چاپ

Касоне, ки фикр мекунанд масоили зиндагӣ аз якдигар ҷудо аст ва ҳар чизе як ҳадду марз ва қаламрави хосси худро дорад ва ҳар тарафу гӯшае аз зиндагии башарият ба як чизи ба хусус тааллуқ дорад, тааҷҷуб ва эҳёнан инкор мекунанд, ки касе масъалае ба номи Иқтисоди Исломӣ тарҳ кунад. Зеро ба ақидаи инҳо ҳар як аз Ислом ва иқтисод як масъалаи ҷудогонааст. Ислом ба унвони як дин барои худаш ва иқтисод ба унвони як илм ва ё як фалсафа барои худаш. Ислом қаламраве дорад ва иқтисод қаламрави дигар ҳамчунон ки фарҳанг, сиёсат, қазоват ва ҳатто ахлоқ ҳар кадом қаламрави ҷудо аз Ислом доранд.

Баъзе маворид болотар рафта ва гуфтаанд, зиндагӣ ба таври куллӣ як масъала ва дин як масъалаи ҷудогонааст. Динро набояд бо масоили зиндагӣ махлут ва ҳамроҳ донист.

Ин гуруҳ хатои аввалинашон ин аст, ки масоили зиндагиро муҷаррад фарз намудаанд. Ин тавр нест, чун зиндагӣ як воҳид ва шууну аносираш ба ҳамдигар ҳамроҳу воҳид ҳастанд, лизо салоҳу ифсод дар як гӯшаи зиндагӣ бар дигар гӯшаҳо ва шууни он таъсиргузор хоҳад буд. Мумкин нест иҷтимоъ дар сиёсат ва ё қазовату ахлоқ ва ё тарбият ва ё иқтисод фосид, аммо динаш дуруст ва солим бошад.

Агар фарз кунем, ки дин танҳо рафту омад ба масоҷиду калисо ва намоз хондану рӯза гирӣ аст, мумкин аст касоне иддао кунанд, ки масоили динӣ ҷудои аз дигар масъалаҳо аст. Албатта агар ин дар масеҳият дуруст бошад! дар дини Ислом саҳеҳ ва содиқ нахоҳад буд.

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 2973