Ба худ, ки нигоҳ ме‏кунам, ме‏бинам худам худамро насохтаам. Пас созанда дорам.
 Созандаи ман бояд доно ва тавоно бошад, маро дӯст дошта бошад, тамоми ниёзҳои маро бидонад ва битавонад онҳоро бартараф намояд.
 Ӯ офаридагори меҳрубони ман Худо аст.
 Ҳар навзоде, ки ба дунё меояд, аввалин чизе, ки ниёз дорад, ғизост. Аммо касеро наме‏шиносад ва тавоноии анҷоми ҳеҷ кореро надорад!
 Агар тамоми мутахассисон ҷамъ шаванд ва бихоҳанд роҳе барои тағзияи ӯ маълум кунанд, чӣ тарҳе доранд? Ғизо чӣ бошад? Чӣ маводеро дошта бошад ва дар чӣ дараҷаи ҳарорат нигаҳдорӣ шавад? Тавассути чӣ касе таҳия шавад ва чигуна ба тифл дода шавад?
 Навзод фақат як кор медоанд ва он макидан аст. На тавоноии ҷавидан дорад ва пуф кардан ҳам намедонад.
 Чӣ касе меҳрубон‏тар аз модар ва чӣ ғизое беҳтар аз шири модар? Тағзияи навзод зери назар ва диди модар аст, ба гунае ки модар битавонад бачаро нигаҳдорӣ кунад ва тағзия‏аш ҳамроҳи ишқу муҳаббат бошад. Ғизо низ ҳамвора омода буда ва ниёзе ба сард ё гарм кардан надошта бошад.
 Агар ин ҳама неъмат набуд чӣ мешуд?
 Агар модар шир надошт ё навзод ба ҷои макидан пуф ме‏кард ё агар наме‏тавонист гуруснагии худро бо гиря эълом кунад ё агар ҳама ниёзҳои навзод дар шири модар ёфт наме‏шуд ва агар меҳри модар кам буд ва ҳозир ба пазириши чунин масъулияте набуд?
 Кадом илм ва қудрат аст, ки битавонад ин ҳама ниёзро бишиносад ва дақиқ он‏ҳоро бартараф созад?
 худойо! на ман ми‏донистм чӣ ниёзе дорам ва на падар ва модарм хабар доштанд чӣ ғизои барои ман лозим ва муфид аст.
 пеш аз ба дунё омаднм, сина модарро пур аз шир ва қалб ӯро пур аз меҳр ва зиндаги‏ошро аз роҳ талош падар таъмин кардӣ.
 беҳтарин ғизоро дар ихтиёрм гузошти то аз содда‏тарин роҳ, ниёз худро таъмин кунам ва дар ин макидан, навъе варзиш барои ман қарор додӣ.
 Худоё, туро дар баробари ин ҳама лутф сипос ме‏гӯем.
 Маро ёрӣ кун то аз неъмат‏ҳои ту ба хубӣ истифода кунам, туро фаромӯш накунам, ба падару модарам некӣ кунам ва ҳамон‏гуна ки ту барои ман Худои хубе ҳастӣ ман ҳам барои ту бандаи хубе бошам.
 Қуръон дар бораи аҳамияти шири модар барои фарзандон мефармояд: Модарон ду соли тамом фарзандони худро шир диҳанд. Сураи Бақара, ояти 233
 Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) фармуд: «Беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар аст» Уюни ахбори Ризо, ҷ. 2, саҳ. 34.
Худоё, моро бо неъматҳоят ошно ва қадрдони онҳо ва шокири худат бигардон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст