Бисёри аз калимаҳо ва истилоҳҳо мафҳумеро бо худ доранд, ки дар қолаби як ҷумла ва чанд ҷумла намеғунҷад балки худ як китобе аст аз маъноҳову мафоҳим!

Ғайрат доштан ва ғаюр будан аз ҷумла сифате аст, ки дар фарҳанги умуми мардум онро аз сифати мардони ба ҳисоб меоваранд. Ин калима ба хусус вақте бо калимаи дин ҳомроҳ мешавад маънои хоссе меёбад, ки баёнгари рӯҳияи ҷудогона дар соҳиби он аст. Шумо дар мавриди ғайрат чи медонед?

Расули Акрам (с) мефармоянд:

لا اَحَدٌ اَغیَر مِن الله

Ҳеҷ кас бо ғайраттар аз худи Худо нест! Дар ин навиштор талош мекунем маънои ин калимаро мушаххас кунем.

Таърифи ғайрат:

Ғайрат ҳолате дар рӯҳи инсон аст, ки ӯро барои ҳифзи ончи, ки шариат ва ақл фарз кардааст ташвиқ мекунад.

Ин таъриф, ки дар бисёри аз китобҳои ахлоқӣ ва луғавӣ зикр шудааст, баёнгари он аст, ки ғаюр барои ҳифзи шаръиёт ва фарзиёти ақлонӣ омадааст ва аз ҳеҷ, талоше дареғ намекунад.

Фарзи шаръӣ ва фарзи ақлӣ:

Фарзиёти шаръӣ ҳамонҳое ҳастанд, ки дар дин баён шудааст ва Расули Худо (с) онҳоро омӯзиш додаанд. Ин фарзиёти шаръӣ барои итоат лозим мебошад.

Аммо фарзиёти ақлӣ умуре ҳастанд, ки ҳатто агар Паёмбар ва ҷонишинонаш ҳам набошанд ақл салими инсонӣ ба он даст пайдо мекунад.

Ин умур дар сиришти ҳар инсоне вуҷуд дорад ва ӯро ба нигаҳдории онҳо ташвиқ мекунад.

Дар истилоҳи аҳли фан умуре, ки аз дидгоҳ ақл фарзанд, аз маротиби ақл амалӣ ҳастанд ва он қувва ва тавонои дар рӯҳи инсон аст, ки нисбат ба анҷоми баъзе аз умур огоҳи доранд.

Ғайрати динӣ ва амри фитрӣ:

Бинобар ончи дар таърифи ғайрат гуфтем метавон ҳукм кард, ки ғайрати динӣ амри фитрӣ ва дарунӣ аст ва ҳифзи умуре, ки аз дидгоҳ ақл ва шаръ фарз аст, реша дар сиришти инсон дорад. Аз ин рӯ то замоне, ки инсон гирифтори ҳавову ҳавас ва осибҳое нашавад, ки фитраташро торик ва нур онро хомуш кунад, аз дарун ва фитрати худ ғайрати динӣ дорад ва нисбат ба ҳифзи умури шаръӣ ва ақлӣ ҳассос аст.

 

Фитрати инсонӣ, рӯҳи Илоҳӣ:

«Фитрат» сиришти пок ва нурони дар инсон аст, ки Худованд Мутаол онро дар вуҷуди одамӣ ба амонат гузоштааст. Онгоҳ ки Худованд аз рӯҳи худ дар Одам дамид фитрати Илоҳӣ дар ӯ қарор додашуд. Бинобарин ғайрати динӣ, ки амри фитрӣ аст реша дар сифати Худованд дорад ва бар асоси ончи аз ривоятҳо ба даст меояд реша дар ғайрати Худованд дорад.

Расули Акрам (с) мефармояд:

لا احدٌ أغير مِن الله.

Ҳеҷ кас бо ғайраттар аз худи худо нест!

Ва ё дар ҳадиси дигар мефармояд:

إنّ الله غيورٌ و يُحِبُّ کلّ غيور.

Ҳамоно Худованд ғайратманд аст ва ҳар ғайратмандеро дӯст медорад. Бинобарин инсони пок омехта ба фитрати Илоҳӣ, нисбат ба умури шаръӣ ва ақлӣ ғайрати диниро эъмол мекунад.

Ғайрати мардона ё занона:

Ғайрати дини реша дар рӯҳи инсонӣ дорад. Аз ин рӯ бо ҷинсият иртиботе надорад. ва бар хилофи тасаввури умуми мардум ғайрат амри махсуси мардон нест балки ғайрат доштан ҳасосияти руҳӣ нисбат ба зиштиҳои динӣ ва ақлӣ аст, ки метавон ба василаи мард ё зан касб шавад. Аз ин рӯ мардонагӣ ё ғайрат амри махсуси мардҳо нест.

Дар тули таърих занҳои ғайратманде, ки нисбат ба ҳифзи фарзиёти шаръӣ ва ақлӣ ҳассос буда ва талош менамоянд кам нестанд. Онҳо бо фитрати Илоҳӣ соҳиби ғайрати динӣ ҳастанд, ки реша дар ғайрати Худовандӣ дорад.

Ҳаром будани фаҳшо ва мункар натиҷаи ғайрат аст:

Ғайрат сифати Илоҳӣ аст, ки бештар аз ҳар кас худи Худо аст, ки ғайрат дорад. Дар ҳадиси шариф аз Расули Худо (с) натиҷаи ғайрати Илоҳӣ ҳаром будани фаҳшо ва мункар зикр шудааст.

Ҳазрат мефармояд:

من غيرته (الله) حرّم الفواحش ظاهره و باطنه؛

Аз ғайрати Худо аст, ки бадиҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ҳаром гардидааст. Бинобарин инсони ғайратманд низ, ки нури Илоҳӣ дар вуҷудаш медурахшад, бадиҳои ақлӣ ва шаръиро муртакиб намешавад ва аз рӯӣ ғайрати худ онҳоро бар худ ҳаром мегардонад.

Натиҷа гирӣ:

Ғайрати динӣ сифати Илоҳӣ аст, ки ҳар касе соҳиби он аст нисбат ба бадиҳо ва зиштиҳои шаръӣ ва ақлӣ ҳасосият нишон медиҳад ва онҳоро ба хотири ғайрати дарунии худ, ҳаром мегардонад ва аз онҳо рӯй мегардонад. Аз ин рӯ занон ва мардони Илоҳӣ ғаюранд ва нисбат ба умури шаръӣ ва ақлӣ ғайрат доранд.

Манобеъ:

1- Наҳҷ-ул-Фасоҳа

2- Кимёи саодат

3- Мулло Аҳмади Нароқӣ

4- Муфрадоти Роғиб

5- Ақли Амалӣ

6- Ҳоирии Яздӣ

7- Киш Порсоён

8- Муҷтабо Теҳронӣ

9- маҷмуои суханрониҳои оятулоҳи Муҷтабо Теҳронӣ ба унвони муслиҳи ғаюр

10- Мадина фозилаи Форобӣ

11- каломи исломӣ Ҳалабӣ

tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст