Б.Қурбон:

Расули Худо (с): Бало бар золим барои таъдиб ва бар муъмин барои имтиҳон ва бар паёмбарон дарҷа ва бар авлиё каромат аст.[1]

Баъд аз баҳсу гуфтугӯ дар бораи ҳикмат ва адли илоҳӣ бояд дар мавриди шурур (бадиҳо) ва болоҳое, ки дар олам ҳаст баҳсу гуфтугӯ дошата бошем. Дар хусуси ҳикмат ва адли Худо суоле матраҳ аст ва он инки агар Худованд ҳаким ва одил аст, пас чаро дар олам шурур ва бадиҳо ва бе назмиҳо вуҷуд дорад? Чаро дар олам табъизҳо ва балоҳо вуҷуд дорад? Чаро яке кур аст ва дигарӣ бино? Чаро яке фақир аст ва дигарӣ сарватманд? Чаро баъзе вақтҳо тифли бегуноҳе ноқис ба дунё меояд ва чаро ва чаро?

Бештар касоне, ки дар бораи бадиҳои мавҷуд дар ҷаҳон ишкол мегиранд, фикр намекунанд, ки агар ин ҷаҳон холи аз ба зоҳир бадиҳо бошад ба чӣ сурате хоҳад буд. Онҳо фақат бо нигоҳи сода ва кудакона мегуянд кош ҷаҳон пур аз лаззат ва комёбӣ буд ва кош ҳар касе ба орзӯҳои худ мерасид ва ҳеч ранҷу нокомёбӣ вуҷуд надошт. Чунон ки шоир мегуяд:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон

Бардоштамӣ ман ин фалакро зи миён

Аз нав фалаке чунон ҳаме сохтамӣ

Козода ба коми дил расидӣ осон

Акнун бубинем сохтани ҷаҳоне беҳтар аз ҷаҳони ҳозир, ки шоир орзӯи онро дошта аст чигуна мумкин аст. Вақте мехоҳем ҷаҳоне бино ниҳем, ҳатман бояд аз андешаҳои кудаконае, ки лоиқи зиндагии як инсони одист даст бардорем ва ба тарҳи густарда ва бузург биандешем, ки қатъан кори осоне нахоҳад буд.

Дар ҳар ҳол беҳтар ин аст, ки дар оғоз ҷаҳони кунуниро баррасӣ кунем ва онро неку бишносем. Шояд баъди баррасии мунсифона, ҳамин ҷаҳони кунуниро биписандем ва онро беҳтарин ҷаҳони мумкин бидонем.

Барои дуруст фаҳмидани ин масъала бояд фалсафа ва ҳикмати шурур ва бадиҳо дар олам ва низ фалсафаи балоҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем ва бубинем, ки чӣ ҷойгоҳе дар олам доранд ва арзиши онҳо чист? Ва оё бадиҳоро метавон аз низоми кулли ҷаҳон нобуд сохт? Ва оё мусибатҳо ва балоҳо фақат зиёнманданд ё фоидаҳо ва осори хуб ҳам доранд ва балки осори нохуби онҳо дар баробари осори хубашон ҳеч ва ночиз аст.

Нисбӣ будани бадиҳо

Сифатҳое, ки дар мавҷудот вуҷуд доранд, ё ҳақиқианд ва ё нисбӣ. Сифати ҳақиқӣ он аст, ки дар ҳар ҳол ва бо дар назар надоштани ҳар чизи дигаре вуҷуд дошта бошад ва дар тасаввури он сифат худи вуҷуди он мавҷуд кифоят мекунад. Аммо сифати нисбӣ он аст, ки дар тасаввури он фақат худи вуҷуди он мавҷуд кифоят намекунад, балки вуҷуди чизи дигаре ғайр аз он низ лозим аст.

Акнун бояд бубинем оё бадии бадҳо як сифати ҳақиқист ё нисбӣ? Яъне масалан заҳри мор ки василаи дифоӣ барои мор аст дар ҳама ҳол бо дар назар надоштани мавҷудоти дигар бад аст ё бадии он нисбист? Бе шак бадии заҳри мор нисбист зеро заҳри мор барои худи мор бад нест, балки бисёр ҳам хуб аст чун василаи дифои ин мавҷуди бе дасту по мебошад вале барои инсон ва дигар мавҷудҳое, ки аз он осеб мебинанд бад аст. Гург барои гусфанд бад аст вале барои худаш ва барои гиёҳон бад нест, ҳамчунон ки гусфанд ҳам нисбат ба гиёҳе, ки онро мехурад ва нобуд мекунад бад аст вале нисбат ба худаш ё инсон ё гург бад нест. Оби дарё ва рудхонаҳо мояи ҳаёти инсонҳо ва мавҷудоти дигар аст ва ҳамин об агар туғён кунад ва ба сел табдил шавад зиндагии мавҷудотро табоҳ хоҳад кард пас об ба худии худ хуб аст ва нисбат ба ин ки зиндагии мавҷудотро аз байдн бурда бад аст. Нефте, ки дар аъмоқи замин вуҷуд дорад хуб аст вале вақте дар зери замин тарадуд мекунад ночор заминларза ба вуҷуд меояд ва ин бад аст. Бино бар ин бадиҳо нисбӣ ҳастанд.

Мавлаӣ мегуяд:

Заҳри мор он морро бошад ҳаёт

Лек он мар одамиро шуд мамот

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон

Бад ба нисбат бошад инро ҳам бидон

Ҳол ин савол ба вуҷуд меояд, ки Худои Мутаол, ки қодири мутлақ аст намешуд ин бадиҳоро дар мавҷудот қарор надиҳад? Ҷавоби ин пурсишро дар баҳси оянда бояд ҷуё шавем.

Ҷудо нопазирии бадиҳо аз хубиҳо

Аз ончи дар баҳси нисбӣ будани бадиҳо гуфта шуд, то ҳадде равшан гашт, ки бадиҳо ғайри қобили ҷудо шудан аз хубиҳо ҳастанд. Барои беҳтар равшан шудани ин масъала бояд ба як нуктаи дигар низ ишора кунем ва он ин ки баъзе дигар аз бадиҳо ҳастанд, ки адамӣ ва аз ҷинси нестӣ мебошанд монанди кур будан, ки набуди биноист ва кар будан, ки набуди шунавоист ва фақирӣ, ки надоштан ва нодонӣ, ки набуди илм мебошад.

Ин набудҳо монанди нодонӣ, нотавонӣ ва фақр, ки дар олам вуҷуд дорад, то онҷо, ки ба офриниши олам иртибот дорад ба хотири қобилият надоштани зарфиятҳо ва нуқсони имконот аст; яъне дар низоми ҳастӣ барои ҳар мавҷуде ҳар дараҷа аз нақс ва камбуд ҳаст ба хотири нуқсони қобилияти он мавҷуд аст на ба хотири ин ки Худо он камолро аз ӯ дареғ карда бошад, то зулм ё табъиз дониста шавад. Он чи аз ин набудҳо ки ба набуди қобилияти зарфиятҳо ва нуқсони имконот бастагӣ надорад ҳамонҳоест, ки дар ихтиёри инсон қарор дорад ва инсон чун дорои ихтиёр ва озодӣ ва масъули пешрафти худ ва ҷомеа ҳаст бояд онҳоро ба даст оварад ва ҷои холии онҳоро пур кунад. Масалан нодониро бо талошу кушиш дар роҳи илм омӯзӣ табдил ба илм ва доноӣ кунад.

Аммо бадиҳое, ки нисбӣ ҳастанд бад будани онҳо чун нисбӣ ва изофӣ аст ва аз лозимаҳои ҷудо нопазири вуҷуди ҳақиқии онҳост, аз ҷиҳати хуб буданашон ҷудо нопазир аст. Масалан агар ҳайвоне гург бошад бояд гусфандро бидарад ва агар ҳайвони дигаре гусфанд бошад бояд гулу гиёҳро бихурад ва нобуд кунад ва дар ғайри ин сурат гург гург ва гусфанд гусфанд нест. Гар чи будани гургу гусфанд ва ҳамчунин гулу гиёҳ дар олам ҳар кадом дар ҷои худ хубу зебост ва агар инсон ҳамаи аҷзои оламро бо ҳам нигох кунад ба рохатӣ метавонад ба хубӣ ва зебогии олам пай бибарад.

Агар аз мо бипурсанд, ки оё хатти рост хуб аст ё хатти каҷ? Мумкин аст бигуем хатти рост беҳтар аз хатти каҷ аст. Вале агар ҳамон хат ҷузъе аз як маҷмуа бошад дар ин вақт бояд ҳамаи он маҷмуаро дар назар бигирем. Дар як маҷмуа на хатти рост ба танҳоӣ хуб аст ва на хатти каҷ, балки ҳама бо ҳам лозим аст. Чунон ки дар рӯи одамизод хуб аст абрӯ каҷ бошад ва бини кашида ва рост, хуб аст дандонҳо сафед бошад ва мардумаки чашм сиёҳ ё кабуд ва ҳама дар ҷои худ зебост.

Зиштӣ намоёнгари зебоист

Зиштиҳо на танҳо аз ин назар бояд бошанд, ки ҷузъе аз маҷмуаи ҷаҳонанд балки аз нари намоён кардан ва ҷилва додани зебоиҳо низ будани онҳо лозим аст. Агар мобайни зиштӣ ва зебоӣ муқоиса ва муқобила барқарор намешуд, на зебо, зебо буд ва на зишт, зишт буд; яъне агар дар ҷаҳон зиштӣ набуд зебоӣ ҳам набуд, агар ҳамаи мардум зебо буданд ҳеч кас зебо набуд, ҳамчунон ки агар ҳамаи мардум зишт буданд ҳеч кас зишт набуд. Агар ҳамаи мардум қаҳрамон буданд дигар хечкас қаҳрамон набуд.

Дар ҳақиқат ишқи мардум ба зебоиҳо замоне пайдо мешавад, ки зиштиҳо вуҷуд дошта бошад. Вақте инсон қадри саломатиро медонад, ки дард кашида бошад. Ин ки мардум ба тарафи зебоиҳо кашида мешаванд ба хотири ин аст, ки зиштиҳоро мебинанд ва аз онҳо мегурезанд.

Ин як фикри кудакона аст, ки бархе мегуянд агар дар дунё ҳама чиз яксон буд ҷаҳон беҳтар буд. Гумон мекунанд муқтазои адл ва ҳикмат ин аст, ки ҳама баробар бошанд ва ҳол онки дар ин сурат дигар ҳамаи хубиҳо ва зебоиҳо ва талошу кушишҳо нобуд мешуд. Агар куҳу дарра ҳамвор буданд дигар на куҳе вуҷуд дошт ва на даррае. Агар нишеб набуд кутале ҳам набуд. Агар Язид намебуд имом Ҳусайн бо он ҳама озодагӣ вуҷуд намедошт.

Албата худои ҳаким ҳеч чизро бе ҳикмат зишт ё зебо накарда аст балки ҳар мавҷудеро ба андозаи пазириш ва қобилияташ зебоӣ ва ё зиштӣ додааст. Махсусан инсон, ки мухтор офарида шуда ва метавонан бо ихтиёри худ корҳои хуб ё бад анҷом дода ва ба зебоӣ ва ё зиштӣ ноил гардад.

[1]. Ҷоме-ул-ахбор, саҳ. 310.

Идома дорад ...

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст