Оё касе метавонад эҳтимол диҳад, ки дар китобҳои осмонӣ ҳеҷ номе аз Паёмбари Ислом(с) ва нишоне аз вай набуда вале Пайғамбаи Ислом(с) бо ин сароҳат дар муқобили чашми онҳо бигӯяд тамоми сифтоти ман дар китобҳои  шумо омадааст?

Оё агар чунин буд ҳамаи донишмандони аҳли китоб ба муборизаи шадид ва сареҳ бар зидди ӯ барнамехостанд? Ва ба ӯ намегуфтанд ин туву ин китобҳои мо, дар куҷои он ном ва сифатҳои ту сабт аст? ва оё мумкин буд ҳатто як нафар аз уламои онон дар баробари Паёмбари Ислом(с) таслим шавад?! Пас ингуна оёт худ далел бар сидқу ростии худаш мебошад.

الَّذِینَ آتَیْناهُمُ الْکِتابَ یَعْرِفُونَهُ کَما یَعْرِفُونَ أَبْناءَهُمْ وَ إِنَّ فَرِیقاً مِنْهُمْ لَیَکْتُمُونَ الْحَقَّ وَ هُمْ یَعْلَمُونَ[1]

“(Яҳуд ва насоро ва ) касоне ки ба онон китоби (осмонӣ) додаем ӯ (Паёмбари Ислом) ро ҳамчун писарони худ мешиносанд ва ҳамоно гурӯҳе аз онон бо онки ҳаққро мдонанд, китмон мекунанд.”

Дар Қуръон чандин мартаба ин воқеият бозгӯ шуда аст, ки аҳли китоб, ба хотири башорати Таврот ва Инҷил ба зуҳур ва беъсати Паёмбари Ислом(с), дар интизори ӯ буданд ва вижагиҳои паёмбар чунон ба онҳо тавзеҳ дода шуда буд, ки ҳамчун фарзандони хеш ба ӯ шинохт пайдо карда буданд. Вале бо ин ҳама, гурӯҳе аз онон ҳақиқатро пинҳон мекарданд.

Қуръон дар ҷои дигар мефармояд: Онҳо на танҳо аз Паёмбар, балки аз ҷомеае ки ӯ ташкил медиҳад ва ёронаш низ хабар доштанд:

«مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللَّهِ وَ الَّذِینَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْكُفَّارِ رُحَماءُ بَیْنَهُمْ تَراهُمْ رُكَّعاً سُجَّداً یَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنَ اللَّهِ وَ رِضْواناً سِیماهُمْ فِی وُجُوهِهِمْ مِنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذلِكَ مَثَلُهُمْ فِی التَّوْراةِ وَ مَثَلُهُمْ فِی الْإِنْجِیلِ»[2]

“Муҳаммад фиристодаи Худост ва касоне ки бо ӯ ҳастанд, дар баробари куффор сарсахт ва шадид ва дар миёни худ меҳрубонанд. Пайваста ононро дар ҳоли рукуъ ва суҷуд мебини, онҳо ҳамвора фазли Худо ва ризои ӯро металабанд. Нишонаи онҳо дар сураташон аз асари саҷда намоён аст, ин васфи онҳо дар Таврот ва Инҷил аст.”

Қуръон барои шинохти дақиқи аҳли китоб аз Паёмбар(с), онро ба шинохти падар аз писар ташбеҳ мекунад ки равшантарин шинохтҳост.

Зеро:

Аз ибтидои таваллуд ва ҳатто пеш аз он шакл мегирад.

Шинохти чизе аст, ки интизороте баҳамроҳ дорад.

Шинохте аст, ки дар он шакке роҳ надорад.

Китмони илм, бузургтарин гуноҳ аст. Қуръон дар бораи китмонкунандагон мефармояд:

«یَلْعَنُهُمُ اللَّهُ وَ یَلْعَنُهُمُ اللَّاعِنُونَ»[3]

“Худованд ва тамоми фариштагон ва инсу ҷинн ва ҳар бо шууре, барои ҳамеша ононро лаънат ва нафрин мекунанд.”

Бале китмони ҳақ, ҳамчун китмони фарзанди хеш аст ва чи ноҷавонмардона аст, ки падаре ба хотири лаззатҳои дунявӣ, кӯдаки худро мункир шавад!

Раҳбар бояд аз қотеият ва яқин бурхурдор бошад, ба хусус вақте, ки қонунеро тағйир дода ва суннатеро мешиканад.  «فَلا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُمْتَرِینَ»

Ояти мавриди баҳс мегӯяд: “Уламои аҳли китоб Паёмбари Ислом(с)ро ба хубӣ ва ҳамчун фазандон худ мешиносанд ва ному нишону мушаххасоти ӯро дар китобҳои худ хондаанд.”

“Вале гурӯҳе аз онон саъй доранд огоҳона ҳақро китмон кунанд” ҳарчанд гурӯҳе аз онҳо мушоҳидаи ин нишонаҳои равшанро пазиро шуданд, чунон ки аз Абдуллоҳ ибни Салом, ки аз олимони яҳуд буд ва сипас исломро пазируфт нақл шуда, ки мегуфт: “Ман Паёмбари Ислом(с)ро беҳтар аз фарзандам мешиносам”![4]

Як нуктаи қобили таваҷҷӯҳ: Ин оят парда аз ҳақиқат ҷолибе бар медорад ва он инки баёни сифоти ҷисмӣ ва руҳӣ ва вижагиҳои Паёмбари Ислом(с) дар китобҳои пешин ба қадре зинда ва равшан буда аст, ки тарсими комиле аз ӯ  дар зеҳни касоне, ки бо он китобҳо, сару кор доштаанд менамуд.

Оё касе метавонад эҳтимол диҳад, ки дар он китобҳо ҳеҷ номе аз Паёмбари Ислом(с) ва нишоне аз вай набуда вале Паёмбари Ислом(с) бо ин сароҳат дар муқобили чашми онҳо бигӯяд тамоми сифатҳои ман дар китобҳои шумо мавҷуд аст?

Оё агар чунин буд ҳамаи донишмандони аҳли китоб ба муборизаи шадид ва сареҳ бар зидди ӯ бар барнамехостанд? Ва ба ӯ намегуфтанд, ки ин туву ин китобҳои мо, дар куҷои он ном ва сифатҳои ту сабт аст?

Ва оё мумкин буд ҳатто як нафар аз олимони онон дар баробари Паёмбари Ислом(с) таслим швад?!

Пас ингуна оёт худ далел бар сидқу ҳақонияти худаш мебошад.



[1] Сураи Бақара, ояти 146.

[2] Сураи Фатҳ, ояти 29.

[3] Сураи Бақара, ояти 159.

[4] Тафсири Кабири Фахри Розӣ, зейли ояти мавриди баҳс.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст