s3 Ибодат ва парастиш ба се навъ қобили тасаввур аст: 1) ибодати омиёна, 2) ибодати оқилона, 3) ибодати ошиқона.

Ибодати омиёна

Ибодати омиёна он аст, ки инсон аз Худои Мутаол тасвире дорад, ки бисёр ваҳшатнок хашин аст ва мухолифат бо ӯ бисёр оқибатҳои бад дорад, зеро Худованд хеле қудратманд аст ва касе дар муқобилаш наметавонанд чизе бигӯяд. Дар ибодати омиёна Худо ибодат мешавад ба хотири ин ки Худованд  мавҷуд аст ва бо ӯ мухолифат карда намешавад, чаро ки агар Худо хашмнок шавад ҳамаро равонаи ҷаҳаннам мекунад. Бад-ин хотир ман Худовандро ибодат мекунам.

Ибодати оқилона

Ин навъ ибодат махсуси касонест, ки зеҳнҳои таълимёфтае доранд ва он чи ки аз таклиф ва дастурҳое, ки аз тарафи Худо нозил мешавад, лутфи Худованд ба бандагонаш аст. Савоб ва азоб ҳам низ тобеи қонун аст. Биҳишт ва ҷаҳаннам тобеи аъмоли мо ҳастанд. Ин мо ҳастем, ки биҳишт ва ҷаҳаннамро бо худ ҳамл карда, ба қиёмат мебарем. Агар аъмоламон дар дунё хуб буд бароямон биҳишт омода шудааст ва дар интизори мо ҳаст ва мо ҳатто дар дунё онро эҳсос мекунем, вале дар қиёмат онро ба равшанӣ мебинем. Дўзах низ ба воситаи аъмоли мост, зеро тибқи қонунҳои ҳастӣ ва ақлу фаҳми мо дар ин ҷаҳон, ин аст ки масалан агар касе аз макони баланде афтад ва устухони пояш бишканад ва ин шахс аслан аҳамияте ба пои шикастаи худ надиҳад ва ё дер аҳамият диҳад ё бояд нисфи пояшро буранд ва ё он шикастагии по ӯро ба ҳалокат расонад, қонуни ҳастӣ ҳаминро мефаҳмонад.

Пас мо Худоро бояд ба  хотири ин ки ақли мо ва қонуни ҳастӣ ба чунин ибодате ҳукм мекунад, парастиш кунем.

Ибодати ошиқона

Ибодати ошиқона, дар воқеъ ҳамон ибодати қисми дуввум аст, аммо бо дамидани рӯҳ дар он робита қонуни ҳастӣ изофа мешавад. Дар ин қисм, робита миёни Худо ва бандааш робитаи ошиқ ва маъшуқ аст. Дар ин навъи ибодати шахси ибодаткунанда, таклифҳо ва он чизҳое, ки Худо фармуда бояд ба он амал кунӣ, беҳтарин дастур аст, на ин ки заҳмат ва машаққат бошад, зеро замоне ки маъшуқ ба ошиқи худ роҳи расидан ба худашро нишон диҳад, ин беҳтарин ҳадя аст барои ошиқ.

Дар ин қисм аз ибодат субҳи зуд баланд шудан ва намоз хондан, як моҳ рӯза доштан, кӯмакҳои молӣ кардан ба фақирон, закоти моли худро додан ва ....., инҳо дигар заҳмат ва машаққат нестанд, балки беҳтарин ҳадя ва лутфу марҳамат ва бузургвории ҳазрати маъшуқ ҳаст.

Дар ин қисм аз ибодат, агар маъшуқ ба бандааш таклифе надиҳад ва ӯро бигӯяд, ки ту озод ҳастӣ ҳар коре, ки дилат мехоҳад анҷом деҳ! Ман барои ту ва барои саодати ту ва барои расидани ту ба ман, худ чора ва барномае мушаххас накардаам, ту худ ихтиёр дорӣ, ки ҳар коре анҷом бидиҳӣ!

Агар чунин бошад, бузургтарин зулмро дар ҳаққи бандааш намуда аст, зеро бузургтарин зулми маъшуқ ба ошиқ ин аст, ки ба ӯ таваҷҷӯҳе накунад ва меҳру муҳаббати ӯро нисбати худ нодида гирад.

Дар ин қисм аз ибодат, азоб ва ҷаҳаннам ҳам чизе нест, ҷуз дурӣ аз маъшуқ ва назар кардани ӯ ба ошиқ ва дилбохтаи худ. Бузургтарин азоб дар ин қисм он аст, ки Худо ба ӯ нигоҳ накунад ва таваҷҷӯҳе ба ӯ надошта бошад. Ин худ сахттарин азоб аст, ки ба банда мерасад ва ин азоб аз дарун шуълавар мешавад, на аз берун.

Агар бихоҳем ин се қисм аз ибодатро бо мисоле баён кунем, чунин мешавад, ки подшоҳе хони пурнеъмате омода намуда, ҳамагонро ба меҳмонӣ даъват кардааст. Меҳмононе, ки дар сари ин суфра ва хони бузург меоянд, ба се қисманд; як қисми онҳо ба хотири тарс аз подшоҳ ҳузур пайдо мекунанд, қисми дигар, бад-ин хотир ширкат мекунанд, ки дар ин суфра тамоми неъматҳо вуҷуд дорад, дар воқеъ барои майл кардан омадаанд. Аммо қисми севум, на аз тарси подшоҳ ва на барои хӯрдан ҳозир шудаанд, балки барои ин ширкат кардаанд, ки подшоҳ ба мо таваҷҷӯҳ намуда, моро лоиқи хони худ донистааст. Мо на тарс дорем ва на хоҳиши  хӯрдан, балки муштоқи дидори подшоҳ ҳастем, ҳамин ки ба мо таваҷҷӯҳ кардааст,  барои мо кофист.

Рӯҳуллоҳ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст