Ба номи Худо

ویژگیهای یک ورزشکار مسلمان

1.Имон:

Аввалин хусусияти як варзишкори мусулмон, имон ва тақвои ӯст. Неруманд будан ба танҳои аз назари ислом арзише надорад.

Ончи меъёри арзиш аст, тақво аст. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

"انّ اکرمکم عندالله اتقیلکم

“Гиромитарини шумо назди Худо, парҳезгортарини шумост.”

Албатта инсони парҳезкор ва бо имон, ҳарчи қавитар ва нерумандтар бошад, беҳтар аст, аммо қави будан ба танҳои кофи набуда ва милоки арзиш нахоҳад буд; аз инру дар ҳадиси набави мехонем:

المؤمن القوی خیر و احب من المؤمن الضّعیف

“Шахси боимон қави ва неруманд, аз шахси бо имони заъиф беҳтар ва дустдоштанитар аст.”

Дар ин ҳадис ибтидо калимаи “муъмин” оварда шуда ва сипас калимаи “қави” ё “заъиф” ва инсони бо имон бо як инсони дигар меқоиса шуда аст, на як инсони фоқиди имон, зеро инсони фоқиди имон, арзише надорад.

Нуктаи ҷолиби таваҷуҳ, инки инсони боимон агар неруманд ва солим бошад, метавонад маншаи осори хайри бештаре бошад ва ҳатто беҳтар ва бештар ибодат намояд.

2. Амин будан

Варзишкори мусалмон бояд амин бошад. Дар мавориде аз оёти Қуръонӣ, “қави будан” бо “амин будан қарин шуда” ва гуё мукаммили якдигар дониста шудаанд.

Яке аз он маворид, достони  ҳазрати Мусо(а) ва духтарони  ҳазрати Шуайб (а) аст.

Вақте Сафуро духтари  ҳазрати Шуайб(а) мехоҳад  ҳазрати Мусо(а) ро барои истихдом шудан ба падари худ пешниҳод кунад, ба ду вижагии мусбати вай ишора намуда мегуяд:

یا ابت استاجره انّ خیر من استاجرت القوی الامین

“Падарҷон! Мусоро истихдом намо, зеро беҳтарин касе, ки метавони истихдом куни, касе аст, ки қави ва амин бошад.”

Ба таври кулли агар касе қави бошад, вале амин набошад, аз касе, ки заъиф аст, вале ӯ ҳам амин аст, хатарнок хоҳад буд.

Мавриди дигар, достони  ҳазрати Сулаймон(а) ва Билқайс аст. Онҷо, ки ҳазрати Сулаймон(а) мехоҳад ба суръат тахти Билқайсро аз сарзамини Сабо ба кохи худ биёварад, мегӯяд: “Кадом як аз шумо дарбориён, тахти Билқайсро қабл аз онки таслими амри ман шаванд, назди ман хоҳад овард? Ифрите за ҷин мегуяд:

"انا اتیک به قبل ان تقوم من مقامک

“Ман пеш аз инки аз ҷоят баланд шавӣ, онро назди ту хоҳам овард.”

Ва онгоҳ изофа мекунад:

"و انی علیه لقوی امین

“Ва ман дар ин кор, қави ва амин ҳастам.”

Ва бадин тартиб, худро қави ва амин муаррифи намуда ва қувватро дар канори амонат ба кор мебарад.

3. Дониш ва биниш

Варзишкори мусалмон бояд дорои дониш ва биниши васеъ бошад. Варзишкори мусалмон, ҳамчунон, ки аз назари ҷисмӣ, қави ва неруманд аст, аз ҷиҳати илми низ бояд тавоно ва неруманд бошад.

Дар Қуръони Карим дар ин хусус чунин мехонем.

وزاده بسطة فی العلم و الجسم

“Ва ӯро (Толутро) дар дониш ва қуввати ҷисми фузуни бахшида аст.”

Дар бораи   ҳазрати Довуд(а) низ, ки ҷавони неруманд ва боимон буда ва ба ҳамин муносибат тавониста буд бузургтарин раҳбари кофиронро ба қатл расонад, мефармояд:

و قتل داوود جالوت و اتاه الله الملک و الحکمة و علّمه ممّا یشاء

Ва Довуд(а), Ҷолутро кушт, ва Худованд ҳукумат ва донишро ба ӯ бахшид ва аз он чи мехост ба ӯ таълим дод.“

Ҳамчунин дар бораи ӯ мефармояд:

وشددنا ملکه و اتیناه الحکمة؛

“Мо пояи ҳукумати ӯро муҳкам сохтем ва ба ӯ дониш додем.”

Чунонки мулоҳиза мешавад, Довуд(а) аз имон ва қудрати бадании кофи бархурдор буда аст; бинобар ин , лозим аст, ки аз назари илм ва дониш ҳам ба андозаи кофи неруманд шавад, то омодагии раҳбариро пайдо кунад. Худованд ин илм ва донишро низ худ ба ӯ таълим дода ва арзони медорад.

Гуё аз назари Қуръон, навъе иртибот байни камоли ҷисмони ва омодагӣ, ҷиҳати касби дониш, биниш, ҳукумат ва қазоват вуҷуд дорад; аз инру дар бораи бархе паёмбарони бузург чунин мефармояд:

و لمّا بلغ اشدّه اتیناه حکما و علما

“Ва ҳангоме, ки (Юсуф) ба марҳилаи булуғ ва қувват расид, мо ҳукм ва илм ба ӯ додем.”

و لمّا بلغ اشدّه اتیناه حکما و علما

“Ҳангоме, ки (Мусо) неруманд ва комил шуд, ҳукумат ва дониш ба ӯ додем.”

Ҳамчунин дар Қуръон мехонем:

Вақте ҳазрати Сулаймон(а) ба дарбориёни худ мегӯяд: “Чи касе тахти Билқисро қабл аз он, ки таслими амри ман шавад, назди ман хоҳад овард? Ифрине аз ҷин мегуяд: “Ман пеш аз инки аз ҷоят баланд шавӣ, онро назди ту хоҳам овард,” вале касе, ки дорои қудрати фавқул оддае аст мегуяд:

"انا اتیک به قبل آن یرتدّ الیک طرفک

“Ман пеш аз онки чашм бар ҳам зани, онро бадинҷо хоҳам овард.”

Ва чунин низ мекунад. Худованд дар Қуръон ин шахси тавоноро дорои дониш муаррифи намуд ва мефармояд:

قال الّذی عنده علم من الکتاب

“Гуфт он касе, ки ба илм ва дониши китоби (илоҳӣ) доно буд.”

Дар ривоятҳои исломӣ низ ба донишпажуҳӣ, варзиш ва кор аҳамият дода шуда аст, ба унвони намуна, мебинем дар ҳадиси набавӣ на танҳо омӯзиши китобат ва савод яке аз вазоифи падар нисбат ба фарзанди писар, дониста шуда, балки бар омузиши ду варзиши шино ва тирандозӣ, ки ин ду низ аз вазоифи падар мебошанд муқаддам шуда аст:

"حقّ الولد علی والده آن یعلمه الکتابة و السّباحة و الرّمایة و ان لا یرزقه الا طیّبا؛

“Ҳаққи фарзанд (писар) бар қҳдаи падараш ин аст, ки ба ӯ навиштан ва шино кардан ва тирандози намуданро омӯзиш дода ва ҷуз аз роҳи ҳалол, рӯзии ӯро таъмин накунад.”

4. Пеши гирифтан дар кори хайр.

Ба таври маъмули пеши гирифтан дар баранда шудан дар мусобиқот ва рақобатҳои варзишӣ, барои варзишкорон аз аҳамияти хоссе бархурдор аст, ки албатта ишколе ҳам надорад, вале варзишкори мусалмон бояд ба мусобиқа дар умури хайрия ва баранда шудан дар он, пеш аз баранда шудан дар мусобиқоти варзиши аҳамият бидиҳад. Худованд дар Қуръон, дар бораи имон оварандагон мефармояд:

اولئک یسارعون فی الخیرات و هم لها سابقون

“Онҳо дар саодат ва хайрот таъҷил мекунанд ва инон ҳастанд, ки ба корҳои неку пеши мегиранд.”

Ҳамчунин дар тавсифи паёмбароне ҳамчун Иброҳим, Лут, Исҳоқ, Яъқуб, Нуҳ, Сулаймон, Айюб, Исмоил, Идрис, Зулкифл, Юнус ва Закариё(а) мефармояд:

انّهم کانوا یسارعون فی الخیرات

“Онҳо дар корҳои хайр пеши мегирифтанд.”

5. Ҳимоят аз мазлум:

Варзишкорон набояд ба манзури зургӯи ба дигарон ва даст ёфтан ба ончи ҳаққи ӯ нест варзиш кунад, балки бояд аз зургӯи парҳез намуда ва дорои руҳияи дифоъ аз мазлум дар баробари золим бошад.  Ҳазрати Алӣ(а) дар васияти хеш ба ду фарзанди бузургвораш, имом Ҳасан ва Ҳусейн(а) мефармоянд:

کونا للظّالم خصماً و للمظلوم عونا

“Ҳамвора душмани золим ва ёвари мазлум бошед.”

Ҳамонгуна ки шоир мегуяд:

Шукронаи бозуи тавоно,

Бигрифтани дасти нотавон аст.

Варзишкор бояд шукронаи бозуи тавонои хешро, дифоъ аз мазлум қарор дода ва худро аз васфи холимон ва ситампешагон канор бикашад.  Ҳазрати Мусо(а), ки ҷавоне неруманд буд, метавонад дар ин замина, улгуи муносибе барои варзишкорони озода ва мусалмон бошад.

6.Гузашт ва бахшиш:

Варзишкори мусалмон бояд дорои рӯҳияи гузашт ва бахшиш бошад. Вақте дар авҷи қудрат ва тавонои буда ва бар хасм бартари ва пирузи ёфта, бар ӯ сахт нагирад ва дар садади интиқомҷӯи ва садама задан ба ҳариф барнаояд. Ӯ бояд афв ва гузаштро шукронаи пирузи хеш қарор диҳад.  Ҳазрати Алӣ(а) дар ин маврид мефармоянд:

"اذا قدرت علی عدوّک فاجعل العفوعنه شکراً للقدرة علیه

“Ҳаргоҳ бар душманат даст ёфтӣ, пас бахшиш ва гузашт аз ӯро шукр ва сипос (неъмат) тавонои ба ӯ қарор бидеҳ.”

"و ابظم الغیظ و تجاوز عند المقدرة، و احلم عند الغضب، و اصفح مع الدّولة تکن لک العاقبة؛

“Ва хашмро фуру биншон ва ҳангоми тавонои (аз кайфар) бигузар ва ҳангоми тунхуи бурдбор бош ва бо вуҷуди тасаллут шудан (аз интиқом) дури кун, то бароят подоши неку бошад.”

7. Парҳез аз ғурур.

Варзишкор ҳар чанд неруманд бошад, набояд ба қудрат, тавон ва мақомоте, ки дорад мағрур шавад. Ӯ бояд бидонад ҳамаи неруҳо ва тавонҳо, аз они Худованди Қодири Мутаол аст.

Худованди Мутаол дар Қуръон мефармояд:

"انّ القوة لله جمیعاً

“Ҳамаи неруҳо (бидуни истисно) аз они Худованд аст.”

Пас далеле вуҷуд надорад, ки афроди неруманд ва варзишкор ба қувват ва тавони худ мағрур шуда, Худоро аз ёд бурда ва аз он дар роҳҳои ғайри саҳеҳ ва ғайри инсони истифода намоянд.  Ҳазрати Сулаймон(а), ки дорои қудрат ва ҳукумати фавқул одда буд ва вақте ирода намуда буд, ки тахти Билқисро аз кохаш дар сарзамини Сабоба кохи худро оварад, яке аз дарбориёнаш дар камтар аз як чашм ба ҳам задан, ин корро барояш анҷом дода буд, ба ин қудрат ва азамати фавқул оддае, ки дар ихтиёр дошт, мағрур нашуда ва мегуяд:

هذا من فضل ربّی لیبلونی أأشکر ام اکفر

“Ин аз фазли Парвардигори ман аст, то маро озмоиш кунад, ки оё шукри ӯро ба ҷо меоварам ё куфрони (неъмат) мекунам.”

Бинобар ин бояд қудратро аз ҷониби Худо ва василае барои озмоиш дониста ва ба он мағрур нашуд. Оқибати ғурур, шикаст ва суқут аст, шахси мағрур, ҳарифро дасти кам мегирад, эҳтиётро аз даст дода ва  дар натиҷа шикаст мехурад.  Ҳазрати Алӣ(а) ҳамин амрро офати шуҷоат дониста ва мефармояд:

"آفة الشّجاعة اضاعة الحزم

“Офати шуҷоат, аз байн бурдани тадбир ва ҳушёри аст.”

"آفة الشّجاعة استضعاف الخصم

“Офати шуҷоат, душманро заъиф шумурдан аст.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст