Худованд дар Қуръон дар сураи Ҷумъа ояти 8 мефармояд:

“قُلْ إِنَّ الْمَوْتَ الَّذِي تَفِرُّونَ مِنْهُ فَإِنَّهُ مُلَاقِيكُمْ”

“Эй Расули мо! Бигу марге, ки аз он мегурезед саранҷом ба суроғатон омада шуморо мулоқот хоҳад кард.”

Аз дасти Азроил (а) наҷот диҳед!

Дар замони ҳазрати Сулаймон (а) марде, ки чеҳрааш зард шуда ва лабҳояш кабуд шуда буд, худро назди ҳазрати Сулаймон (а) расонду гуфт: Эй Паёмбари Худо ба ман паноҳ бидеҳ! Ҳазрати Сулаймон (а) пурсид чи шуда аст?

Ӯ гуфт: Азроил бо хашм ба ман нигоҳ кард, ман метарсам. Акнун аз шумо тақозои оҷизона дорам, ки ба бод фармон бидиҳед, то маро ба Ҳиндустон бибарад ва аз дасти Азроил раҳои ёбам. Ҳазрати Сулаймон (а) ба бод дастур дод ӯро ба Ҳиндустон бибарад.

Соати баъд Ҳазрати Сулаймон (а) Азроилро дид ва гуфт: Чаро ба он марди бенаво бо хашм нигоҳ кардӣ ва боис шуди аз ватани худ овора гардад?

Ҳазрати Азроил (а) гуфт: Худо фармуда буд, ки ман ҷони ӯро дар Ҳиндустон бигирам, вақте ӯро дар ин ҷо дидам дар фикр фуру рафтам, ҳайрон шудам, ки чигуна ҷони ӯро дар Ҳиндустон бигирам дар ҳоле, ки ӯ ин ҷост! Ӯ аз чеҳраи тааҷҷубангези ман тарсид. Ман бо ғазаб ба ӯ нигоҳ накардам.

Аз ин рӯ намешавад аз марг ва Ҳазрати Азроил (а) гурехт, балки марг чашиданист ва ҳама бояд ӯро дер ё зуд бичашанд, чӣ муъмин ва чи кофир.

“كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِۖ ثُمَّ إِلَيْنَا تُرْجَعُونَ   ”

“Ҳар инсоне маргро мечашад, сипас шуморо ба суи мо боз мегардонанд.” (сураиАнкабут, ояти 57)

Пас агар аз марг гурехта намешавад ва дасти мо нест як чиз дасти мост ва он чигуна мурдан аст.

Худованд дар Қуръон мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ

“Эй касоне, ки имон овардаед! Он гуна, ки ҳаққи тақво ва парҳезкорист аз Худо бипарҳезед! Ва аз дунё наравед магар ин, ки мусулмон бошед. (бояд имонро то поёни умр ҳифз кунед!)” (сураи Оли Имрон, ояти 102)

Дар ҷои дигар Ҳазрати Иброҳим (а) ва Ҳазрати Яъқуб (а) ба фарзандонаш ҳангоми марг насиҳат мекунад, ки намиред магар дар ҳоли мусулмон!!!

وَوَصَّىٰ بِهَا إِبْرَاهِيمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يَا بَنِيَّ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَىٰ لَكُمُ الدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ

Ва Иброҳиму Яъқуб (дар лаҳазоти охири умр) фарзандони худро ба ин оин васият карданд. (Ва ҳар дуяшон ба фарзандони худ гуфтанд:) “Фарзандони ман! Худованд ин оини покро барои шумо баргузида аст. Ҷуз бо оини Ислом аз дунё наравед!”

Хулоса ин, ки бояд мо бояд аз ин фурсатҳое, ки дар даст дорем камоли истифодаро кунем ва заминасози хуб мурданро омода кунем. Нашавад, ки инсонӣ баъди ин, ки бимирад орзӯи дубора баргаштанро кунад, ки дар он замон дигар дер шуда аст ва дигар фурсатҳо аз байн рафтааст.

Дар Қуръон Худованд инро ба тасвир кашида аст.

حَتَّىٰ إِذَا جَاءَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ رَبِّ ارْجِعُونِ (98)لَعَلِّي أَعْمَلُ صَالِحًا فِيمَا تَرَكْتُ كَلَّا ۚ إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَائِلُهَا ۖ وَمِن وَرَائِهِم بَرْزَخٌ إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ (99)

(Онҳо ҳамчунон ба роҳи хатои худ идома медиҳанд) то замоне, ки марги яке аз онон фаро расад, мегӯяд: “Парвардигори ман! Маро бозгардонед! Шояд дар ончи тарк кардам (ва кутоҳи кардам) амали солеҳе анҷом диҳам!” (Вале ба ӯ мегӯянд:) Чунин нест! Ин суханест, ки ӯ ба забон мегӯяд (ва агар бозгардад, кораш ҳамчун гузашта аст) Ва пушти сари онон барзахест, то рӯзе, ки барангехта шаванд! (сураи Муъминун, оёти 98-99)

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст