Nabi 003

Паёмбар дар иртибот бо Худои Мутаол ва бандагии он зоти пок, Худоро дар ҳамаи ҳолатҳо ба ёд доштанд ва ҳаргиз аз ёди он зоти пок ғофил набуданд.

Пайғамбар(с) бо он мақом ва шаъну азамат аз ибодати Худои Ягона ғофил намешуданд. Нимаҳои шаб мегиристанд ва дуо ва истиғфор мекарданд. Ҳамсари гиромияшон Умми Салама як шабе диданд, ки Пайғамбар(с) нестанд. Рафтанд Ӯро диданд, ки машғули дуо кардан ҳастанд ва ашк мерезанд ва истиғфор мекунанд ва зора мекунад: «َاللّهُمَّ وَ لا تَکِلنی اِلی نَفسی طَرفَةَ عَینٍ». (Худоё, як лаҳза маро ба худам вомагузор). Умми Салама гиряаш гирифт.

Пайғамбар(с) аз гиряи ӯ баргашту гуфт: Инҷо чи мекунӣ? Арз кард: Ё Расулаллоҳ, туро, ки Худои Мутаол ин қадар азизат медорад ва гуноҳонатро омурзид аст чаро гиря мекунӣ ва мегӯӣ, ки Худоё, моро ба худам вомагузор? Фармуд: агар аз Худо ғофил шавам, чи чизе манро нигаҳ хоҳад дошт?

Ин барои мо дарс аст. Дар рӯзи иззат, рӯзи зиллат, рӯзи сахтӣ, рӯзи роҳатӣ, дар рӯзе, ки душман инсонро муҳосира карда аст, дар рӯзе, ки душман бо ҳамаи азамат худашро бар чашму вуҷуди инсон таҳмил мекунад ва дар ҳамаи ҳолот, Худои Мутаолро ба ёд доштанд, Худоро фаромуш накарданд, ба Худо таваккал кардан, аз Худо хостанд. Ин дарси бузурги Пайғамбар(с) барои мо умматони ҳақиқии он бузургвор аст. Мо ба кумаки Илоҳӣ ва талош ва кушиш битавонем аз ҳар кор ва амали он расули гироми дарс ва ибрати саҳеҳ ва дурусте бигирем.

Аввал бандагӣ баъд рисолат

Падари Фотима(с) ҳам – ки мабдаъ ва сарчашмаи фазоили ҳама Ӯст ва ҳазрати Алӣ(к) ва Фотимаи Заҳро(с) қатраҳое ҳастанд аз дарёи вуҷуди Пайғамбар(с) – арзишаш пеши Худо ба хотири бандагӣ аст.

«اَشهَدُ اَنَّ مُحَمَّداً عَبدُهُ وَ رَسُولُه»

(عَبدُهُ– бандаи Ӯ) аввал бандагии Ӯ баъд рисолати Ӯст. Аслан рисолат – ин мансаби воло – ба Ӯ ба хотири бандагияшон дода шудааст.

Ибодат ва истиғфор, рӯзадорӣ дар рӯз ва барподоштани нмоз дар шаб

Дар дуое омада аст:

اَلَّذی کانَ رَسُولُ اللهِ صَلّی اللهُ عَلَیهِ وَ آلِهِ یَدأَبُ فی صِیامِهِ وَ قِیامِهِ فی لَیالِهِ وَ اَیّامِهِ بُخُوعاً لَکَ فی اِکرامِهِ وَ اِعظامِهِ اِلی مَحَلِّ حِمامِه

Пайғамбар(с) то охири умри муборакашон, моҳи Шаъбонро бузург медоштанд ва дар рӯзҳои моҳи Шаъбон хузуъашон бешатар мешуд ва худашро ба сиёму қиём дар моҳи Шаъбон одат дода буданд. Аз Худои Мутаол мехоҳем, ки моро ҳам муваффақ бидорад то ҳамон суннати ростини Пайғамбар(с)-ро дар моҳи Шаъбон риоят кунем.

Ӯ гуноҳе надошт, пас чаро истиғфор мекард?

Ибодати Ӯ чунон ибодате буд, ки поҳояш аз истодан дар меҳроби ибодат варам мекард. Бахши зиёде аз шабҳоро ба бедорӣ ва ибодат ва тазарруъ ва гиря ва истиғфору дуо мегузаронид. Бо Худои Таоло розу ниёз мекарданд. Ғайр аз моҳи Рамазон дар моҳи Шаъбон ва моҳи Раҷаб ва дар бақияи авқоти сол ҳам... дар он ҳавои гарм як рӯз дар миён рӯза мегирифтанд. Асҳоб ва ёронаш ба Ӯ арз карданд: Ё Расулаллоҳ, Шумо, ки гуноҳе надорӣ – дар сураи Фатҳ омада:

لِّيَغْفِرَ لَكَ اللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِن ذَنبِكَ وَمَا تَأَخَّرَ

чаро ин ҳама дуо ва ибодат ва истиғфор мекунед,?!

Мефармуданд: «اَفَلا اَکُونُ عَبداً شَکوراً» ; Оё бандаи сипосгузори Худо набошам, ки ин ҳама неъмат ба ман дода аст? Ин дарсҳо аз сирраи он бузургвор дар зиндагии мо лозими ва ҳатми аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст