Раҳо кардем Холиқро   
Гирифторони адёнем...
Таассуб чист дар мазҳаб?!   
Магар на ин ки инсонем!...
Агар рӯҳи Худо дар мост...   
Худо гар муфраду танҳост...
Ситеза пас барои чист?!    
Барои худпарастиҳост...
Ман аз ақраб наметарсам...   
Вале аз неш метарсам!...
Аз он гурге, ки мепушад    
Либоси меш метарсам!
Ҳаросам ҷанг байни шуълаву кибриту ҳезум нест...
Ман аз сӯзондани андеша дар оташ метарсам...
Симини Беҳбаҳонӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст