چاپ

Илми фирақ ва мазоҳиб яке аз донишҳои дерин ва дерпои Ислом аст, ки аз ҳамон асрҳои нахустини исломӣ по гирифтааст ва ҳамчунон мавриди таваҷҷӯҳи донишмандони мусулмон аст.
Яке аз авомили пӯёӣ ва пояндагии ин илм, пайванди наздики он бо ҳаёти динӣ ва фарҳангии ҷомеаи исломӣ аст. Ҳарчанд осори барҷо монда нишон медиҳад, ки ҳамеша навъе таассуб ва рӯҳияи зиддият бар ин илм соя андохта довариҳои нодуруст гоҳе чеҳраи комилан ғайри воқеӣ аз ҷараёнҳои фикрии мухолиф ба намоиш гузошта аст, бо ин ҳол ҳеҷ таърихнигор ва муҳаққиқи таърихи тафаккури исломӣ аз ин илм бениёз нест.
Баррасии назария ва ақоиди фирқаҳои гуногун аз як нигоҳи дигар низ аҳамият дорад. Чунонки медонем, дар баҳсҳои фикрӣ ва эътиқодӣ аз хирадварзӣ ва нақду таҳлили назарияҳо гурезе нест. Табиӣ аст, ки ҳар нақду назари олимона пешопеш ниёзманди шинохти дурусти назарияҳо ва муқоисаи дақиқи миёни онҳо аст.
Илми фирақ ва мазоҳиб агар ба дурустӣ омухта шавад метавонад моро дар шинохти дидгоҳҳои мухталифи эътиқодӣ, биниш ва басират бахшад, аммо аз ҳама муҳимтар ин, ки илми мазоҳиб ҳатто дар фаҳми бахшҳое аз матнҳои динӣ моро ёрӣ мерасонад. Гоҳ ибҳомҳои мавҷуд дар ривоятҳои исломиро аз байн мебарад ва гоҳ мафоҳимро равшантар мекунад.
Дар ривоятҳои исломӣ борҳо аз фирқаҳои мухталиф ном бурда ё ақидаи онҳо нақл ва нақд шудааст. Пешвоёни уммат дар баёни маорифи ҳақ маъмулан нозир ба назарияҳои мухолифон будаанд ва марзи ҳақиқатҳои динӣ аз ақоиди башариро ҷудо кардаанд махсусан замоне ки ҷомеаи исломӣ пур аз назарияҳо ва ақоиди бегона буд ва фирқаҳои гуногун дар тафсири мафоҳими қуръонӣ ҳар як ба роҳе мерафтанд. Дар чунин вазъияте ночор барои равшан шудани ҳақиқат бояд назарияи нодурустро бозгӯ кард. Пас шинохти фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ лозим аст.

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1624