Дини мубини исломро омили ҳар рукуду акибафтодагӣ донистан бархоста аз ҷаҳлу ғараз ва ноогоҳӣ аз вокеъиятҳои таъриху рӯҳи Ислом ва ин дини бузург аст. Зеро ҳамин Ислом буд, ки ба эътирофи дӯсту душман тавонист дар он асрҳое,ки торикӣ саросари гетиро фаро гирифта, башарият дар чанголи аҳримани ҷаҳлу факру беадолатӣ дасту по мезад, тамаддуне падид оварад, ки чандин карн бар ним бештари ободиҳои он рӯи кураи замин ҳукмфармо ва дар ҳамаи риштаҳои улум мутахассису донишманд тарбият намуда буд.

Асрҳо таълифоти донишмандони парвардаи домони Ислом дар Аврупо тадрис мешуд ва назароти ибдоиву ибтикорияшон ҳамчун машъале фурӯзон дар сарроҳи донишмандони ғарб дар падид овардани тамаддун ва ихтирооти ҷадид карор дошт. Солиёни дароз донишҷӯёни аврупоӣ барои идомаи таҳсилоти олӣ роҳии донишгоҳҳои исломии Коҳира ва ғайра мешуданд ва беморони саъбулалоҷро( мушкилалоҷ) аз кишварҳои ғарбӣ пеши табибони мусалмон барои табобат меоварданд.

Танҳо китобхонаи Байтулҳикмати Бағдод чаҳор (4 миллион) миллион ҷилд китоб дошт, танҳо дар Испанияи мусалмонӣ солона то 70 ҳазор ҷилд китоб таҳияву таълиф мешуд. Аз лиҳози иктисодӣ низ манотики кишварҳои исломӣ дар чунон рифоҳу пешрафт ба сар мебурданд, ки дар аввалҳои карни дуввум дар тамоми манотики исломии Африко ҳатто як нафар пайдо намешуд, ки аз Байтулмоли он минтака барои бениёз кардани ӯ истифода шавад. Оре, ҳамин Ислом буд, ки тавонист дар ҳудуди 10 карн чунон тамаддуну фарҳанге ба вуҷуд оварад, ки ба кавли профессори ғарбӣ Кейп хамирмоя барои тамаддуни ғарб ба шумор ояд ва боиси наҳзати илмии Аврупо гардад. Бинобар ин иддаои инки Ислом омили акибмондагӣ ва рамзи инҳитоти ҷомеаҳои исломист, худ як накшаи бадхоҳони Ислом аст, ки бо ҳадафҳои муғризонаи ин нерӯҳо матраҳ шудаву мешавад.

Ва аммо ин,ки чаро кишварҳои мусалмон, ба хусус Араб тупи футболи абаркудратҳо шудаву бо доштани ҳама гуна имконоти моддӣ дасташон ба сӯи ину он дароз аст, илали дигаре дорад. Бинобар ин «Ислом ба зоти худ надорад айбе» ва ин таназзулу пасравӣ натиҷаи авомили дигар, аз ҷумла авомили зер маҳсуб мешавад:

1-Инҳироф аз масири аслии Ислом

2- Ихтилоф ва фиркагароӣ

3-Раҳбариҳои ғалату раҳбарони нолойик

4- Хушгузаронӣ ва дар худ фурӯ рафтани муслимин

5- Фаъолиятҳои тахрибии душманони ислому муслимин

6- Ҳуҷуми истеъмор ба кишварҳои исломӣ

7- Худбохтагӣ ва аз даст додани эътимод ба нафс (худбоварӣ).

Омилҳое, ки берун аз мӯҳтавои Ислом боиси пешрафти он шуда буд, аз кабили имон, хушрафторӣ ҳамбастагиву кӯшиши сулҳҷӯёнаи муслимин мутаассифона баъдан авомили пасрафти Ислом ва инҳитоти муслимин гардиданд. Табиъист, ки вакте, ки муслимин бовари саҳеҳе нисбат ба асли Ислом надошта бошанд, рафтори онҳо ғайриинсонӣ бошад ва бо якдигар ҳамбастагӣ исломӣ надоштаву дар роҳи пешбурди аҳдофи Ислом кӯшо набошанд, бисёр рӯшан аст,ки чунин мардуме дар баробари душман осебпазир хоҳанд буд ва наметавонанд рӯи пойи худ биистанд ва дар ниҳоят маҳкум ба шикасту сукут хоҳанд буд.

Ва аммо агар дар маҷмӯъ ба казия нигоҳи мантикӣ шавад, хоҳем дид, ки бузургтарин омили пасрафт ва акибафтодагии муслимин инҳирофи фикриву амалии муслимин аз таъолими волои Ислом аст, на чизи дигар! Зеро акоиду назару кавонини дини мубини Ислом ҳаммонанди нусхаи шифобахшест, ки пизишки ҳозике онро барои муолиҷаи беморӣ тавсия мекунад ва маълум аст, ки агар дар таркиби маводи он дигаргунӣ ба амал ояд ва ё дар мавриди иҷрои он кӯтоҳӣ шавад, натанҳо натиҷаи матлуб нахоҳад дошт, балки кушанда низ хоҳад буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин бояд ин матлаб мадди назар бошад, ки акоиду дастуроти исломӣ рӯи фалсафаи хосе танзим шуда, ки инҳирофи фикриву амалии муслимин аз он бетардид мояи бадбахтӣ ва зиллату сукут хоҳад буд.

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст