Меҳмон навозӣ аз суннатҳои неки исломӣ аст ва омӯзаҳои ваҳёнии Ислом бар он таъкид ва тарғиб намуда аст. Гузоришҳои Қуръонӣ аз қиёмат ва биҳишт, ҳикоят аз он дорад ки Худованд барои биҳиштиҳо, зиёфат ва меҳмонӣ баргузор мекунад. Паёмбарон  ҳатто барои меҳмононӣ ношинохта, суфраҳои рангин меандохтанд ва аз меҳмонон ба беҳтарин шакл пазирои мекарданд.

Меҳмон касе аст, ки бар дигарӣ ворид шавад ва аз ӯ бо таом ва дигар васоил пазироӣ кунанд.

Вақте сухан аз меҳмони ба миён меояд, итъом ва пазироӣ аз сӯи ва такрим ва эҳтироми меҳмон тавассути мизбон аз сӯи дигар ҷузви лоянфаки он дониста мешавад. Аз инру бахше аз усули меҳмонӣ ба қавонин, аҳком ва одоби меҳмони ихтисос меёбад то ба дурусти ва мутаносиб ба шаън ва шууни меҳмон аз вай пазироӣ ва такрим ба амал ояд.

Меҳмоннавозӣ, посух ба авотифи инсонии инсони  иҷтимоӣ аст. Решаи ин гароиши одамӣ ҳарчи бошад, ӯро ба сӯи ҳамнавъ мекашонад; чун   ниёзи отифӣ ва эҳсосии ӯ муқтазии иртибот ва ҳамкаломӣ ва ҳамнишинӣ бо ҳамнавъ аст. Ин иртибот дар мавориде ба шакли зебое дар меояд ва навъе унс ва улфат миёни афрод эҷод мекунад, ба гунае,ки рӯҳу  равони одамӣ ба оромиши хос даст меёбад.  Меҳмони аз иртибототе аст, ки дар сафар миёни афрод падид меояд ва ҳамагӣ ҳамонанди як воҳид амал мекунанд ва ташаттут ва ихтилофҳо ё ба таври комил бардошта ё коста мешавад; чаро ки сарнавишти муштарак ҳамроҳ будан дар сафар ва хатар, пайванди устувор дар миёни эшон падид меоварад.

Ҳамсуфрашудан ва дар як зиёфат бар гирди ҳам ҷамъ омадан низ ингуна аст ки ташаттутро ба ваҳдат ва вогароиро ба ҳамгароӣ табдил мекунад. Аз инру иртибот миёни дӯстон ҳангоме ки бо меҳмонӣ тақвият шавад, иртибот устувортар ва пойдортар аст.

Аз сӯи инсон мехоҳад авотиф ва еҳсосоти хешро ба бархе аз афрод, ки ононро дӯсти худ мегирад ё сармашқи худ қарор медиҳад, буруз диҳад. Яке аз равишҳои ибрози еҳсосот, зиёфат ва меҳмонӣ додан аст. Лизо аз зиёфат ба унвони мисдоқе аз такрим ёд шуда аст.

Меҳмони, абзори иртиботи меҳмони додан яке аз абзорҳои муҳим ва асосии иртиботи аст. Ҳар инсоне ниёзманди иртибот бо дигари посухгуи ба ниёзҳои отифи ва ғайри отифии худ аст. Ҳатто касоне ки мехоҳанд дар тиҷорат ва бозаргони муваффақ бошанд, ниёзманди иртиботи устувор ва мустаҳкаме ҳастанд ки меҳмони ва итом кардан аз муҳимтарин абзорҳои он аст.

Зиёфатҳои расми сиёси яке аз ҷилваҳои иртибототи кори аст. Касоне ки дар сари як суфраи ғазо гирдиҳам меоянд, осонтар метавонанд иртиботи отифи барқарор кунанд ва аз он ҷое ки сиёсат, тадбир дар манзил ва ҷомиа аст, наметавонад ҷуз ба воситаи иртиботот ва таъсир бар авотиф ва еҳсосоти дигарон коромад бошад. Азинру дар сиёсатҳои расми ва бавижа сиёсати умуми, тақвияти иртибототи отифи аз тариқи меҳмонидодан аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст.

Аз гузоришҳои Қуръонӣ бармеояд ки паёмбар (с) барои иблоғи даъват ва рисолати хеш, зиёфате ташкил медиҳад ва хешовандони худро ба меҳмони фаро мехонад ва дар он зиёфат шом ба иблоғи рисолат ва даъвати худ иқдом мекунад; чароки медонад таъсиргузори бар авотиф ва еҳсосоти меҳмон бар сари суфраи ғазо ва таом, осонтар аст.

Зулайхо ба ҳадафи муаррифии Юсуф (а)  ва исботи зебоии он ҳазрат ва посухгуи ба наҷвоҳо ва шойиот дар ҷомиа, иқдом ба баргузории зиёфати нимрӯзи мекунад ва он ҳазрат (а) ро дар ҷаласаи занонаи худ меоварад то дигарон аз зебойии Ӯ мутаҳаййир шаванд ва иллати гаройиш ва хиёнатро бадин васила тавҷиҳ кунад. (Юсуф, ояи 31)

Фариштагон низ барои додани башорат ба ҳазрати Иброҳим (а) ба унвони меҳмон бар он ҳазрат ворид мешаванд то дар шароити муносибе башорати хосси фарзандор шуданро ба он ҳазрат бидиҳанд. (Зориёт, 24 то 29) ҳамин фариштагон ба унвони инзор ба қавми Лут (а)  ва башорат ба он ҳазрат ҷиҳати халоси аз уммати фосиқ ва фоҷир ва кофир, ба унвони меҳмон бар он ҳазрат ворид мешаванд. (Ҳуд, ояи 81 ва низ Ҳиҷр, оёти 58 то 68) паёмбар (с) борҳо ва ё бар тибқи гузориши торихи, ҳамонанди ҳазрати Иброҳим (а)  ҳарруза меҳмони баргузор мекард. Ин меҳмониҳо ба қасди эҷоди иртиботи отифи буд то омӯзаҳои ваҳёниро ба гуши мардум бирасонад ва ононро аҳком ва омӯзаҳои исломӣ ошно созад. (Аҳзоб, ояи 53)

Баҳарҳол, яке аз муҳимтарин абзорҳои иртиботи таъсиргузор, баргузории меҳмони аст. Ин равише аст, ки хирадмандон ва паёмбарон дар тули торих аз он барои эҷоди иртибот ва таъсири отифи ва эҳсоси бар руи меҳмон истифода кардаанд.

Аҳком ва одоби зиёфат барои ин ки зиёфат таъсири матлуби худро баҷо гузорад, лозим аст то аҳком ва одоби он ба хуби ва дурусти муроот шавад. Омӯзаҳои Қуръонӣ ба ин муҳим  таваҷҷуҳ дода аст. Дар инҷо ба бархе аз ин одоб ва аҳкоми меҳмон навози ишора мешавад ки баргирифта аз суннат ва сираи паёмбарон (а) бавижа ҳазрати Иброҳим (а) аст ки Худованд он ҳазрат (а) ро усва барои башарият муаррифи карда ва аз мардум хоста аст то эшонро ба унвони сармашқ дар зиндагӣ баргузинанд ва сабки зиндагии худро бар асоси мудели зиндагии эшон сомон диҳанд. Бисёре аз аҳком ва одоби меҳмониро метавон аз меҳмониҳое ки Қуръон гузориш карда аст ба даст овард. Зарурати еҳтиром ва муҳаббат ба меҳмон бегумон муҳимтарин гом дар меҳмон навози еҳтироми меҳмон аст; зеро зиёфати ғазо ва хурок, агарчи мутаваҷҷеҳи ҷисм аст, вале пеш аз онки ҷисми меҳмон аз ғазои модди ва суфраи рангин баҳра барад, равон ва рӯҳи меҳмон аст, ки аз бархурд ва такрими мизбон баҳраманд мешавад. Азинру бар ҳифзи ҳурмати меҳмон бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳ ва шахсияти иҷтимоии Ӯ таъкид шуда ва аз мизбон хоста шуда то аз ҳаргуна беҳурмати нисбат ба меҳмон парҳез кунад. ( Ҳуд, ояи 78, Ҳиҷр, оёти 68, ва низ Зориёт, оёти 24 то 26) меҳмон навози ва такрим ва еҳтиром ба меҳмон аз усули ақлони ва ақлойии башар аст. Бо нигоҳе ба сираи рафтори ҳатто кофирон низ метавон дарёфт ки онон ба навъе қоил ба такрими меҳмон буданд, ҳарчанд ки гоҳ туғёни умуре чун шаҳват ва хашм. Эшонро ба мухолифат бо аҳкоми ақлони ва сираи ақлони ва маъруф водор месозад.

Бо нигоҳе ба оёти 77 ва 78 сураи Ҳуд метавон дарёфт, ки рушди иҷтимоии инсон, муқтазии мурооти ҳоли меҳмон ва эҳтиром ва такрими ӯст. Ӯсулан тақвои ақлонӣ металабад, ки инсон нисбат ба меҳмон такрим намояд. Аз инру, ҳазрати Лут (а)  ба муҳоҷимини шаҳватрон ва ҳамҷинсбоз, ин матлабро гушзад мекунад ки рушди иҷтимоӣ ва урфӣ  муқтазои такрими меҳмон ва адами таарруз ба вай ба ҳар шакле чун таҷовузи ҷинсӣ аст.

Ин, ки ҳазрати Лут (а) дар ин оёт ва низ ояи 68 сураи Ҳиҷр, аз унвони зайф истифода мекунад ва мефармояд: инон меҳмонони ман ҳастанд, гӯёи ин маъност, ки ҳифзи ҳурмати меҳмон аз одоб ва қавонини урфӣ ва суннатҳои пазируфташуда дар миёни қавми Лут(а) буда аст.

Идома дорад...

Сайидбуҳон Акбар

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст