Вожаи улулазм танҳо як бор дар Қуръони Карим омода аст, онҷо ки мефармояд:
فَاصْبِرْ كَمَا صَبَرَ أُولُوا الْعَزْمِ مِنَ الرُّسُلِ وَ لاَ تَسْتَعْجِلْ لَهُمْ كَأَنَّهُمْ یَوْمَ یَرَوْنَ مَا یُوعَدُونَ لَمْ یَلْبَثُوا إِلاَّ سَاعَةً مِنْ نَهَارٍ بَلاَغٌ فَهَلْ یُهْلَكُ إِلاَّ الْقَوْمُ الْفَاسِقُون»[[1]
“Пас сабр кун онгуна, ки паёмбарони улулазм сабр карданд ва барои (азоб) онон шитоб макун! Ҳангоме, ки ваъдаҳоеро ки

ба онҳо дода мешавад бубинанд, эҳсос мекунанд ки гуи фақат соате аз як рӯз (дар дунё) тавақуф доштанд; ин иблоғе аст барои ҳамагон; оё ҷуз қавми фосиқ ҳалок мешаванд?!”
Ин оят муборака маншаи авло матраҳ шудани ин баҳс дар илоҳиёти исломи шуда аст, ки паёмбарони улулазм ҳастанд лекин баҳси ҷанҷоли муайян кардани касоне аст, ки мисдоқи ин матлаб мебошанд.
Аз назари луғави маънои “улу” равшан аст ва ба маънои соҳибон мебошад. Муҳим ин аст, ки маънои вожаи азмро ба даст оварем.
Дар китобҳои луғати араб омада аст:
الْعَزْمُ و الْعَزِیمَةُ: عقد القلب علی إمضاء
الأمر، یقال: عَزَمْتُ الأمرَ، و عَزَمْتُ علیه، و اعْتَزَمْت[2] ва низ
و العَزْم‏: الجدّ و الصّبر و منه قوله تعالى‏ فَاصْبِرْ كَما صَبَرَ أُولُواالْعَزْمِ[3] маънои аввал азм, тасмим ва қасд кардан барои анҷоми кор аст ва бинобар ин маънои улул азм яъне соҳибони ирода ва тасмим.
Маънои дуввуми он низ ҷиддият ва сабр дар анҷоми кор аст.
Равшан аст, ки ҳар ду маъно метавонад дар мавриди анбиёи тафсир шавад ва оятро бар асоси он тафсир намуд, лекин ҳамонгуна ки хоҳад омад ба баракати ривоёти ворида равшан мешавад, ки маънои аввал муносибтар аст.
Ақволи муфассирон:
Муфассирин оли мақоми Қуръон дар тафсири ояти зикршуда ба ин баҳс пардохтаанд ва ба таври кулли ба ду гуруҳ тақсим мешаванд:
1.Тамоми паёмбарони улулазм ҳастанд чароки ҳама дорои тасмими росих барои таблиғи дин худ буданд ваё инки чун ҳамаи аҳли сабр буданд ин назар аз ибни Аббос ва Ҷубои ва гуруҳе дигар нақл шуда аст.[4] Ба адаби ин назар муътақид аст, ки калимаи “мин” баёния аст на табизия.
Чун онҳо дорои тасмими бузург чун густариши динашон ба саросари ҷаҳон будан лизо ба ин таъбир улулазм аз онон ёд шуда аст.
2.Гуреҳ аз паёмбарон улулазм  ҳастанд яъне “мин” дар оят табизият аст. Дар Маҷмаул баён ин назарро ба аксари муфассирон нисбат дода аст.[5] Лекин худи ин гуруҳ барои таини ин афрод дорои ихтилоф ҳастанд.
Бархе панҷ паёмбар дорои шариат ва дини ҷадид, яъне Нуҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва Муҳаммад (а) ро мисдоқи оят медонанд. Аммо бархе ҳамчун садде аз муфассирон Иброҳим, Мусо, Довуд, Сулаймон, Исо ва Муҳаммад (а)ро мисдоқи улулазм медонанд.
Бархе онҳоро ҳамон 18 нафаре медонанд, ки дар оёти 83 то 86 сураи Анъом омада аст. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансори саҳобаи бузург нақл шуда, ки онҳо 313 нафар ҳастанд. Ҳасани Басри, Иброҳим ва Мусо ва Довуд ва Исроро муаррифи карда аст.[6]
[1] Сураи Аҳқоф, ояти 35.
[2] Муфрадоти Роғиб, саҳ 565.
[3] Анниҳоя фи ғарибил ҳадиси вал осор, ҷ 3, саҳ 231.
[4] Ҷомеул аҳком, ҷ 16, саҳ 142; Маҷмаул баён, ҷ 9, саҳ 163.
[5] Ҳамон.
[6] Ба тафсири Маҷмаулбаён муроҷиа фармоед.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст