Ба номи Худо

Ҳазрати Алӣ(к) ҳашт масъаларо ба унвони хиёнати қалб ва монеи истиҷобати дуо, унвон ва роҳҳои кушоиши дарҳои истиҷобатро баён карда аст.

Худованд дар ояи 60 сураи Ғофир фармуда аст:

ادْعُونِی أَسْتَجِبْ لَکُمْ

“Маро бихонед, то шуморо иҷобат кунам.”

Шахсе аз ҳазрати Алӣ(к) бо ишора ба ин оя пурсид: Чӣ шуда аст, ки мо Худоро мехонем, вале ҷавоб дода намешавад?!

Ҳазрат фармуданд: Ҳамоно қалбҳои шумо ҳашт хиёнат кардааст.

Нахуст ин ки шумо Худоро шинохтед, вале ҳаққашро, он гуна ки воҷиб карда аст, адо накардед. Аз ин рӯ ин шинохт барои шумо фоидае надошт.

Дуввум ин ки шумо ба фиристодаи Худо имон овардед, вале ба равиш ва сираи вай амал накардед ва шариати вайро аз байн бурдед. Пас фоидаи имони шумо чист?!

Сеюм ин ки шумо Қуръонро хондед, вале ба дастурҳои он амал накардед. Гуфтед: Ба чашм. Итоат мекунем, вале мухолифат кардед.

Чорум ин ки гуфтед: Аз оташи ҷаҳаннам метарсед, вале ҳар лаҳза бо анҷоми гуноҳон ба он наздик шудед. Пас тарси шумо куҷост?!

Панҷум ин ки гуфтед: Муштоқи биҳишт ҳастед ва ҳол он ки ҳар лаҳза коре мекунед, ки шуморо аз он дур месозад.Пас иштиёқи шумо куҷост?

Шашум ин ки аз неъматҳои илоҳӣ баҳраманд мешавед, вале шукри онҳоро ба ҷой намеоваред.

Ҳафтум ин ки Худованд ба шумо фармон дод бо Шайтон душманӣ кунед ва фармуд: “Ҳамоно Шайтон душмани шумост пас ӯро душмани худ бидонед.” Вале шумо ба ҷои мухолифат бо ӯ, дӯстӣ кардед.

Ҳаштум ин ки танҳо айбҳои мардумро мебинед ва аз айбҳои худ ғофил ҳастед. Дар ҳоле ки худатон ба сарзаниш кардан сазовортаред, дигаронро маломат мекунед.

Бо ин авсоф кадом дуои шумо мустаҷоб шавад?!

Шумо дарҳо ва роҳҳои дуоро ба рӯи худ бастаед.

Аз Худо парво дошта бошед ва корҳоятонро дуруст кунед ва ботини хешро холис созед ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кунед, то Худованд дуои шуморо мустаҷоб кунад.

Таҳияи Шаҳриёр

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст