Чанд калимае роҷеъ ба таъбироте, ки дар Ислом роҷеъ ба озодӣ омада аст, арз мекунем. Ислом дар бораи озодӣ ба унвони як арзиш аз арзишҳои башар эътироф карда аст, аммо на арзиши мунҳасир ба фард, ва на озодии бо он таъбирҳову тафсирҳои сохтагӣ, балки озодӣ ба маънои воқеӣ. Ҳазрати Алӣ (к) васиятномае[i] ба Имом Ҳасан (а) дар Наҳҷул балоға доранд, ки муфассалтарин номаи Имом ҳамин нома аст.

Як ҷумла аз номаҳои он нома ин аст:

"و اکرم نفسک عن کل دنیه و ان ساقتک الی الرغائب فانک لن تعتاض بما تبذل من نفسک عوضا"[ii]

"Ҷон ва равони худатро гиромӣ бидор ва аз ҳар кори даниву паст ва аз ҳар даноату пастӣ муҳтарам бидор". Намегӯяд масалан ҷони худатро гирифтор накун, мегӯяд: “акрим” яъне эҳтироми зоти худатро ҳифз кун аз инки тан ба даноату пастӣ бидиҳӣ. Ҳамонтавр, ки Қуръон мефармояд бузургтарин бохтанҳо бохтани худ аст, инҷо Ҳазрати Алӣ (к) ҳамон маъноро ба таъбири дигар мегӯяд: писарам барои ҳарчиро ки аз даст бидиҳӣ ва бифурӯшӣ метавон нарх гузошт; ҳарчи дошта бошӣ қобили ин аст, ки бифурӯшӣ ва дар муқобили он нархи муодилашро дарёфт кунӣ, вале як чиз дорӣ ки агар онро бифурӯшӣ, нархе дар ҳамаи ҷаҳон барои он пайдо намекунӣ ва он худат ҳастӣ, яъне ҳамон нафсу ҷону рӯҳат; агар рӯҳатро бифурӯшӣ ва тамоми дунё ва мофиҳоро ба ту бидиҳанд баробарӣ намекунад.

Имом Содиқ (а) мефармояд: фақат як чиз аст, ки мешавад бо ҷону нафс баробарӣ кунад ва он худост. Ҷонро метавон ба Худо фурухт ва Худоро гирифт, вале дар ҳамаи махлуқоти олам, ва мулку малакуту дунёву охират, баҳое барои нафс пайдо намешавад.

Алӣ (к) дар ҳамон нома мефармояд:

"ولا تکن عبد غیرک فقد جعلک الله حرا"

"Писарам! Ҳаргиз бандаи дигар кас набош зеро Худованд туро озод офарида аст".

Як таъбири дигар аз Наҳҷул балоға барои шумо нақл мекунем. Алӣ (к) ибодатҳоро арзишёбӣ мекунад ва ин таъбир дар аҳодиси зиёде омада аст, мефармояд: мардуме ки Худоро ибодат мекунанд, се даста ҳастанд: баъзе Худоро аз тарс, ибодат мекунанд  чун шунидаанд дӯзах ва азобе ҳаст. Худоро ибодат мекунанд, то онҳоро азоб накунад "فتلک عباده العبید"   ҳолати инҳо ҳолати бардасифатон аст, ки аз тарси арбобашон кор мекунанд ва арзиши дигаре надорад.

Баъзе дигар Худоро ба тамаъи биҳишт ибодат мекунанд чун шунидаанд, ки ҳар касе Худоро ибодат кунад, Худо биҳиштҳое дорад, ки "تجری من تحتها  الانهار"  ва дар он Ҳурул айн ва

"لحم طیر مما یشتهون"[iii]   вуҷуд дорад; вақте ба ёди гушти мурғ ва ба ёди лӯълӯъ ва зумуррад ва ҳурул айни  онҷо меафтад шурӯъ ба ибодат мекунад, барои инки аз онҳо чизе насибаш шавад

"فتلک عباده التجار"   ин, ибодати тоҷирпешагон аст; ибодат ва кор мекунад барои инки музди муфт ва газофе бигирад.

Вале гурӯҳи дигар Худоро аз роҳи шукргузорӣ ва "сипосгузорона" ибодат мекунанд; дар ибодат на тамаъ ба биҳишт доранд ва на фикри тарс аз дӯзахро доранд, фақату фақат Худоро мебинанд.

Яке аз равишҳои инсонии иснон аз он   ҷиҳат ки инсон аст "сипосгузорӣ" аст. Виҷдон ҳукм мекунад, ки ин Худоро бояд сипос гуфт; гарчи биҳишт вуҷуд надошта бошад ва дӯзахе ҳам набошад, ман ӯро ибодат мекунам.

Магар Паёмбар (с) набуд ки онқадар ибодат мекард, ки пои муборакаш варам карда буд. Гуфтанд ё Расулаллоҳ! Шумо ки "..."[iv] ҳастӣ, чаро инқадар ибодат мекунӣ? Фармуд: магар ҳар касе Худоро ибодат мекунад, аз тарси дӯзах ва ё тамаъ ба биҳишт аст "الا اکون عبدا شکورا؟"[v]

"Оё ман  набояд як бандаи сипосгузор бошам?"

Пас ибодати тоифаи аввал ибодати бардагон бувад ва дуюмӣ ибодати бозаргонон. Сеюмӣ ибодати озодагон аст "فتلک عباده الاحرار"[vi]  инсони ҳурру озода дар мантиқи Алӣ (к) ҳатто ба биҳишту дӯзах бастагӣ надорад, аз биҳишту дӯзах ҳам озод аст, фақат ба Худои худаш бастагӣ дорад.

Пас метавон натиҷа гирифт, ки озодии Ислом озодие аст, ки инсон фақату фақат бо Худо муомила мекунад ва Худоро мепарастад барои ин ки ӯро шоистаи парастиш ёфтааст ва худро аз ҳар қайду банди ғайри Худо раҳонидаву озод гардонида аст.

Ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил алийил азим.

Тарҷума аз инсони комили устод Мутаҳҳарӣ, таҳияи Муҳаммади Раҳимӣ.

[i] - Васият яъне суфориш ва лозим нест барои баъд аз мурдан бошад; васиятнома яъне андарзнома.

[ii] - Наҳҷул балоға, номаи 31.

[iii] - Сураи Воқеа, ояти 21.

[iv] - Сураи Фатҳ, ояти 2.

[v] - Кофӣ, боби шукр, саҳ. 95, ҳадиси 6.

[vi] - Наҳҷул балоға, ҳикмати 237.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст