Ҳазрати Иброҳим(а) китобе дошта аст, ки дар бар дорандаи маҷмуае аз лавҳҳое буда аст ва бар ҳазрати Иброҳим(а) нозил шуда аст ва ба суҳуфи Иброҳим(а) машҳур шуда аст ҳарчанд номи асли он маълум нест. Қуръони Карим дар сураи Аъло ояти 19 мефармояд: (Суҳуфи Иброҳим ва Мусо), дар тафсири ин оят муфассирон мегӯянд ин оят баён медорад, ки ҳазрати Иброҳим(а) дорои китоб буда аст ва ҳадисҳоеро, ки аз Пайғамбар(с) нақл мекунанд, ки мо онро барои шумо баён мекунем:

روي عن أبي ذر أنه قال قلت يا رسول الله كم الأنبياء فقال مائة ألف نبي و أربعة و عشرون ألفا قلت يا رسول الله كم المرسلون منهم قال ثلاثمائة و ثلاثة عشر و بقيتهم أنبياء قلت كان آدم (ع) نبيا قال نعم كلمة الله و خلقه بيده يا أبا ذر أربعة الأنبياء عرب هود و صالح و شعيب و نبيك قلت يا رسول الله كم أنزل الله من كتاب قال مائة و أربعة كتب أنزل الله منها على آدم (ع) عشر صحف و على شيث خمسين صحيفة و على أخنوخ و هو إدريس ثلاثين صحيفة و هو أول من خط بالقلم و على إبراهيم عشر صحائف و التوراة و الإنجيل و الزبور و الفرقان.

Абузар мегӯяд: Ба Пайғамбари Акрам(с) арз кардам: Анбиё чанд нафар буданд? Фармуд: 124 ҳазор нафар. Гуфтам: Расулони онҳо чанд нафар буданд? Фармуд: 313 нафар ва бақия “набӣ” буданд. Арз кардам: Одам(а) “набӣ” буд? Фармуд: Бале, Худованд бо ӯ сухан гуфт ва ӯро офарид. Сипас Пайғамбар(с) афзуд: Эй Абузар! Чаҳор нафар аз анбиё араб буданд: Ҳуд, Солеҳ, Шуайб ва Пайғамбари ту. Гуфтам: Эй Расули Худо(с)! Худованд чанд китоб нозил фармуд? Фармуд: 104 китоб, даҳ китоб бар Одам(а) панҷоҳ китоб бар Шайс(а) ва бар Ухнуъ ки Идрис аст си китоб ва ӯ нахустин касе аст, ки бо қалам навишт ва бар Иброҳим(а) даҳ китоб ва низ Таврот ва Инҷил ва Забур ва Фурқонро бар Мусо ва Исо ва Довуд(а) ва Пайғамбари Ислом(с) нозил кард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст