Қуръони Карим ва суннати Расули Худо(с) барои мудирияти хашм ва ғалаба бар он чӣ роҳиҳалле доранд?
Бархе аз роҳиҳалҳои Қуръони Карим ва суннати Расули Худо(с)-ро мухтасар пешкаши шумо менамоем:
1) саъй кунем хатоҳои дигаронро нодида бигирем.
Қуръони Маҷид мефармояд: «Ва касоне, ки аз гуноҳони бузург ва зишткориҳо худро дӯр нигаҳ медоранд ва чун хашмгин мешаванд мебахшанд.» (Шуро/37)
2) парҳезкорӣ
Худованди Мутаол дар бораи парҳезкорон мефармояд: Ва барои ноил шудан ба омурзише аз Парвардигори худ ва биҳиште, ки паҳнояш [ба қадри] осмонҳо ва замин аст [ва] барои парҳезгорон омода шудааст, бишитобед! (Парҳезкорон) касоне ҳастанд, ки дар тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ (ва хайр) ме‏кунанд ва хашми худро фурӯ мебаранд ва (хатои) мардумро авф мекунанд ва Худованд некӯкоронро дӯст дорад.» (Оли Имрон/133-134)
3) нишонаи қурдатмандӣ
Расули Худо(с) мефармояд: Нерумандтарин фард касе аст, ки бар хашми худ ғалаба мекунад (Насруддурар,ҷ.1, саҳ.183)
4) хӯрдани мавиз.
Ҳазрати Расули Худо(с) мефармояд: «Мавиз чӣ хӯрокӣ хубе аст, (чун) пийро маҳкам мекунад, бемориро аз байн мебарад ва хашмро фурӯ менишонад» (Донишномаи аҳодиси пизишкӣ, 1/382)
5) нишастан ҳангоми асабоният ва фикр кардан ба қудрат ва бахшиши Худо
Расули Худо(с) фармуд: «Хашмгин нашав! Агар хашм бар ту ғалаба кард бинишин ва дар бораи қудрати Худо бар бандагон ва гузашти ӯ аз онон фикр кун» (Туҳафулуқул, саҳ. 14)
Сухани ҳакимонае аст, ки агар ҳақ бо шумост ҷое барои хашмгин шудан нест ва агар ҳақ бо шумо нест ҳақ надоред хашмгин шавед!
Умедворем Худои меҳрубон ба мо тавфиқи амал ба ин роҳҳалҳо ва дар амон мондан аз зарарҳои онро ато кунад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст