Матни рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод Алӣ ибни Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абитолиб (а) дар китобҳои фаровоне нақл шудааст. Олими бузург шайх Садуқ ин рисоларо бо санади муътабар дар китоби Хисол ва Фақеҳ нақл намудааст. Ҳамчунин ин рисола дар китобҳои Туҳафулуқул ва Макоримулахлоқ омадааст.

Теъдоди ҳуқуқи бар асоси нақли Туҳафулуқул 50 ҳақ аст, вале бар асоси нақли марҳум Садуқ 51 ҳақ мебошад, ки ҳаққи ҳаҷ дар миёни ҳаққи намоз ва ҳаққи рӯза баён шудааст. Ин нақлҳо дар асли матолиб яке ҳастанд ҳарчанд дар нақли ривоят андаке фарқ доранд.

 

Дар ин рисола ҳуқуқе баён шудааст, ки баъзе воҷиб ва бисёре аз онҳо мустаҳаб ҳастанд ва сазовор аст, ки риоят шаванд.

Ҳуқуқи ин рисоларо метавон ингуна тақсимбандӣ кард:

1. Ҳаққи Худо

Ҳуқуқи аъзои бадан

1)     Ҳаққи нафс

2)    Ҳаққи забон

3)    Ҳаққи гӯш

4)    Ҳаққи чашм

5)    Ҳаққи даст

6)    Ҳаққи по

7)    Ҳаққи шикам

8)    Ҳаққи аврат

Ҳуқуқи баъзе ибодатҳо

1)    Ҳаққи намоз

2)    Ҳаққи ҳаҷ

3)    Ҳаққи рӯза

4)    Ҳаққи садақа

5)    Ҳаққи қурбонӣ

Ҳуқуқи пешвоён

1)     Ҳаққи султон

2)     Ҳаққи муаллим

3)    Ҳаққи сарпараст

Ҳуқуқи зердастон

1)    Ҳаққи мардум

2)    Ҳаққи шогирд

3)    Ҳаққи зан

4)    Ҳаққи ғулом

Ҳуқуқи хешовандон

1)    Ҳаққи модар

2)     Ҳаққи падар

3)    Ҳаққи фарзанд

4)    Ҳаққи бародар

5)    Ҳаққи озодкунандаи ғулом

6)     Ҳаққи озодшуда

Ҳуқуқи иҷтимоӣ

1)    Ҳаққи касе, ки ба ту некӣ кардааст

2)    Ҳаққи муаззин

3)    Ҳаққи имоми ҷамоат

4)    Ҳаққи ҳамнишин

5)    Ҳаққи ҳамсоя

6)    Ҳаққи рафиқ

7)    Ҳаққи шарик

8)    Ҳаққи мол

9)    Ҳаққи соҳиби қарз

10)  Ҳаққи муошир

11)  Ҳаққи даъвогар

12)  Ҳаққи мутаҳҳам

13)  Ҳаққи машвараткунанда

14)   Ҳаққи мушовир

15)   Ҳаққи насиҳатхоҳ

16)   Ҳаққи насиҳаткунанда

17)   Ҳаққи солхурда

18)   Ҳаққи хурдсол

19)   Ҳаққи дархосткунанда (гадо)

20)   Ҳаққи масъул

21)   Ҳаққи шодкунандаи ту

22)   Ҳаққибад кунандаи ту

23)   Ҳаққи ҳамкешон

24)   Ҳаққи аҳли зимма

Имрӯз, ки башар иддаои дастёбӣ ба болотарин навъи фарҳанг ва тамаддунро дорад ва дам аз ҳуқуқи башар ва ҳатто ҳимоят аз ҳайвонот ва ё ҳифзи муҳити зист мезанад илова бар ин ки ҳокимони золим ва зургӯ пушти ин шиорҳо худро пинҳон мекунанд ва мардумро фиреб медиҳанд ва медонанд, ки дуруғ мегӯянд, дар баҳси қонуншиносӣ ва қонунгузорӣ ҳам дар муқоиса бо қонуни осмонӣ ва илоҳӣ, ки Рисолаи ҳуқуқи имоми Саҷҷод (а) намунае аз он аст камбудии ҷиддӣ доранд.

Имом Саҷҷод (а) дар ин рисола сифоти мӯъминони ҳақиқиро баён мекунад.

Умедворем Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи ошноӣ бо қонунҳои Ислом ва амал ба онро марҳамат бифармояд.

Муҳаммадсодиқи Қубодӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст