beasat 02

Тарбият аз тарафи Парвардигор

Беъсат- барангехтагии паёмбарон

Таълиму таъдиби пайғамбарон – шогирдони махсуси ҳазрати Аҳадият – амре аст, ки вуҷуд дорад, аммо беъсат чизе илова бар он таълим аст. Дар беъсат таълим, таҳзиб ва тазкия, додани китоб ва ҳикмат ҳам ҳаст, аммо фақат инҳо нест, балки чизе изофа бар он вуҷуд дорад, ки ҳамон барангехтан аст.

Афзоиши зарфияти вуҷудӣ ва ахлоқӣ

Худои Мутаол шахсияти рӯҳӣ ва ахлоқии он бузургворро дар зарфе тарбият кард ва ба вуҷуд овард, ки битавонад он бори азими амонатро бар душ мекашанд.

Ба ин тартиб зарфияти руҳии ин кӯдак, ки дар оянда бояд дунёеро дар зарфияти вуҷудӣ ва ахлоқии худ тарбият кунад ва пеш бибарад, рӯз ба рӯз афзоиш пайдо кард...

Хисоли ахлоқи воло, шахсияти инсони азиз, сабр ва таҳаммули фаровон, ошноӣ бо дардҳо ва ранҷҳое, ки мумкин аст барои як инсон дар кудакӣ пеш биёяд, шахсияти дарҳам танидаи азим ва амиқеро дар ин кӯдак заминасозӣ кард.

Беъсат кушода шудани дарҳои осмон ба рӯи Пайғамбар(с)

То касе худ дорои бартарин макорими ахлоқ набошад, Худои Мутаол ин маъмурияти азим ва хатирро ба ӯ нахоҳад дод, лизо дар авоили беъсат, Худои Мутаол ба Пайғамбар(с) мефармояд: “وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٍ” . Сохта ва пардохта шудани Пайғамбар(с), то зарфе бишавад, ки Худои Мутаол он зарфро муносиби ваҳйи худ бидонад, марбут ба қабл аз беъсат аст, лизо ворид шудааст, ки Пайғамбари Акрам(с), ки дар ҷавонӣ ба тиҷорат машғул буданд ва даромадҳои зиёде аз тариқи тиҷорат ба даст оварда буданд, ҳамаро дар роҳи Худои Мутаол садақа доданд ва байни мустамандон тақсим карданд. Дар ин даврон, ки даврони авохири такомули Пайғамбар(с) ва пеш аз нузули ваҳй аст – давроне, ки ҳанӯз эшон пайғамбар ҳам нашуда буданд – Пайғамбар(с) аз куҳи Ҳиро боло мерафтанд ва ба оёти Илоҳӣ нигоҳ мекард. Ба осмон, ба ситорагон, ба замин, ба халоиқе, ки дар рӯи замин бо эҳсосоти мухталиф ва бо равишҳои гуногун зиндагӣ мекунанд нигоҳ мекард. Ӯ дар ҳамаи инҳо оёти Илоҳиро медид ва рӯз ба рӯз хузуъи ӯ дар муқобили ҳақ, хушуъи дили ӯ дар муқобили амру наҳйи Илоҳӣ ва иродаи Илоҳӣ бештар мешуд ва ҷавонаҳои ахлоки нек дар Ӯ рӯз ба рӯз бештар рушд мекард. Дар ривоёт аст, ки: “Пайғамбар (с) оқилтарини мардум ва бо кароматтарини онҳо буданд” .

Пайғамбар қабл аз беъсат бо мушоҳидаи оёти илоҳӣ, рӯз ба рӯз пурбортар мешуданд, то ба чиҳилсолагӣ расид.

Дили Ӯ дар чиҳилсолагӣ нуронитарин, хошеътарин ва пурзарфияттарини дилҳо барои дарёфти паёми Илоҳӣ буд.

Вақте ба ин марҳила аз маънавият ва рӯҳоният ва нуроният ва авҷи камол расиданд, Худои Мутаол дарҳои осмон ва дарҳои оламҳои ғайбиро ба рӯи Ӯ боз карданд ва чашми Ӯро ба оламҳои маънавӣ ва ғайбӣ кушоданд.

Ӯ фариштагонро медид, ки бо Вай сухан мегуфтанд ва каломи онҳоро мешуниданд, то ин ки ҳазрати Ҷабраили амин (алайҳисалом) бар Ӯ нозил шуданд ва гуфт: «Бихон»... . Ин шуруъи беъсат ва нозилшудани оятҳои Илоҳӣ ба он зоти поки тарбиятёфти Илоҳӣ ва низ ҳадяи бузурги Илоҳӣ ба кулли башарият буд.    

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст