Масеҳ аз дидгоҳи Ислом ва муслимин

Эътиқоди мо дар бораи ҳазрати Марям(а)

Мо эътиқод дорем, ки ҳазрати Марям духтари Имрон ва модари ҳазрати Исо(а) аз ҷумлаи заноне аст, ки ба насси Қуръон аз ҳар гуна хатову гуноҳ маъсум ва аз ҳар палидӣ пок аст.

Худованди Мутаол дар бораи ӯ мефармояд:

«Ва (ба ёд оваред) ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: Эй Марям! Худо туро интихоб карда ва пок сохтааст ва бар тамоми занони ҷаҳон бартарӣ додааст».

Аз Расули Худо(с) нақл шудааст, ки фармуд:

«إنّ الله عزّ و جلّ اختار من النساء اربعاً:‌ مريم و آسيه و خديجه و فاطمه»

«Худованди Азза ва Ҷалла аз байни занон чаҳор нафарро пазируфт: Марям, Осия, Хадиҷа ва Фотима».

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим Марям(а)-ро бо сифатҳои хоссе сутудааст, аз он ҷумла бо васфи Сиддиқа, он ҷо ки мефармояд:

«Масеҳ фарзанди Марям фақат фиристодаи (Худо) буд, пеш аз вай низ фиристодагони дигаре буданд модараш зани бисёр ростгӯе буд....»

Ва низ фармуд:

«Ва ҳамчунин ба Марям духтари Имрон, ки домони худро пок нигоҳ дошт ва мо аз рӯҳи худ бар ӯ дамидем, ӯ калимоти Паравардигор ва китобҳояшро тасдиқ кард ва аз итоаткунандагони фармони Худо буд».

Худованд дар бораи валодати ҳазрати Марям(а) мефармояд:

«(Ба ёд оваред) ҳангомеро, ки ҳамсари Имрон гуфт: Худовандо! Он чиро дар раҳм дорам барои ту назр кардам, ки муҳаррар (ва озод барои хидмати хонаи ту) бошад. Аз ман қабул кун, ки ту шунаво ва доноӣ».

Мақсад аз «муҳаррар» дар оят, озод шудани фарзанд аз тобеияти падару модар ё ҳар чизи дигар ва фориғ шудан барои хидмати хонаи Худованди Мутаол ба хотири ибодат ва амали солеҳ аст.

Аз Имоми Содиқ(а) нақл шудааст, ки фармуд:

«المحرّر للمسجد إذا وضعته و ادخل المسجد لم يخرج من المسجد أبداً»

«Озодшуда барои масҷид вақте аст, ки ҳар гоҳ ӯро дар масҷид гузоштӣ ва дохили масҷид шуда ҳаргиз аз масҷид хориҷ нашавад» .

Аз он ҷо ки модари ҳазрати Марям(а) ба номи Ҳанна ҳамсари Имрон гумон мекард фарзандеро, ки дар шикам дорад писар аст, лизо ӯро муҳаррар ба ҷиҳати хидмат ба хонаи Худо қарор дод. Вале баъд аз зоидан ҳангоме ки мушоҳида кард духтар аст, ба Худованд арз кард:

«Ва ҳангоме ки ӯро ба дунё овард (ва ӯро духтар ёфт) гуфт: Худовандо, ман ӯро духтар овардам; вале Худованд аз он чӣ ӯ ба дунё оварда буд, огоҳтар буд ва писар монанди духтар нест, (духтар наметавонад вазифаи хидматгузории маъбадро монанди писар анҷом диҳад). Ман ӯро Марям ном гузоридам ва ӯ ва фарзандонашро аз (васвасаҳои) шайтони рондашуда дар паноҳи ту қарор медиҳам».

Вале дар айни ҳол бо он ки фарзанди таваллудшуда духтар аст, Худованди Мутаол ӯро қабул кард ва фармуд:

«Худованди ӯ (Марям)-ро ба тарзи некӯе қабул кард ва ба тарзи шоистае (ниҳоли вуҷуди) ӯро руёнид (ва парвариш дод) ва кафолати ӯро ба Закариё супорид».

Аз Имоми Боқир(а) нақл шудааст, ки ӯ аз зеботарин занон буд ва ҳар гоҳ ки ба намоз меистод меҳроби ибодат аз нури ӯ равшан мегашт.

Қуръон барои таоме, ки барои Марям(а) аз ҷониби Худованд мерасид сухан гуфта мефармояд:

«Ҳар гоҳ Закариё вориди меҳроби ӯ мешуд таоми махсусеро дар он ҷо медид. Аз ӯ пурсид: Эй Марям! Инро аз куҷо овардаӣ?! Гуфт: Ин аз тарафи Худост. Худованд ба ҳар кас, ки бихоҳад беҳисоб рӯзӣ медиҳад».

Аз Имом Боқир(а) нақл шудааст, ки фармуд: «...Закариё ҳар гоҳ назди Марям ворид шуд мушоҳида мекард, ки меваи замистонӣ дар тобистон ва меваи тобистонӣ дар замистон назди ӯст».

Эъдиқоди мо дар бораи ҳазрати Масеҳ(а)

Мусулмонон мутобиқи ояти Қуръони Карим эътиқод доранд, ки ҳазрати Масеҳ(а) бандаи Худо ва расули ӯ аст.

Худованди Мутаол мефармояд:

«Бигӯед: мо ба Худо имон овардаем ва ба он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва паёмбарон аз фарзандони ӯ нозил гардид (ва ҳамчунин) он чӣ ба Мӯсо ва Исо ва паёмбарони (дигар) аз тарафи парвардигорашон дода шудааст ва дар миёни ҳеҷ як аз онҳо ҷудоӣ қоил намешавем ва дар баробари фармони Худо таслим ҳастем (ва таассуботи нажодӣ ва ғаразҳои шахсӣ сабаб намешавад, ки баъзеро бипазирему баъзеро раҳо кунем)».

Аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст, ки фармуд:

سادة الرّزل و المرسلين خمسة، هم اولوالعزم من الرسل و عليهم دارات الرحي: نوح، و ابراهيم و موسي، و عيسي و محمّد، صلي الله عليهم و علي حميع الانبياء»»

«Бузургони расулон ва фиристода шудагон панҷ нафаранд, онҳо соҳибони азм аз расулонанд, ки санги осиёб (яъне меҳвари ҳидоят) бар вуҷуди онҳо давр мезанад: Нӯҳ, Иборҳим, Мӯсо, Исо ва Муҳаммад, дуруд ва саломи Худо бар онҳо ва бар тамоми анбиё бод» .

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст