Дар шаби қадр чи гӯна ибодат кунем?
Ибодат кардан дар шаби қадр аз ҳазор моҳ ибодат дар ғайри шабҳои қадр беҳтар аст. Бинобар ин ҳар ибодате дар ин шаб ба хусус хондани Қуръон, аз анҷоми он дар дигар шабҳо ва рӯзҳои сол ба маротиб беҳтар ва бартар аст. Вале дар бархе ривоятҳо аъмоли махсус барои ин шаб зикр шудааст, ки беҳтар аст онҳоро анҷом диҳем.
Бедор будан то субҳ
Авалин кор дар ин шаби муборак ин аст, ки тасмим бигирем он шабро то рӯз нахобем ва ба розу ниёз бо холиқ ва беҳтарин ва вафодортарин дӯсти худ бипардозем ва аз бевафоӣ ва носипосии, ки то имшаб анҷом додаем аз ӯ маъзарат бихоҳем ва аз ин кор хаста нашавем.
Магӯ шабе ба ибодат чӣ гуна рӯз кунам,
Ки дӯстро нанамояд шаби висол дароз,
Барор дасти тазарруъ, бибор ашки надам,
Зи бениёз бихоҳ, ончи боядат бе ноз.
Расули Худо(с) фармуд:
«مَن قَامَ لَیلَةَ القَدرِ إِیمَانًا وَ احتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِن ذَنبِهِ»
Ҳар кас шаби қадрро бо имон ва ҳисобраси(и корҳо ва аъмолаш) зинда бидорад, ҳамаи гуноҳони гузаштааш бахшида шавад.[1]
Ҳазрати Мусо(а) ба Худо арз кард:
«اِلهی! أُرِیدُ قُربَکَ، فَقَالَ اللهُ تَعَالی قُربِی لِمَن استَیقَظَ لَیلَةَ القَدرِ»
Бор Илоҳо, ман қурб ва наздикии туро мехоҳам. Худои Мутаол дар ҷвоб фармуд: Қурб ва наздикии ман барои касест, ки дар шаби қадр бедор бошд.[2]
Аз ҳазрати Оиша(р) нақл шуда, ки мегуфт:
«کَانَ النَّبِیُّ(ص) إِذَا دَخَلَ العَشَرَ شَدَّ مِئزَرَهُ وَ أَحیَا لَیلَهُ وَ أَیقَظَ أَهلَهُ»
Ҳаргоҳ даҳ рӯзи охири моҳи мубораки Рамазон дохил мешуд, Расули Худо(с) аз занон канора мегирифт (ва фақат ба ибодат мепардохт) ва шабҳо намехобид ва ба аҳли худ низ сифориши бедор мондан мекард.[3]
Хондани намоз
Худованд ба воситаи Ҷабраил(а) ба Пайғамбар(с) фармуд:
«یَا مُحَمَّدُ(ص) رَکعَتَانِ فِی لَیلَةِ القَدرِ خَیرٌ لَکَ وَ لِأُمَّتِکَ مِن ضَربِ السَّیفِ فِی زَمَانِ بَنِی إِسرَائِیلَ»
Эй Муҳаммад(с) ду ракъат намоз дар шаби қадр барои ту ва умматат беҳтар аз ҷиҳод бо шамшер дар замони Бани Исроил мебошад.[4]
Тариқаи хондани намози махсуси ин шаб:
Ду ракъат намоз, дар ҳар ракъат як мартаба сураи Фотиҳа (Алҳамд) ва ҳафт мартаба сураи Ихлос (Қул ҳуваллоҳ) ва баъд аз салом ҳафтод бор "астағфируллоҳа ва атубу илайҳ" мегӯӣ. Дар ривояте Расули Худо(с) фармуд:
«مَن صَلَّی فِی لَیلَةِ القَدرِ رَکعَتَینِ فِی کُلِّ رَکعَةٍ بِفَاتِحَةِ الکِتَابِ مَرَّةً وَ الإِخلاَصِ سَبعَةَ مَرَّاتٍ فَإِذَا سَلَّمَ یَقُولُ: استَغفِرُ اللهَ وَ أَتُوبُ إِلَیهِ سَبعِینَ مَرَّةً فَلاَ یَقُومُ مِن مَقَامِهِ حَتَّی یَغفِرُ اللهُ لَهُ وَ لِأَبوَیهِ وَ یَبعَثُ اللهُ تَعَالی مَلاَئِکَةً إِلی الجِنَانِ یَغرِسُونَ لَهُ الأَشجَارَ وَ یَبنُونَ القُصُورَ وَ یَجرُونَ الأَنهَارَ...».
Ҳар кас дар шаби қадр ду ракъат намоз бигзорад ва дар ҳар ракъат як мартаба Фотиҳа ва ҳафт мартаба Ихлос бихонад ва пас аз салом ҳафтод бор бигӯяд: Аз Худованд омурзиш металабам ва ба сӯи ӯ тавба мекунам, пас аз ҷояш намехезад, магар ин ки Худо ӯ ва падару модарашро мебахшад ва Худованд малоикаҳоеро бармеангезад, ки дар биҳишт барои он шахс дарахтҳо мешинонанд ва барои ӯ қасрҳо месозанд ва (дар зери дарахтон) наҳрҳо ҷорӣ мегардонанд... .[5]
Тасбеҳ ва истиғфор
Дар ин шаб зиёд гуфтани тасбеҳ (субҳоналлоҳ, алҳамдулиллоҳ, аллоҳу акбар) ва истиғфор (астағфируллоҳа таоло) бисёр савоб дорад ва аз аъмоли ин шаб ба шумор меравад. Дар ривояте омадааст, ки ҳазрати Мусо(а) ба Худованд арз кард:
«إِلهی! أُرِیدُ أَن أَقعُدَ تَحتَ ظِلِّ أَشجَارِ الجَنَّةِ وَ آکِلٌ مِن ثِمَارِهَا، فَقَالَ للهُ تَعَالی: ذَالِکَ لِمَن سَبَّحَ تَسبِیحَةً لَیلَةَ القَدرِ»
Бор Илоҳо! Мехоҳам зери дарахтони биҳишт биншинам ва аз меваҳои он бихӯрам. Худои Таоло фармуд: Ин(хостаи ту) барои касе аст, ки дар шаби қадр як тасбеҳ бигӯяд.[6]
Ва арз кард:
«إلهی! أُرِیدُ النَّجَاةَ مِنَ النَّارِ، فَقَالَ اللهُ تَعَالی: ذَالِکَ لِمَن استَغفَرَاللهَ تَعَالَی لَیلَةَ القَدرِ إِلی الصُّبحِ»
Бор Илоҳо! Мехоҳам аз оташи дӯзах наҷот пайдо кунам. Худои Таоло фармуд: Ин барои касе аст, ки дар шаби қадр то субҳ астағфируллоҳа таоло бигӯяд.[7]
Садақа додан ва раҳм ба мискинон
Ва дар ҳамон ривоят ҳазрати Мусо(а) арз мекунад:
«إلهی! أُرِیدُ رَحمَتَکَ، فَقَالَ اللهُ تَعَالی: رَحمَتِی لِمَن یَرحَمُ المَسَاکِینَ لَیلَةَ القَدرِ وَ قَالَ إِلهی! أُرِیدُ الجَوَازَ عَلی الصِّرَاطِ کَالبَرقِ، فَقَالَ اللهُ تَعَالی: ذَالِکَ لِمَن تَصَدَّقَ لَیلَةَ القَدرِ»
Бор Илоҳо! Раҳмататро мехоҳам. Худои Таоло фармуд: Раҳмати ман барои касе аст, ки дар шаби қадр ба мискинон раҳм кунад. Ва он ҳазрат дубора арз кард: Бор Илоҳо! Мехоҳам иҷозат диҳӣ, то аз сирот мисли барқ бигзарам. Худои Таоло фармуд: Он барои касе аст, ки дар шаби қадр садақа бидиҳад.[8]
Дуо
Дуо аз муҳимтарин аъмолест, ки дар ин шаб метавон анҷом дод, зеро бинобар қавле дар ин шаб тақдири одамҳо таъин мегардад ва метавон дар ин шаб бо дуо ва зорӣ ба даргоҳи Худо аз ӯ хост, ки тақдири моро, он гуна ки тақдири бандагони солеҳашро андозагирӣ мекунад, таъин кунад.
Аз беҳтарин дуоҳо, ҳамон дуоест, ки Расули Худо(с) дастур доданд, то дар ин шаб бихонем. Ҳазрати Оиша(р) аз Расули Худо(с) пурсид:
«یَا رَسُولَ اللهِ أَرَئَیتَ إِن عَلِمتُ أَیَّ لَیلَةٍ لَیلَةَ القَدرِ مَا أَقُولُ فِیهَا؟ قَالَ: قَولِی: اللَّهُمَّ إِنَّکَ عَفُوٌّ کَرِیمٌ تُحِبُّ العَفوَ فَاعفُ عَنِّی»
Эй Расули Худо(с)! Агар шаби қадрро дарёбам дар он чӣ бигӯям? Фармуд: Қавли ман: Аллоҳумма иннака афувввун каримун, туҳиббул-афва фаъфу аннӣ. Худовандо, ту бахшанда ва карим ҳастӣ, бахшандагиро дӯст медорӣ, пас маро бибахш.
[1] .Саҳеҳи Бухорӣ,китоб-ус-савм,ҳ.1951.
[2] . Дуррат-ун-носиҳин, саҳ.204
[3] . Саҳеҳи Бухорӣ, китоб-ул-эътикоф, ҳ.2024
[4] . Дуррат-ун-носиҳин, саҳ.204
[5] . Ҳамон ба нақл аз Тафсир-ул-ҳанафӣ.
[6] . Ҳамон ба нақл аз Зубдат-ул-воизин.
[7] . Ҳамон.
[8] . Сунани Тирмизӣ,ҳ.3513, Муснади Аҳмад, ҷ.6, саҳ.171.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст