iqtisodi 01

Яке аз масалаҳоии муҳими башарият дар канори дигар масалаҳо монанди фарҳангӣ ва сиёсӣ масалаи иқтисод аст, ки агар солим ва бенақс бошад метавонад сабаби пешрафт ва тараққӣ ва таъмини осоиши ҳукуматҳо ва ҷомеаҳо шавад. Дар ғайри ин сурат ҳатто метавонад ҷавомеъ ва ҳукуматҳоро ба мурури замон ва ҳатто дар кутоҳтарин мудатзамон аз байн барад ва нобуд кунад. Дар инҷо нигоҳи мухтасаре дорем ба маслаи иқтисоди солим.

Яке аз усули нахустини иқтисод, иқтиоди солими ҳаёт ва имконияти рушд ва пешрафти он аст. Чунон ки аз шароити аввалии як иҷтимои солим, иқтисоди солим аст. Иқтисоди солим, яъне иқтисоде, ки побарҷо бар худ ва бе айбу ғайри вобаста ба дигарӣ аст. Ҷомеа бояд буния ва асоси солими иқтисодӣ дошта бошад, мубтало ва гирифтор ба камхунии иқтисоди набошад, ки агар интавр бошад ҳамчун бемори камхуне, ки дастгоҳи гӯворишии он нокор гаштааст, ҳамеша маризу бемор хоҳад буд. Ба назар намерасад ҳеҷ олим ва оқиле лозим будани иқтисоди солимро рад кунад. Аз назари Ислом ҳам аҳдофи он бидуни иқтисоди солим наметавонад таъмин гардад. Ислом дар ин маврид ҳам мехоҳад касе бар мусалмонҳо муставлӣ ва нуфузу қудрат надошта бошад, балки бояд иқтисодашон ҳам озод ва бо иззат бошад. Албатта ин дар ҳоле воқеъ мегардад, ки мусалмонон ба касе ниёзманду дасташон ба тарафи дигарон дароз набошад, худашон битавонанд ниёзҳои худро бароварда намоянд. Аммо агар ниёзманд бошанд яъне мулозим ва асири хостаҳои онҳо хоҳанд шуд. Чунон ки маълум аст, ҳар миллате, ки дасташ ба тарафи дигар миллат дароз бошад асиру бандаи онҳо хоҳад гашт. Ҳарчанд дар ному нишон ва равобити дипломатик онро сарпӯш гузоштанд ва рӯкашӣ пушонанд.

“Низоми иқтисодӣ” М. Мутаҳҳарӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст