Гоҳе вақтҳо мумкин аст саволҳое ба фикри мо бирасад, ки ҷавобе барои он пайдо накунем. Посухҳое аз имом Муҳаммади Боқир (а)-ро мехонем, ки шояд баъзе аз саволҳои шумо бошад.

Худованд чӣ замоне будааст?

Имом Боқир(а) : Бигӯ чӣ замоне набудааст то бигӯям чӣ вақт ба вуҷуд омадааст? Поку муназзаҳ аст Худованде, ки то буда ва ҳаст якто ва самад аст, ки на зане гирифта ва на фарзанде дорад.

Манзур аз хашми Худо чист?

Имом Боқир(а) : Манзур азобу шиканҷа аст ва хашми танҳо махсуси махлуқот аст, ки бо кӯчактарин чиз ҳолаташон дигар мешавад.

Мардум дар рӯзи қиёмат –ба вақти ҳисоби аъмол- чӣ мехуранд ва чӣ менушанд?

Имом Боқир(а) : Дар саҳрои маҳшар чашмаҳое аст, ки мардум аз он мехуранд ва менушанд то вақте, ки ҳисобу баррасии аъмол ба саронҷом бирасад.

Чӣ замоне як сеюм ҷамъият дар рӯи замин мурданд?

Имом Боқир(а) : Хато кардӣ! мехостӣ савол кунӣ, ки чӣ вақт як чаҳоруми мардум мурданд? Он замоне, ки танҳо ҷамъият дар рӯи замон ҳазрати Одам, Ҳаво, Қобил ва Ҳобил буданд, ки Қобил бародари худашро кушт.

Қадом як аз Ҳобил ва Қобил баъд аз ҳазрати Одам падари тамоми мардум буд?

Имом Боқир(а) : Ҳеҷкадом, балки баъд аз ҳазрати Одам (а) Шайс падари одамиёни ҷаҳон буд.

Чаро ҳазрати Одам (а) "Одам" ногузорӣ шуд?

Имом Боқир(а) : Барои инки ӯ аз адим (пуст)-и зерини замин боло омад.

Чаро шайтон "Иблис" номгузорӣ шуд?

Имом Боқир(а) : Барои инки ӯ аз раҳмати Худованд ноумед шуд.

Он чист, ки фақат якбор парвоз кард ва дигар ҳеҷгоҳ ҳаракат накард?

Имом Боқир(а) : Он Тури Сино буд, ки Худованд якбор ба он бол бахшид, ки ба василаи он бар сари Банӣ Исроил соя андохт, ки дар он анвоъи азоб буд то инки Тавротро қабул карданд.

Кӣ буд он расуле, ки Худованд ӯро барои ҳидояти инсон фиристод ҳол онки ӯ на аз ҷинниён буд ва на инсон?

Имом Боқир(а) : Калоғе буд, барои таълими Қобил омад то ӯро ҳидоят карда ва ба ӯ бифаҳмонад, ки чигуна ҷасади бародараш Ҳобилро дафн кунад.

Кӣ буд онкасе ки қавму табори худро роҳнамоӣ кард аммо аз гурӯҳи ҷинну инс набуд?

Имом Боқир(а) : Мурчае буд, ки дар муқобили сипоҳи бузурги ҳазрати Сулаймон (а) ба ҳамнавъони худ гуфт: Даруни лонаҳоятон биравед то сипоҳи Сулаймон шуморо лагадмол накунад.

Он чӣ ҳайвоне буд, ки ба дуруғ мавриди туҳмат қарор гирифт?

Имом Боқир(а) : Гург буд, ки бародарони ҳазрати Юсуф (а) онро муттаҳам ба қатли бародари худ карданд.

Он чист, ки каму зиёд мешавад ва он чист, ки зиёд мешавад вале кам намешавад ва он чист, ки кам мешавад аммо зиёд намешавад?

Имом Боқир(а) : Ончиз каму зиёд мешавад моҳ аст ва онки зиёд мешавад вале кам намегардад оби дарё аст ва аммо онки кам мешавад вале зиёд намешавад умри инсон аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст