Яке аз иллатҳои пешрафти мусалмонон дар илми пизишки, таваҷуҳи Паёмбари Акрам(с) ба масоили беҳдошти буда аст. Ислом, дар бораи қоидаҳои куллии пизишки ва беҳдошти дастурҳое ба пайравонаш дода аст ки метавон аз ин дастурҳо ба унвони яке аз пояҳои илми пизишки исломи ёд кард.

Ҳадисҳои зиёде аз Паёмбари Акрам(с) дар бораи саломат, бемори, беҳдошт ва масоили дигар марбут ба пизишки вуҷуд дорад. Маҷмуаи гуфтаҳои Паёмбари Акрам(с) дар бораи тиббро баъдҳо нависандагони исломи ба риштаи қалам даровардаанд ва баъдҳо ин навиштаҳо китобе шуд ба номи Тиббун Наби(с).

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

Он ки дардҳоро офарида аст, дармони онро низ офарида аст.

Ҳар дардеро дармоне аст, пас чун дору ва ба дард бирасад, ба изни Худованд беҳбуд ёбад.

Худро мудово кунед, чароки Худованд ҳеҷ дардеро наёфарида магар онки барои он дармоне нозил карда аст.

Ҳар кореро чорае аст ва чораи тандурусти дар дунё чор чиз аст: Кам сухан гуфтан, кам хобидан, кам роҳ рафтан ва кам хурок хурдан.

Рӯза бигиред то тандуруст бимонед.

Сафар кунед то тандуруст бимонед.

Се чиз аст ки бадан ба воситаи он шодоб мешавад ва рушд мекунад: Бӯи хуш, либоси нарм ва хурдани асал.

Хурдани хуроки бегаҳиро тарк накунед, ҳарчанд бо хурдани як адад хурмои хушк бошад, чароки хурдани бегаҳи, мояи нерумандии пиру ҷавон аст ва тарки он мояи пири ва дар ҳамшикастаги.

Ҳар кас ғам ва ғуссааш зиёд бошад, баданаш бемор мегардад.

Кутоҳ кардани нохунҳо пешгири аз бемори мекунад ва рӯзии шахсро фаровон мекунад.

Ҳар кас ба ҳаром дармон биҷуяд, Худованд дар он шифое қарор намедиҳад.

То ҳангоме ки баданат дардро таҳаммул мекунад, аз дору бипарҳез ва онгоҳ ки дардро таҳаммул накард, аз дору истифода кун.

Ҳар кас метавонад бо бемории худ сабр кунад, аз дармон бипарҳезад, зеро чи басо доруе, ки худ бемори меоварад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст