چاپ

 Дар ҳар шабона‏рӯз панҷ бор намози фарз дорем ва дар ҳар намози супориш ба азон ва иқома шудааст. Дар ин ду нидои осмонӣ ҷамъан:
 бист маротиба «Ҳая алас-салот»
 бист мартаба « Ҳая алал-фалоҳ»
 ва даҳ маротиба «Қад қоматис-салот» ме‏гӯем.
 Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мурод аз «фалоҳ» дар азон ҳамон намоз аст, ҳар мусулмон дар ҳар шабонарӯз чил маротиба бо калимаи «ҳая» ба худ ва дигарон, талқини шитоб ба сӯи намоз мекунад ва барои анҷоми ҳеҷ ибодате ин ҳама даъват ва ташвиқ ворид нашудааст. Ба хусус, ки супориш шудааст азонро баланд ва бо садои зебо бигӯед.
Азон шикастани сукут аст.
 Азон як давра идеология ва тафаккури ноб исломӣ аст.
 Азон суруди мазҳабӣ бо ибораҳои кӯтоҳ ва пурмӯҳтаво аст.
 Азон ҳушдор барои ғофилон аст.
 Азон нишонаи боз будани фазои динӣ ва мазҳабӣ аст.
 Азон нишонаи ҳаёти маънавӣ аст.
Ҳая ба ҳаёт наздик аст. Пас биёед ба сӯи зиндагӣ ва амал ва маҳалли зинда шудан ва инсон зиндагӣ кардан ва ба мақсадҳои инсонӣ расидан.

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1939