چاپ
Худованд худ одил аст ва моро низ ба адолат ва некӯкорӣ фармон додааст:
إِنَّ اللَّهَ یَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَ الْإِحْسان Дар ҳақиқат Худо ба адолат ва некукорӣ фармон медиҳад. Сураи Наҳл, ояти 90.
Ҳамонгуна ки агар падару модар миёни фарзандон ба адолат рафтор накунанд, фарзандон нороҳат мешаванд, агар мо низ ба адолат рафтор накунем, Худованд ва мардум аз мо норозӣ мешаванд.
Мо бояд ҳаққи ҳар касро риоят ва адо кунем. Агар навҷавоне дар масҷиде нишаста бошад ва ӯро аз ҷояш баланд кунанд, ҳар кас ҷои ӯ намоз бихонад, намозаш дуруст нест, чун дар ҳаққи ин навҷавон зулм карда ва ҷое, ки истода ҳаққи ӯ будааст.
Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) обе нӯшид. Навҷавоне дар канораш нишаста буд. Аз ҳазрат хост, ки боқимондаи обро барои табаррук ва шифо ба ӯ бидиҳад. Баъд аз ин дархост афроди бузургсоле, ки дар канори Паёмбар буданд низ чунин дархост карданд. Ҳазрат фармуд: Чун навҷавон пеш аз шумо дархост карда, бояд навбати ӯ риоят шавад ва обро аввал ба навҷавон дод. Ҳифзи навбат ҳамон адолат аст.
Ҳазрати Алӣ (а) модареро дид, ки ду кӯдак дорад ва се хурмо бештар надорад. Ба ҳар кӯдаке як адад хурмо дод ва хурмои севумро бо диққат нисф кард, то миёни кӯдакон ба адолат рафтор кунад. Ҳазрат аз ин модар ба хотири ин адолат ситоиш кард.
Истифодаи бе иҷозат аз моли дигарон зулм дар ҳаққи онҳост.
Рехтани обрӯи мардум зулм ба онон аст.
Номи бад ба дигарон додан ва ё номи афродро сабук бурдан, задан ва ҳатто тарсондан, зулм аст.
Истифода аз моли давлат беш аз ончи қонун муайян карда, зулм ба ҷомеа аст.
Зулм ба мардум гуноҳи нобахшуданӣ аст. Ҳатто агар навҷавоне меваи дарахтеро бе иҷозат ва ба ноҳақ хӯрад, бояд соҳибашро розӣ кунад ва наметавонд бигӯяд, ки чун болиғ нестам, вазифа надорам.
Намозу рӯза бар касе, ки ба таклиф нарасида воҷиб нест, вале эҳтироми молу ҷон ва обрӯи мардум, ҳатто бар навҷавонон лозим аст.
Риояти адолат дар ҷомеа аз хона шурӯъ мешавад ва барои ҳифзи адолат дар ҷомеа бояд ҳуқуқи якдигарро дар хона, мадраса, хиёбон ва мошин риоят ва адо кунем. Дар чизҳое, ки махсуси аъзои хонавода аст, бе иҷозат онҳо тасарруф накунем.
Ислом ба хотири риояти ҳуқуқ, на ба фарзанд иҷозат медиҳад музоҳимт истироҳати падар ва модар шавад ва на ба онон иҷозат медиҳад ҳатто бар сари фарзанд дод бизананд.
Ноболиғ будан баҳонае барои нодида гирифтан ва шикастани ҳаққи дигарон нест.
Аз инҷо маълум мешавад, ки кӯдакон ва навҷавонон бояд қабл аз балоғат бо ахлоқи исломӣ ошно бошанд.
زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1304