НАСИҲАТИ ИМОМ ҲУСАЙН (А) БАРОИ ГУНОҲ НАКАРДАН

Ҷавоне назди Имом Ҳусайн (а) омаду гуфт: Ман марди гунаҳкорам ва наметавонам худро аз анҷоми гуноҳон боз дорам, манро насиҳате кун!

)افعل خمسة اشیاء و اذنب ما شئت، فاول ذلک: لا تاکل رزق الله و اذنب ما شئت، و الثانی: اخرج من ولایة الله و اذنب ما شئت، و الثالث: اطلب موضعا لا یراک الله و اذنب ما شئت، و الرابع: اذا جاء ملک الموت لیقبض روحک فادفعه عن نفسک و اذنب ما شئت، و الخامس: اذا ادخلک مالک فی النار فلا تدخل فی النار و اذنب ما شئت.(

Имом Ҳусайн (а) фармуд: Панҷ корро анҷом деҳ, баъд ҳар қадаре, ки мехоҳӣ гуноҳ кун;

Аввал:   ризқу рӯзии Худоро нахӯр ва ҳарчи мехоҳӣ гуноҳ кун.

Дуввум:   аз ҳукумати Худованд берун бирав ва ҳарчи мехоҳӣ гуноҳ кун.

Севвум: ҷо ва маконеро интихоб кун, то Худо туро набинад ва ҳарчи мехоҳӣ гуноҳ кун.

Чаҳорум: Изроил барои гирифтани ҷони ту омад, ӯро аз худ бирон ва ҳарчи мехоҳӣ гуноҳ кун.

Панҷум:   замоне ки молики дӯзах туро ба сӯи оташ мебарад дар оташ ворид машав ва ҳарчи мехоҳӣ гуноҳ кун.

Ҷавон каме фикр кард ва шарманда шуд ва дар баробари воқеиятҳои баёншуда чорае ҷуз тавба надошт.[1]

Тавзеҳ

Ин ҳадиси Имом тамоми ҳуҷҷатро барои гуноҳ накардан тамом кардааст ва ҳаркасе ки мехоҳад гуноҳе муртакиб шавад бояд як бор дар ин калимоти Имом Ҳусайн (а) фикр кунад.

1. Ризқу рӯзӣ аз тарафи Худост

Ризқи тамоми мавҷудотро Худованд медиҳад, на каси дигаре, мо агар ба офтоб, моҳ, замин, абру борон ва .... таваҷҷуҳ кунем, мефаҳмем, ки ҳамаи инҳо лозим аст, то донае аз замин барояд ва инҳоро Худо офарид. Пас агар ризқу рӯзии Худоро нахӯрем, аз куҷо рӯзӣ мехӯрем?

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

“Ва ҳеҷ ҷунбандае (мавҷуди ҷондор) дар замин нест, магар ин ки рӯзии ӯ бар Худост; ва ҷойгоҳи пойдор ва ҷойгоҳи нопойдорашро медонад; ҳама дар китобе равшан [сабт] аст.» [2]

Ҳикояте аст, ки як кишоварз таъриф кард, замоне ки кори кишоварзӣ тамом шуд, гандумҳоро паҳн карда будем, то ҳар кас аз кишоварзон саҳми худро бибарад. Дар ин ҳангом буд ки, занбуре омаду як дона гандумро бардошту рафт, дубора омад як донаи дигар бардошту бурд ва ин корро чанд бор такрор кард, то инки мо кунҷкоб шудем бибинем, ки занбур, ки бо гул ва ширинӣ алоқа дорад ин гандумҳоро куҷо мебарад, хуллас аз пайи занбур рафтем ва дидем, ки занбур гандумҳоро канори як девори вайроншуда, ки дар онҷо як гунҷишки нобино буд мебурд ва гунҷишк бо шунидани садои занбур даҳонашро боз мекунад ва занбур гандумҳоро дар даҳони ӯ мегузорад.[3]

2. Тамоми олам милки Худост

Аз онҷое ки тамоми ҳастиро Худованд офарид, пас тамоми ҳастӣ милки ӯст, оё маконе ҳам ҳаст, ки аз ӯ набошад? Албатта ки нест маконе нест, ки аз ӯ набошад. Пас куҷо биравем то гуноҳ кунем? Монанди ин ки дар хонаи касе мехоҳӣ гуноҳ кунӣ соҳибхона мегӯяд аз хонаи ман бирав берун. Тамоми олам аз Худост пас берун куҷо ҳаст то биравӣ?

Қуръони Карим мефармояд:«Ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Худост ва Худо бар ҳама чиз тавоност».[4]

3. Худованд ба ҳама чиз огоҳ аст

Олам маҳзари Худост читавр дар маҳзари Худо гуноҳ кунем ва ӯ ҳам моро набинад? Аслан мумкин нест; чаро ки агар имон дорӣ, ки Худое ҳаст ҳамон Худо дар Қуръони Карим мефармояд:

“Оё (инсон) намедонад, ки Худо (корҳои бади ӯро) мебинад (ва ӯро ба ҷазои кораш мерасонад)”. [5]

Боз дар ояти дигар мефармояд:

«Ва ба таҳқиқ инсонро офаридем ва он чиро нафсаш ба он васваса мекунад, медонем ва Мо ба ӯ аз раги гардан наздиктарем»[6]

Пас қабл аз гуноҳ кардан каме фикр кунем. Эй беинсоф читавр дар пеши падарат гуноҳ намекунӣ ва шарм медорӣ, аммо дар пеши Худо гуноҳ мекунӣ ва шарм намекунӣ?

4. Ҳама маргро мечашад

Ин барои ҳама рушан ва маълум аст, ки аз дасти марг намешавад фирор кард ва баъди марг бояд ба корҳое, ки дар дунё кардаем ҷавоб диҳем. Пас медонем, ки рӯзе мемирем ва қудрати дур кардани маргро аз худ надорем, чаро ҷуноҳ кунем.

Қуръони Карим мефармояд: «Ҳар нафсе чашандаи марг аст ва шуморо бо бадӣ ва хубӣ барои имтиҳон меозмоем; ва ба сӯи Мо бозгардонида мешавед».[7]

5.   Оташи дӯзах

Оташ, ки оҳани сахтро об мекунад ҳоло чи расад ба бадани нарму нотавони одамӣ, пас бояд каме дар фикри бадани нозуки худ бошем, ки тоқати оташи ҷаҳаннамро надорад.

Пайғамбари Худо (с) аз Ҷабраил суол кард чаро Микоилро ҳаргиз хандон намебинам? Ҷабраил арз кард: Аз рӯзе ки оташи ҷаҳаннам халқ шуд, Микоил нахандид.[8]

Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Расули Худо(с) фармуд: Рӯзе аз бародарам Ҷабраил аз аҳволи ҷаҳаннам пурсидам дар ҷавоб гуфт: Эй Муҳаммад, ба он Худое, ки туро ба рисолат барои халқ фиристод, агар заррае аз гармии оташи дӯзах бар замин биафтад, ҳар чи дар замин аст ҳамаро бисӯзонад ва ҳамаи обҳоро ва ғизоҳоро талх кунад ва агар ҷомаи ҷаҳаннамиро дар миёни осмону замин биовезонанд, аҳли машриқу мағриб ҳама аз бӯи бади он бимиранд.[9]

[1]. Ҷомеъ-ул- ахбор, саҳ 359, ҳадиси 1001.

[2].Сураи Ҳуд, ояти 6.

[3]. Каромати маънавӣ, саҳ 16.

[4].Оли Имрон ояти 189.

[5]. Сураи Алақ, ояти 14.

[6].Сураи Қоф, ояти 16.

[7]. Сураи Анбиё, ояти 35.

[8]. Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ3, саҳ 158.

[9]. Сироҷ-ул-қулуб, саҳ 125

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст