Рафтор бо волидайн ва эҳтироми муҳаббатомез ба падари бузургвори хеш

Ҳазрати Фотима(рз) ҳашт сол дар Макка по ба пои падар дар пешрафти ислом кӯшид ва дар ҳангоми озори куффор ва мушрикон ва мунофиқон ёр ва мададкори падар буд. Дар дара ва шаъби Абутолиб, се сол дар канори падар таҳаммул кард ва замоне, ки мушрикон Пайғамбар(с)ро озору азият ва захмӣ ва ё ҷасорат мекарданд, Пайғамбар(с)-ро дилдорӣ медод ва захмҳояшро мудово мекард; Ин гуна буд, ки Пайғамбар(с) эшонро «умми абиҳо» (модари падараш) номид.

Ҳазрати Фотима (рз) дар ҳама ҳол ба ёди падари гиромии хеш буд ва аз ҳеҷ неъмат ва кӯмаке барои ёрӣ ба падар дареғ намекард. Дар ривоят аст, кӣ: се рӯз буд, ки Пайғамбар(с) ғизое нахурда буданд, ба тавре ки бар ҳазрат сахт мегузашт. Дар назди ҳамсаронаш хӯроке ёфт намешуд. Назди Фотима(рз) омад ва гуфт: Духтарам назди ту чизе барои хӯрдан ҳаст, ки бисёр гуруснаам? Арз кард: Не ба Худо савганд! Вақте Пайғамбар(с) берун рафт, духтараш аз инки натавониста падарро сер кунад маҳзун шуд. Ногаҳон духтари ҳамсоя дар зад ва ду нон ва як тикка гӯшт хидмати Фотима(рз) овард. Ӯ хушҳол шуд ва гуфт худро бар Расули Худо(с) муқаддам намедорем. Дар ҳоле, ки ҳама гурусна буданд, онро зери сабад ниҳода ва сарпӯш бар он гузошт. Ҳасан ва Ҳусайнро хидмати Пайғамбар(с) фиристод, то бобиашонро барои ғизо даъват кунанд. Пайғамбар(с) ташриф оварданд ва ғизои бисёр муаттаре зери сабад ёфт. Савол кард ин ғизо аз куҷост? Ҳазрати Фотима(рз) ҷавоб дод: Аз ҷониби Худое, ки ба ҳар кас бихоҳад бидуни ҳисоб рӯзи медиҳад. Пайғамбар(с) ва ҳама афроди хонаводаи ҳазрати Алӣ(к) ва ҳамсарони Пайғамбар(с) аз он ғизо хӯрданд ва барои ҳамсояҳо ҳам фиристоданд.

Ҳазрати Заҳро(рз) ҳамеша рафтори саршор ва омехта аз адаб ва тавозӯъ ва фурӯтанӣ нисбат ба падар дошт. Гарчи робитаи эшон бисёр отифӣ ва саросар муҳаббат ва самимият буд, аммо ин монеи эҳтиром ва тавозӯи вежаи эшон нисбат ба Пайғамбар(с) намешуд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст