед ҳиҷобҳо камтар мешавад ва ҳиҷобҳои зулмони ба ҳиҷобҳои нурони табдил мешавад. Ҳиҷобҳои нурони доим камтар мешавад.

Аммо инки моди аст ва ба маъное ки мо матраҳ мекунем, нест. Ҳамаи каҳкашонҳо ва ин осмон ва замине ки мо дар он зиндаги мекунем бо ҳамаи ситорагонаш ҳамаи инҳо як табақа ва як осмон ҳастанд و زینا السماء الدنیا بزینه الکواکب ҳамаи ин ситораҳо фақат осмони дунёро зинат кардаанд, табъан он осмонҳои мо варои олами дунёст ва ба маънои инки табақа табақа ҳастанд маъно надорад ва моварои ин ҳарфҳост.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст