Имитиҳони фақирону сарватмандон; 

  Амири муъминон Алӣ(а) ба мардум мефармояд; нигоҳатонро ба ин сарватҳо ё ба ин фақирон надузед ва ба инҳо аҳамият надиҳед. Зеро ин корҳо милок намебошад.

  Ҳазрат дар идома ба ояти 55 ва 65-уми сураи Муъминин ишора ва мефармоянд; Оё чунин мепиндоред, ки вақте мол ва сарват ва фарзандони зиёде ба онҳо медиҳем, ба хотири ин аст, ки мо хеле онҳоро дуст медорем? молу сарват василаи озмоиш аст, на ин ки ба хотири дуст доштанашон ба онҳо молу сарват дода бошад. Ва ҳамчунин молу сарватдор шудан аз тарафи Худо маънояш ин нест, ки Худо онҳоро душман бидонад балки сарватманд ва фақир шудан фақат барои имтиҳони бандагон аст. Гоҳе ҳамин неъматҳо сабаби зиёд шудани азоби баъзеҳо мешавад. Пас  ба ин ки касе сарватманд аст ё на аҳамият надиҳед, балки фақат фикри ин бошед, ки дар муқобили Худо чи вазифае доред, ки анҷом диҳед.

  Он ҳазрат дар идома мефармояд; Худо он касонеро, ки барои худ  бузургӣ қоиланд, ва худ бузургбин ҳастанд, бо авлиёаш, ки ба назари онҳо заиф ҳастанд, имтиҳон мекунад. Албатта фақиронро ҳам ба василаи сарватмандон имтиҳон мекунад.

  Бисёре аз афрод дар баробарӣ сарватмандон вазаифе доранд , ки анҷом намедиҳанд; масалан онҳоро наҳй аз мункар намекунанд, то ин онҳоро нороҳат накунанд. Айбҳояшонро ба онҳо ёдоварӣ намекунанд бахотири ин ки мехоҳанд аз сарвати онҳо ба хуби истифода кунанд. Ба онҳо эҳтиром мегузоранд, то ин ки назари онҳоро ба худ ҷалб кунанд. Ин ҳам имтиҳоне аст, ки оё вақте ба касе эҳтиром мегузоранд ба хотири пулу молаш аст ё ба хотири динаш. Ин кор барои фақирон як имтиҳон аст.

Анбиё василаи имтиҳони мардум

  Ҳазрати Али(а) дар ҷои дигаре аз ҳамин хутба мегуяд; Анбиё ғолибан аз табқаи пойн ва фақир буданд. Мавқеияти иҷтимоӣ ва шукуҳ ва азамати зоҳирӣ надоштанд. Ҳамин амр, ки анбиё дар миёни фуқаро ва аз табақаи мутавассит ва фақири ҷомеа интихоб шудаанд, барои мардум имтиҳон аст. Агар анбиё аз қудрати зоҳирӣ бархурдор буданд, ки касе тамаъ дар тавони онҳо намекард, ин амр сабаби бо аҳамият будани корҳои онҳо назди мардум буд ва осонтар ба онҳо қоил мешуданд ва сухани онҳоро қабул мекарданд.

  Дар Қуръон дар бораи Паёмбар аз қавли кофирон омада аст; агар Худо мехост паёмбар бифиристад, пас чаро яке аз бузургони ду шаҳрро нафиристод. Манзурашон аз бузург шахси сарватманде буд, ки соҳиби фарзанду молу милк бошад.

  Ҳазрат дар идома мефармояд; Худо хостааст, ки пайравӣ аз анбиё ихтисос ба худаш дошта бошад. Яъне ангезаи мардум барои табаият аз анбиё фақат барои Худо бошад на барои пулу молаш. Пас пайравони ҳамаи анбиё фақат ба хотири Худо ва растагор шудан, аз Ӯ пайравӣ мекунанд. Бар хилофи дигар раҳбарони ғайри динӣ, ки мардум ё  ба хотири сарваташон ё ба хотири тарс, аз онҳо пайравӣ мекунанд.

  Али(а) дар идома мефармояд; бархе аз имтиҳонҳо осонтар ва бархе сахтар аст. Ҳарчи имтиҳон сахтар бошад подоши он бештар хоҳад буд . Имтиҳонҳои содае, ки афрод роҳаттар анҷом медиҳанд, музди зиёде надорад.

  Дар мавриди ҳазрати Иброҳим(а) нигоҳ кунем имтиҳонҳои аҷоибе доштааст. Аз ҳама сахтарин ва ҳассостарин имтиҳони Ӯ замоне буд, ки дар миёни осмону замин ба тарафи оташ меомад ва он ҳангом Ҷибраил(а) омад ва гуфт: оё аз ман ёрӣ мехоҳи? ҳазрат дар ҷавоб гуфт: ман фақат аз Худо ёрӣ мехоҳам. Ин имтиҳон аз буридани сари фарзанд сахтар буд, чаро ки Ӯ дар ҳоли аз даст додани ҷони хеш буд вале аз Ҷибраил кумак нахост ва лаҳзае аз Худо ғофил нашуд.

Ҳаҷ имтиҳони муштараке миёни банӣ Одам

  Дар фарози дигаре мефармоянд; аз замони ҳазрати Одам то замоне, ки инсон рӯи замин вуҷуд дорад, ҳамаро Худо ба як василае, ки барои ҳама муштарак аст имтиҳон кардааст. Ин ҳам як навъ имтиҳон аст ва он ин ки як миқдор сангҳоеро дар як биёбоне қарор додааст, ки на обе дорад на алафе, на боғе ва на сохтумоне. Онҷо чанд санг ба ҳамроҳи як санги сиёҳ аст. Аз ҳазрати Одам(а) гирифта то ба охирин инсони рӯи замин дастур додааст, ки бояд бирванд ба онҳо эҳтиром кунанд ва гирди онҳо тавоф кунанд. Ин як ибодате аст, ки ҳамаи мусалмонон ба он озмоиш мешаванд.

...агар Худо мехост, метавонист хонаи худро дар як ҷое қарор бидиҳад, ки дорои боғҳои зебо, дарахтҳои пурмева, наҳрҳои ҷорӣ, манзараҳои чашмнавоз бошадд. Маълум мешвад, ки ҳадаф аз қарор додани маҳалли Ҳаҷ дар чунин маконе имтиҳони мардум мебошад. Аммо агар ин маҳалро дар як макони сарсабз қарор медод, мардум шояд дар анҷоми ин ибодати бузург хулуси ниятро аз даст медоданд ва балки бо як нияти тамошо ва хушгузаронӣ ба Ҳаҷ мерафтанд на ба хотири Худо.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст