Ҳазрати Ҷавод (а) дар бораи ҷалби муҳаббат мефармояд:

Се хислат ҷалби муҳаббат мекунад: Инсоф дар муошират бо мардум, ҳамдарди дар мушкилоти онҳо, ҳамроҳ ва ҳамдам шудан бо маънавиёт».

Ин авомил барои ҳамаи одамиён, махсусан барои инсони мусулмон, ки бояд улгуи ҳама бошад; лозим аст.

Камтар касе мункир ҳамдарди бо мардум дар мушкилоташон ва риояти инсоф дар муошират бо мардум мешавад ва бар камтар касе пӯшида аст, вале ду омил аввали, замоне ба натиҷаи матлуб мерасанд, ки бо таваҷҷуҳ ба фақараи севуми, ба ҷо оварда шаванд.

Дар ҷомеа мушоҳида мешавад, ки набуди ин фақараи севуми, ба хеле аз равобит инсони латма ворид мекунад, чӣ касоне ҳастанд чунон нисбат ба ҳам муҳаббат меварзанд, ки инсон ба ҳоли онҳо ғибта мехӯрад, вале бо камоли таассуф, ин дӯстиҳо лаҳзае ҳастанд, чун ба хотир манфиат шахсе, ин ҷалби муҳаббатҳо сурат мегирад.

Шояд битавон гуфт: Касе, ки муҳаббати дунёро ба самти худаш ҷалб карда бошад, кайфияти бархурд ӯ бо мардум, тобеи манофеъ аст, ҳар ҷо манофеаш маҳфуз бошад; дар мардумдорӣ ва муҳаббат ба дигарон, санги тамом гузошта ва ҳар ҷо манофеаш дар хатар бошад; ҳатто дӯстонашро ҳам фидо мекунад. Чӣ зебо имом Саҷҷод (а) мефармояд,кӣ: Решаи ҳамаи хатоҳо (ва бадиҳо), дилбастаги ба дунё аст».

Ҳазрати Алӣ (к) хитоб ба Кумайл мефармояд: Дини ту бародарат аст пас то метавони дар мавриди динат эҳтиёт намо».

Касе, ки муҳаббати ин " бародар "ро ҷалб намуда бошад; набояд нисбат ба хостаҳои ӯ бетафовут бошад.

 Ба Худое, ки ҷонам дар ихтиёри ӯст, вориди биҳишт намешавед магар муъмин шавед ва муъмин намешавед, магар инки якдигарро дӯст бидоред. Оё мехоҳед шуморо ба чизе роҳнамои кунам, ки бо анҷоми он, якдигарро дӯст бидоред? Салом кардан байни якдигарро ривоҷ диҳед».

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст