چاپ

Ислом бо иқтисод ду навъ пайванд дорад:

Пайванди мустақиму бевосита ва ё ғайри мустақим ва бовосита.

Пайванди мустақим аз он ҷиҳат аст, ки як силсила муқаррароту қавонини иқтисодӣ дар заминаи моликият, табодул ва доду ситадҳо, молиёту андозҳо, ирсу садақа ва хайрот, вақф ва муҷозотҳои молӣ ва..., дар он вуҷуд дорад. Ба ҳамин сабаб дар китобҳои Исломӣ мустақилан дар мавзуоти; Байъ, Иҷора, Ваколат, Раҳн, Ирс, Ҳиба, Вақф ва... бобу баҳсҳои хоссеро ихтисос додааст.

Аз тарафи дигар ба фармудаи Қуръони Карим “имон ба баъзе аз китоб ва куфр бар баъзе аз он” мавриди радди Худои Мутаол ва ҳар мусалмони ҳақиқи қарор дорад. Пас Исломро ё бояд комил бипазирем ва ё ҳамаи онро рад кунем!.

Аммо пайванди ғайри мустақими Ислом бо иқтисод аз роҳи ахлоқӣ аст. Ислом исонҳоро дар зиндагӣ ба рафотори ахлоқӣ ва амонатдорӣ, иффату адолат, эҳсону исор(аз худгузаштагӣ), дурӣ аз дуздӣ ва хиёнат ва ришвагирӣ роҳнамоӣ ва супориш мекунад, ки ҳамагӣ ба иқтисод (сарват) иртибот доранд. Агар масоили иқтисодӣ ва ҳадду марзи он маълум нагардад, ҳудуди адолату амонат, иффату хушрафторӣ ва эҳсону некӣ ва ҳатто ҳудуди дуздӣ ва ришвагирӣ ва хиёнат дар як калом арзишҳои Исломӣ ҳам маълум намегардад.

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 2679