چاپ

Калимаи Рамазон аз решаи «рамз» (رمض‎) гирифта шуда, ба маънои тафсондан ва ё тафсидан ва гудохта шудан дар зери ҳарорат ва гармии офтоб мебошад (Муфрадот, саҳ. 366, зайли моддаи рамз) Албатта, робитаи дақиқе дар миёни моҳияти истилоҳии моҳи Рамазон ва маънои луғавии он ба чашм мехӯрад.
Ин моҳ ҷисми инсонро дар кураи фаризаи илоҳӣ ва коргоҳи рӯза амалан мегудозад ва ҷавҳари шахсият ва одамияти ӯро аз тамоми олудагиҳо пок месозад.
Рӯзаи ҳақиқӣ ки бо алангаҳои гуруснагиву ташнагӣ ҳаст нафси инсонро аз тафтаҳои нафсонӣ пок мегардонад. Аз ин рӯ Худованд ду сӯзиш ва ду ҳароратро бо ҳам ҷамъ намесозад: сӯзиши гуруснагиву ташнагӣ дар моҳи Рамазон ва сӯзиш дар оташи дӯзах.
Вақте вуҷуди рӯзадор дар коргоҳи моҳи Рамазон гудохта мешавад ва аз тамоми палидиҳо пок мегардад, дигар ҳоҷате ба гудохтани дубораи ӯ дар оташи дӯзах боқӣ намемонад. Оташи дӯзах одамонеро месӯзад ва дар худ мегудозад, ки дар дунё худро бо барномаҳои инсонсози оини Ислом пок насохта бошанд ва худро бо гуноҳу нофармонӣ олуда кардаанд. Паёмбари Аъзам (с) мефармояд: Рӯза сипаре дар баробари оташи дӯзах аст (ва рӯзадорро ҳифз мекунад).
زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1214