Ҳамонгуна ки китоб ва муаллим ҳар ду лозиманд Қуръон ва имом низ ҳар ду лозиманд.
Дар Саҳеҳ Муслим Паёмбари Аъзам (с) фармуд:
36 – (2408)... و انا تارک فیکم ثقلین: اولهما کتاب الله فیه الهدی و النور فخذوا بکتاب الله و استمسکوا به فحث علی کتاب الله و رغب فیه ثم قال: و اهل بیتی اذکرکم الله فی اهل بیتی اذکرکم الله فی اهل بیتی اذکرکم الله فی اهل بیتی ... (4-باب من فضائل علی بن ابی طالب رضی الله عنه ص 1055)
Ва ман дар миёни шумо ду чизи гаронбаҳо мегузорам: Аввали он ду китоби Худост, ки дар он ҳидоят ва нур аст. Пас китоби Худоро ҷиддӣ бигиред ва ба он чанг занед. Пас бар китоби худо таҳрик ва ташвиқ кард. Сипас гуфт: Ва (дувумии он) Аҳли байти ман аст. Ман ба ҳаққи Худо шуморо дар бораи (риояти ҳақ ва мақоми) Аҳли байтам ёдовар мешавам. Ман ба ҳаққи Худо шуморо дар бораи (риояти ҳақ ва мақоми) Аҳли байтам ёдовар мешавам. Ман ба ҳаққи Худо шуморо дар бораи (риояти ҳақ ва мақоми) Аҳли байтам ёдовар мешавам.
Дар Сунани Тирмизӣ мехонем:
(31-105) مناقب اهل بیت النبی صلی الله علیه و سلم ص 1078-1079
3813 – عن زید ارقم قال قال رسول الله ص إنی تارک فیکم ما ان تمسکتم به لن تضلوا بعدی احدهما اعظم من الآخر کتاب الله حبل ممدود من السماء الی الارض و عترتی اهل بیتی و لن یفترقا حتی یردا علی الحوض فانظروا کیف تخلفونی فیهما
Зайд ибни Арқам мегӯяд: Расули Худо (с) фармуд: Дар ҳақиқат ман дар миёни шумо чизеро гузоштам, ки агар ба он чанг занед ҳаргиз баъд аз ман гумроҳ намешавед (ва) яке аз он ду бузургтар аз дигараш ҳаст (ва он) китоби Худо (Қуръони Карим), ки ресмони дарозшуда аз осмон ба замин аст ва (дувумӣ) Итрати ман –Аҳли байти ман. Ва ин ду то ин ки дар ҳавзи (Кавсар) бар ман ворид шаванд ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд. Пас нигоҳ ва диққат кунед, ки шумо дар мавриди ин ду чигуна маро ҷонишинӣ (ва амал) мекунед!
Сунани Тирмизӣ, боби маноқиби Аҳли байти Набӣ (с), ҳадиси 3813, саҳ. 1079
Аҳли байти Паёмбари Аъзам (с) чӣ касоне ҳастанд?
Дар Саҳеҳ Муслим мехонем:
9- باب فضائل اهل بیت النبی صلی الله علیه و سلم، ص 1061
61 – (2424) عن صفیة بنت شیبة قالت قالت عائشة: خرج النبی ص غداة و علیه مرط مرحل من شعر اسود فجاء الحسن بن علی فادخله ثم جاء الحسین فدخل معه ثم جائت فاطمة فادخلها ثم جاء علی فادخله ثم قال (انما یرید الله لیذهب عنکم الرجس اهل البیت و یطهرکم تطهیرا) الاحزاب/33
Саҳаргоҳе Паёмбар (с) дар ҳоле ки ҷомаи сиёҳранге пӯшида буд берун баромад. Пас Ҳасан ибни Алӣ наздаш омад. Паёмбар ӯро зери ҷома даровард. Сипас Ҳусейн ибни Алӣ омад. Пас Паёмбар ӯро низ бо Ҳасан (бародараш) зери ҷома даровард. Сипас Фотима омад ва Паёмбар ӯро низ зери ҷома даровард. Сипас Алӣ омад ва Паёмбар ӯро зери ҷома даровард. Сипас ояти 33 сураи Аҳзобро хонд: "Ҳамоно Худо мехоҳад, ки ҳар гуна палидиро аз шумо -Аҳли байт- бибарад ва шуморо поки пок кунад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст