Mabas1

Падар- Абдуллоҳ

Абдуллоҳ падари он бузургвор, бино бар ривояте, пеш аз вилодаташ ва бино бар ривоёти дигар чанд моҳ баъд аз вилодаташ аз дунё меравад ва он ҳазрат падарро намебинад.

Модар- Омина

Гоҳе ин кӯдакро назди модараш – ҷаноби Омина – меовард ва ишон ӯро медид ва сипас бозмегардонд. Баъд аз шаш сол, ки ин кӯдак аз лиҳози ҷисмӣ ва рӯҳӣ парвариши бисёр мумтозе пайдо карда буд; аз назари ҷисмӣ қавӣ, зебо, чолок ва коромад ва аз назари рӯҳӣ матин, сабур, хушахлоқ, хушрафтор ва бо диди боз, ки лозимаи зиндагӣ дар ҳамон шароит аст– ба модар ва хонавода баргардонда шуд.

Модар кӯдакро бардошт ва бо худ ба Ясриб (Мадинаи имрӯзӣ) бурд, барои ин ки ҳазрати Абдуллоҳро – ки дар онҷо аз дунё рафт ва ҳамонҷо ҳам дафн шуд – зиёрат кунанд. Баъдҳо вақте Пайғамбар(с) ба Мадина ташриф бурданд ва аз онҷо гузар карданд, фармуданд: Падари ман дар инҷо дафн шудааст ва дар ёдам ҳаст, ки барои зиёрати падарам, бо модарам ба инҷо омадем. Ҳангоми бозгашт дар маҳалле ба номи Абвоъ модараш ҳам аз дунё рафт ва ин кӯдак аз падару модар –ҳар ду– ятим шуд. Умми Айман ӯро ба Мадина овард ва ба дасти Абдулмуталлиб дод.

Доя- Ҳалима

Ба расми хонадонҳои шариф ва асили он рӯзи Арабистон, ки фарзандони худашонро ба занони покдоман ва асил месупориданд, то онҳоро дар куҳистони хушбоду ҳаво ва макони сарсабз ва дар миёни қабоили арабӣ парвариш диҳанд, ин кӯдаки азизи чароғи хонаводаро ба як зани асили наҷиб ба номи Ҳалимаи Саъдия –ки аз қабилаи Бани Саъд буд– супориданд. Ӯ ҳам Пайғамбарро ба миёни қабилаи худ бурд ва ҳудуди шаш сол он дурри гаронбаҳоро нигаҳ дошт. Ба ӯ шир доданд ва ӯро тарбият карданд, аз ин рӯ Пайғамбар(с) дар макони сарсабз ва куҳистони хуш обу ҳаво парвариш ёфтанд.

Ҷад-Абдулмуталлиб

Абдулмуталлиб мисли ҷони ширин аз ин кӯдак пазироӣ ва парасторӣ мекард. Дар шеъре Абдулмуталлиб мегӯяд, ки ман барои ӯ мисли модарам. Ин пирамарди ҳудуди садсола – ки раиси Қурайш ва бисёр шариф ва азиз буд– ончунон ба ин кӯдак меҳру муҳаббат кард, ки аслан эҳсоси камбуди муҳаббат надошта бошад. Шигифтовар ин аст, ки ин навҷавон, сахтиҳои дурӣ аз падару модарро таҳаммул мекунад, барои ин ки зарфият ва омодагии ӯ афзоиш ёбад, аммо як сари сузан ҳақорате, ки эҳтимолан мумкин аст барои баъзе аз чунин кудаконе пеш биёяд, барои ӯ ба вуҷуд намеояд. Абдулмуталлиб ончунон ӯро азиз ва гиромӣ медошт, ки мояи тааҷҷуби ҳама мешуд.

Дар китобҳои таърихӣ ва ҳадисӣ омадааст, ки канори Каъба барои Абдулмуталлиб фарш ва маснаде паҳн мекарданд ва ӯ онҷо менишаст ва писарони ӯ ва ҷавонони Бани Ҳошим бо иззату эҳтиром гирди ӯ ҷамъ мешуданд. Вақте Абдулмуталлиб набуд ё дохили Каъба буд, ин кӯдак мерафт ва рӯи маснад менишаст. Абдулмуталлиб, ки меомад, ҷавонони Бани Ҳошим ба ин кӯдак мегуфтанд, ки бархез, ин ҷои падар аст, аммо Абдулмуталлиб мегуфт: Не, ҷои ӯ ҳамон ҷост ва бояд онҷо бинишинад. Он вақт худаш канор менишаст ва ин кӯдаки азизу шариф ва гиромиро дар он маҳал нигоҳ медошт. Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳашт сола буданд, ки ҳазрати Абдулмуталлиб ҳам аз дунё рафтанд.

Амак- Абӯтолиб

Дар ривоят омадааст, ки дами марг ҳазрати Абдулмуталлиб аз Абӯтолиб – писари бисёр шарифу бузургвори худ – байъат гирифту фармуданд: ки ин кӯдакро ба ту месупорам. Бояд мисли ман аз ӯ ҳимоят кунӣ. Абӯтолиб ҳам қабул карданд ва ӯро ба хонаводаи худаш бурданд ва чун ҷони гиромӣ, аз ӯ нигадорӣ мекарданд. Абӯтолиб ва ҳамсараш – шерзани араб, Фотима бинти Асад, модари ҳазрати Алӣ(к) – тақрибан чиҳил сол мисли падару модар, ин инсони волоро ҳимоят ва кӯмак ва бузург карданд. Набии Акрам(с) дар чунин шароите даврони кудакӣ ва навҷавонии худро гузаронд.

Хисоли ахлоқии воло, шахсияти инсони азиз, сабр ва таҳаммули фаровон, ошноӣ бо дардҳо ва ранҷҳое, ки мумкин аст барои як инсон дар кӯдакӣ пеш биёяд, шахсияти дарҳам танидаи азим ва амиқеро дар ин кӯдак заминасозӣ кард. Дар кудакӣ бо ҷаноби Абӯтолиб ба сафари тиҷорӣ мерафтанд ва корро меомӯхтанд.

Ҳамсар- Хадиҷа

Ба тадриҷ ин сафари тиҷорӣ такрор шуд, то ба давраи навҷавонӣ ва давраи издивоҷ бо ҷаноби Хадиҷа ва ба даврони чиҳилсолагӣ – ки даврони пайғамбарӣ аст – расид. Пайғамбари Ислом(с) бо ин зани пок ва покдоман ақди осмонӣ бастанд, ки ҳосили ин издивоҷи нуронӣ танҳо фарзанди дурдонае ба номи Фотима ба ёдгор монд. Ҳазрати Фотима дурдонаи Пайғамбар(с) ва ҳазрати Хадиҷа мавриди эҳтироми хоссаи мо мусулмонон низ ҳастанд. Муҳаббат ба ӯ сабаби шодии ва ризояти руҳи баланди Пайғамбари Акрам(с) ва ҳазрати Хадиҷа мешавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст