Ҳамаи динҳои илоҳӣ намоз доштаанд; вале чигунагии намози онҳо равшан нест. Дар Қуръони Карим дар чанд оят ишора ба намози динҳои пеш аз ислом шуда аст:

1.Дар мавриди  ҳазрати Исо(а) мефармояд:

وَ جَعَلَنی مُبارَکاً أَینَ ما کنْتُ وَ أَوْصانی بِالصَّلاةِ وَ الزَّکاةِ ما دُمْتُ حَیا[1]

“Ҳар ҷо, ки бошам Худованд маро бисёр бобаракат ва сӯдманд сохта ва то зиндаам ба намоз ва закот супориш мекунам.”

2.Дар сураи Бақара ояти 83 мефармояд:

“Мо аз Бани Исроил аҳд гирифтем, ки намозро барпо доранд.”

3. وَ أَوْحَینا إِلی مُوسی وَ أَخیهِ أَنْ تَبَوَّءا لِقَوْمِکما بِمِصْرَ بُیوتاً وَ اجْعَلُوا بُیوتَکمْ قِبْلَةً وَ أَقیمُوا الصَّلاةَ وَ بَشِّرِ الْمُؤْمِنینَ[2]

“Ва ба Мусо(а) ва бародараш ваҳй кардем, ки: хонаҳое дар сарзамини Миср барои қавми худ фароҳам оваред ва хонаҳоятонро ру ба руи ҳам қарор диҳед ва намозро барпо доред ва муъминонро мужда деҳ.”

4. رَبَّنا إِنِّی أَسْکنْتُ مِنْ ذُرِّیتی بِوادٍ غَیرِ ذی زَرْعٍ عِنْدَ بَیتِک الْمُحَرَّمِ رَبَّنا لِیقیمُوا الصَّلاه[3]

“Ҳазраи Иброҳим арз мекунад: Парвардигоро! Ман бархе аз фарзандонамро дар дарраҳои бекишт назди хонаи ҳарамат (Каъба) сукунат додам. Парвардигоро! Барои инки намозро барпо доранд.”

Худованд барои мо тавфиқи анҷоми ин амрро бидиҳад. Омин



[1] Сураи Марям, ояти 30.

[2] Сураи Юнус, ояти 87.

[3] Сураи Иброҳим, ояти 37.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст