salom

Сираи рафтории Пайғамбари Худо(с) он буд, ки ба ҳар кӣ мерасид ҳатто кӯдакон ибтидо ба ӯ салом мекард, ба хусус дар мавриди салом кардан ба кӯдакон мефармуд: Панҷ сифат аст, ки то зиндаам, онҳоро раҳо нахоҳам кард ва яке ҳам салом додан ба кудакон аст, то пас аз ман “суннат” гардад.[1]

Ин хислати хуҷаста аз ахлоқи ҳасана ва рӯҳияи пок ва тавозуи ӯ сарчашма мегирифт. Адаб иқтизо мекунад, ки кӯчактарҳо ба бузургтарҳо салом кунанд. Дар ҳадис омада аст, ки Пайғамбари Акрам(с) фармуд:

Кӯчак ба бузург,

як нафар ба ду нафар,

ва ҷамъияти кам ба ҷамъияти фаровон,

ва савора бар пиёда,

ва раҳгузар, бар касе ки истода аст,

ва истода бар касе, ки нишаста аст салом диҳад.[2]

Ва албатта ки агар ҷуз ин бошад, нишони тавозӯъ нахоҳад буд!

Саломро бояд ошкор, баланд ва бо садои расо адо кард. Аҳодиси фаровоне бо унвони “اَلجَهرُ بِالسَّلامِва “افشاء سلام” омада аст, ки суфориши зиёд дорад, ки саломҳо, расо ва баланд бошад, на зери лаб ва оҳиста ва номафҳум ва ноқис. Ҷавоби салом низ бояд ҳамингуна бошад, яъне баланду возеҳ, то фард бишнавад.

Агар дар бархурд бо дигарон ё вуруд ба ҷаласа ва ҷамъе ё расидан ба хона ва маҳалли кор, салом бигӯед, вале оҳиста, шояд саломатонро нашунаванд. Бо ин ки шумо салом додаед, вале ба далели сару садо ё ҷамъ набудани ҳавос ё ҳар омили дигар, саломатонро нашунаванд, шуморо беадаб ва беэътино хоҳанд шумурд ва мутакаббир хоҳанд пиндошт.

Ё агар саломи дигареро ҷавоб диҳед, аммо оҳиста ва зери лаб, ба гунае ки нафаҳмад ва нашунавад, шояд пеши худ фикр кунад масъалае, хусумате ва ... пеш омада аст ё шумо мутакаббир шудаед, ки ҳатто ҷавоби саломашро ҳам намедиҳед ё бо душворӣ ва беалоқагӣ ҷавоб медиҳед.

Роҳи пешгирӣ аз ин бадфаҳмиҳо ва бадгумониҳо, риояти ҳамон дастури динӣ дар муоширатҳо аст, яъне ошкоро салом кардан.

Имом Содиқ(а) мефармояд: “Ҳар гоҳ яке аз шумо салом медиҳад, саломашро ошкоро бигӯяд. Нагӯед, ки салом додам, вале ҷавобам надоданд”, шояд салом дода аст, вале онон нашунида бошанд! Ва ҳар гоҳ яке аз шумо ҷавоби салом медиҳад, ҷавобро ошкоро ва баланд бигӯед, то он мусулмони дигар нагӯяд, ки “салом кардам, вале ҷавобамро надоданд!”[3]

 Салом додан мустаҳаб аст, вале ҷавобаш воҷиб аст. Албатта бештарин савоб низ аз они касе аст, ки шуруъ ба салом кунад.

Он ки салом медиҳад, посухашро бояд гармтар ва бештар дод, чаро ки салом навъе таҳият ва ҳадя аз сӯи як мӯъмин аст ва ҳадяро бояд посухи беҳтар ироа дод, то нишони қадршиносӣ бошад. Ва ин таълими Қуръони Карим аст, ки таҳияти дигаронро ба гунаи беҳтар посух диҳед: ... فَحَيُّوا بِأَحْسَنَ مِنْهَا[4 ё мисли ҳамонро бозгардонед.


[1]Биҳор, ҷ. 73, саҳ. 10.

[2]Мизонулҳикмат, ҷ. 4, саҳ. 538.

[3] Кофӣ, ҷ. 2, саҳ. 645.

[4]Сураи Нисо, ояти 86.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст