Чигуна иқтисоди хонаводаи худро мудирият кунем?

Арасту иқтисодро илми хонадорӣ медонист, аммо ҳунари иқтисодии хонавода ба маъниӣ барқарории таодул миён манобеи маҳдуди даромадӣ ва мухориҷ аст ва таъмини иқтисодӣ якӣ аз румузи бақой хонаводаҳост.

Иқтисоди хонаводаро метавон; чигуна созмондиҳӣ ва мудирияти манобеи хона таъриф кард.

Метавон феҳристи комиле аз замон, пул, фазои зиндагӣ ва ғайраро таҳия кард. Шояд ақломи ин феҳрист мутафовит ба назар бирасад, вале ҳамаи онҳо дорои як вижагии муштарак ҳастанд. Вижагии ҳамаи ин ақлом дар зиндагии имрӯз ин аст, ки камёб ҳастанд. Ҳатман шунидаем, ки мардум мегуянд: эй кош вақти бештаи доштам, эй кош хонаи бузургтар доштам, эй кош пули бештар доштам, ва... . Ҳар чанд, ки хонавода ба ғайр аз манобеи моддӣ, манобеи назирӣ, ишқ, ваҳдати хонавода, хотироти хуш, лаҳзаҳои шодмонии хонаводагӣ ва ғайраро дар ихтӣёр дорад, ки қобили табдил ба пул нест, аммо нақши манобеи моддӣ ҳам он қадар аҳамият дорад, ки коршиносони мудирияти иҳтисод, хонаводаро яке аз аркони таҳқиқи руёии хушбахтӣ ва муваффақ унвон мекунанд.

Шиваи мудирияти иқтисодии хонаводаҳо, имрӯза бахши умдан аз ҳувияти ононро ташкил дода, равнақ ва шукуфоии иқтисодӣ, рушд ва тараққии хонаводаро дар пай хоҳад дошт.

Интихоб қалби иқтисоди хонавода

Хонавода дуст дорад беҳтарин навъи ғизоро масраф кунад, зеботарин либосҳоро барои аъзои худ таҳия кунад, дар беҳтарин нуқтаи шаҳр ва дар беҳтарин манзил зиндагӣ кунад, беҳтарин васоил ва имконотро дар ихтиёр дошта бошад, ба таври мукаррар сафар биравад, беҳтарин омузишҳоро барои фарзандони худ фароҳам кунад ва даҳҳо беҳтаринҳои дигарро дошта бошад. Воқеият ин аст, ки агар чи ин дархостҳо ба василаи ҳамаи хонаводаҳо матраҳ мешавад, аммо возеҳ аст, ки фақат каме аз хонаводаҳо қодир ба таъмини ҳамаи ин хостаҳо ҳастанд. Даромади як хонаводаӣ мутавассит фақат метавонад теъдоди маҳдуде аз ин хостаҳоро бароварда кунад, аз инру хонавода бояд аз хостаҳои худ баъзеро интихоб кунад. Ниёз ба интихоб дар тамоми тул ва сатҳи мухталифи зиндагӣ вуҷуд дорад.

Ҳатман борҳо пеши худ фикр кардаем, ки агар ин колоро бихарем, наметавонем фарзандонро охири ҳафта ба гардишу саёҳат бибарем, агар саёҳат бирвем наметавонем харҷи мактабии онҳоро бидиҳем, агар барои худ либосеро, ки ниёз аст бихарем, барои духтар ё писар фалон чизро наметавонем таҳия кунем ва дигар мавридҳо. Дар зиндагиӣ рӯзмарра бо садҳо маврид аз ин навъ мувоҷеҳ ҳастем, ки бояд тасмим бигирем ва интихоб кунем.

Ин, ки чи ва чиқадар масраф кунем, чи касе кор кунад, чанд соат кор кунад, дар куҷоӣ шаҳр зиндагӣ кунем, хонаамон чанд утоқӣ бошад пурсишҳое аст, ки ҳар рӯз дар хонаводаҳо матраҳ аст. Посух ба ҳамаи пурсишҳои боло мусталзими тасмимгирӣ ва интихоб аст ва ба ҳамин далел интихоб қалбӣ иқтисоди хонавода аст, ҳамонтавре, ки интхоб дар зиндагии иҷтимоӣ ҳам созандаи ояндаамон дар дунё ва охират хоҳад буд.

Чигунагии тавзеи манобеъ барои расидан ба матлубият.

Чигунагии тавзеи манобеъ дар дасраси хонавода байни аъзои он бисёр муҳим аст. Возеҳ аст, ки агар яке аз аъзой хонавода қисмати бештаре аз даромадро ба худ ихтисос диҳад, саҳми камтар барои дигарон мемонад.

Дар инҷо як роҳҳалли тиллоӣ пешниҳод мешавад:

Аввал листе аз хостаҳои афроди хонавода таҳия шавад. Интихобҳои мумкин мушаххас шавад.

Интихобҳо онқадар ҷобаҷо шавад, ки мутаносиб бо даромади хонавода гардад.

Таваҷҷуҳ кунед, ки ҳар хонавода созмоне аст, ки тавлид ва тавзеи колоро анҷом медиҳад, вале мисли хати тавлиди як корхона нест, системе чун дунё ҳам нест, балке маконе аст, ки дар он гуруҳе зиндагӣ, кор ва бозӣ мекунанд ва амали ҳар як бар дигарӣ асар мегузорад. Беҳтарин ва иқтисодитарин интихоб барои хонавода, интихобе аст, ки бештарин ризоияти хотирро барои хонавода ба даст оварад. Иқтисоддонон ба ҷои ризоияти хотир аз як истилоҳи илмӣ ба исми матлубият истифода мекунад. Онҳо мегуянд: беҳтарин интихоб, интихобест, ки бештарин матлубиятро барои хонавода эҷод кунад.

қисми дуюм

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст