Nabi 003

Барои онки ин кор ба сомон бирасад, се марҳила вуҷуд дошт:

1.       Поярезии низом буд, ки бо ин корҳо анҷом гирифт.

2.       Нигаҳбонӣ ва муҳофизат аз ин низом буд. Мавҷуди зиндаи рӯ ба рушд ва нумуве, ки соҳибони қудрат агар ӯро бишиносанд аз ӯ эҳсоси хатар мекунанд, ҳатман душман дорад. Агар Пайғамбар(с) натавонад дар муқобили душман ҳушёрона аз ин мавлуди табиӣ ва муборак нигаҳбонӣ кунад, аз байн хоҳад рафт ва ҳамаи заҳматҳояш беҳосил хоҳад буд.

3.       Такмил ва созандагии биност. Поярезӣ кофӣ нест, балки қадами аввал аст.

Ин се кор бо ҳам анҷом мегирад. Поярезӣ дар дараҷаи аввал аст, аммо дар ҳамин поярезӣ ҳам душманон дарназар гирифта шудааст ва баъд аз ин ҳам ҳаросат идома пайдо хоҳад кард. Дар замони поярезӣ ба бинои ашхос, бунёнҳои иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳ шудааст ва баъд аз ин ҳам идома пайдо хоҳад дошт.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст