Оё бархостан пеши падару модар ширк аст?

Гоҳе аз тарафи касоне ин масъала матраҳ мешавад, ки бархостан пеши ҳар кас, аз ҷумла падару модар ширк аст. Онҳо ба зоҳир, зоҳир ки чӣ гӯем, хеле зоҳири бархе ояту ривоятҳо тамассук мекунанд ва чунин натиҷаҳои нодуруст, ки гоҳе боиси ваҳну паст нишон додани исломи азиз мешавад, мегиранд.

Нодурустии ин ақида назди ақл бисёр рӯшан аст, аз ин рӯст, ки дар ҷомеа ҷойгоҳе надорад, вале ба ҳар ҳол касоне аз ҷавонон ба ҷиҳати беиттилоӣ аз муҳтавои дин ва матолиби зебову маъқули исломи ноб, фиреби ин гуна ҳарфҳоро мехӯранд ва аҳёнан таҳти таъсири ин ақида, ба падару модари худ, ки Худо эҳсон ба онҳоро дар канори иқрор ба ваҳдонияти худ зикр кардааст беэҳтиромӣ мекунанд ва мутаассифона боиси ранҷиши хотири мубораки ин ду неъмати бузурги илоҳӣ мегарданд.

Мо дар инҷо бино дорем ба таври хулоса масъалаи бархостан пеши падару модарро аз Қуръон ва ривоёт баён намоем, то барои ҷавонон рӯшан шавад, ки ин эътиқод ҳеҷ появу асосе надорад.

Озори падару модар ҳаром аст.

Қуръони Карим дар бараи падару модар мефармояд: “ Парвардигори ту муқаррар кард, ки ҷуз Ӯро мапарастед ва ба падару модари худ эҳсон кунед, агар яке аз он ду ё ҳарду дар канори ту ба пирӣ расиданд ба онҳо (ҳатто) “уф” магӯ ва бо онон бадрафторӣ макун ва бо онҳо сухани шоиста бигӯ.”[1]

Мутобиқи ин оят, некӣ ба падару модар фарз аст ва озору азияти онҳо ҳаром. Дар ривояте омадааст, ки мақсад аз “уф” камтарин озор аст ва агар калимае кӯтоҳтар аз “уф” вуҷуд дошт, ки бар озор далолат мекард, Худо аз он наҳй мефармуд.[2]

Ҳоло суол ин аст, ки оё барнахостан пеши падару модар навъе беэҳтиромӣ ба онҳо нест? Оё бо ин амал хотири падару модар озурда намешавад? Худое, ки иҷозати “уф” гуфтанро нисбат ба падару модар намедиҳад то дили он ду бузургвор наранҷад оё иҷозат медиҳад, ки фарзанд ин гуна беэътинои ба волидайни худ кунад? Ин чӣ мантиқест?! Куҷои ин кор ширк аст? Оё касе, ки пеши падару модари худ мехезад онҳоро Худо медонад? Ё фарзанди Худо? Ё Раб? Ё Холиқ? Ин аз кадом навъи ширк аст?

Мутаассифона ин масъала аз он афкорест, ки ҳеҷ гуна пояи мантиқӣ ва динӣ надорад ва як идда мутаҳаҷҷири хушк, ки бӯе аз маорифи волои исломӣ набурдаанд ин афкорро дар миёни оммаи муслимин тарвиҷ мекунанд ва мехоҳанд онҳоро ба ҳамон роҳи торике, ки худ интихоб кардаанд, раҳсипор кунанд.

Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) пеши Фотима(саломуллоҳ алайҳо) мехезад

Оиша(Уммулмӯъминин) мегӯяд: Вақте Фотима(саломуллоҳ алайҳо) бар Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дохил мешуд, Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба хотири эҳтироми ӯ аз ҷой бармехост ва дасти ӯро мегирифт ва ӯро мебӯсид ва дар ҷои худ менишонд.

Ва баръакс ҳар вақт Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бар Фотима(саломуллоҳ алайҳо) ворид мешуд, ҳазрати Заҳро(саломуллоҳ алайҳо) ба эҳтироми падар аз ҷой бармехост ва дасти ӯро мегирфт ва ӯро мебӯсид ва дар ҷои худ менишонд.[3]

Агар ин кор ширк буд, чаро Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) онро анҷом медод он ҳам пеши духтари худ, албатта Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳазрати Заҳро(саломуллоҳ алайҳо)-ро “Уммиабиҳо” хитоб мекард ва ӯро модари падар мехонд.[4] Ҳамчунин ҳазрати Заҳро(саломуллоҳ алайҳо) ин корро нисбат ба падар анҷом медод, агар ин кор ширк буд оё ҳазрати Заҳро(саломуллоҳ алайҳо) онро анҷом медод?!

Ин кор қатъан ширк нест, балки агар ба қасди итоат аз Парвардигор бошад айни ибодат аст.



[1]. Исро, 23.

[2]. Кофӣ, ҷ.2, саҳ.321, ҳ.7.

[3]. Сунани ибни Абӯдовуд, ҷ.4 саҳ.523, Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ.700. Албонӣ ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

[4]. Усдулғоба, ҷ.3, саҳ.395, Муъҷамулкабир, ҷ.22, саҳ.397.

tasnim.tj

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст