Ҳазрати Абӯзари Ғифорӣ (рз) мегӯяд: Маҳбубам Паёмбари Худо (с) маро ба ҳафт чиз супориш кард:
1. маро ба муҳаббати фақирон ва наздик шудан ба онҳо супориш кард
2. амр кард, ки (дар масъалаи дунё) ба поинтар аз худам нигоҳ кунам на болотар
3. фармуд, ки бо хешовандонам рафтуомад кун агарчӣ онҳо аз ман бурида бошанд
4. дастур дод, ки аз ҳеҷ кас чизе дархост накунам
5. фармон дод, ки ҳақиқатро бигӯям ҳарчанд талх бошад
6. амр кард, ки дар роҳи Худо аз маломати сарзанишкунандагон натарсам
7. супориш кард, ки "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ " бисёр бигӯям чун аз ганҷинаҳои биҳишт аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст