Ҳамоиши байналмилалии Адён дар Қазоқистон

Бар асоси гузориши сомонаи қуръонии ИКНО; қарор аст моҳи майи соли ҷорӣ ҳамоише бо уновни Адён дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардад.

Имонали Тошмуҳаммад, шаҳрдори шаҳри Остона дар дидор ва мулоқоте бо Равил Айнуддин, муфтӣ ва раиси Идораи марказии расидаги ба корҳои мусалмонони Русия дар шаҳри Маскав, бо баёни ин мавзӯъ вайро барои ҳузур дар ин ҳамоиш даъват кардааст.

Дар ин мулоқот шаҳрдори Остона ба намояндагӣ аз ҷониби давлати Қазоқистон бо тақдими даъватномаи чаҳорумин кунгураи Адёни ҷаҳонӣ ва суннатӣ ба муфтии Русия, вайро барои ҳузур дар ин ҳамоиши байналмилалӣ даъват кард.

Ҳамчунин раиси Идораи марказии расидаги ба корҳои мусалмонони Русия бо қадрдонӣ аз даъвати давлати Қазоқистон аз вай, таъкид карда аст, ки мусалмонони Русия аз нақши Қазоқистон дар заминаи барқарории сулҳу оромиш ва тафоҳуму гуфтугӯ байни адён бисёр қардонӣ мекунад.

Ҳамчунин гуфта шудааст шаҳдори Остона дар ин дидор медоли ифтихории 20-уми солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муфтии Русия тақдим кард.

Ин ҳамоиш рӯзҳои 30 – 31 моҳи майи 2012 дар Остонаи Қазоқистон баргузор мегардад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст