Маълум аст, ки ҳар кас наметавонад тарафи машварат қарор гирад, зеро гоҳ он афрод нуқоти заъф доранд, ки машаварат бо онҳо мояи бадбахтӣ ва пасрафтӣ аст, чуноне ки ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд: »Бо се тоифа машварат накун:

1 . Бо афроди бахил машварат накун, зеро аз бахшиш ва кӯмак ба дигарон боз медоранд ва аз фақр метарсонанд.

2 . Ҳамчунин бо афроди тарсу машварат накун, зеро онҳо туро аз анҷоми корҳои муҳим боз медоранд.

3 . Ва низ бо афроди ҳарис(тамаъкор) машварат накун, ки онҳо ҷамъоварии сарват ва ё касби мақоми ситамгариро дар назар ту ҷилва медиҳанд.[1]

Ҳамонтавре ки дар Ислом дастури муаккад дар бораи машварат кардан дода шудааст, ба афроде, ки мавриди машварат қарор мегиранд низ таъкид шуда, ки аз ҳеҷ гуна хайрхоҳӣ фурӯгузорӣ накунанд ва хиёнат дар машварат яке аз гуноҳони бузург ба ҳисоб меояд, ҳатто ин ҳукм дар бораи ғайри мусалмонон низ собит аст. Яъне агар инсон пешниҳоди машваратро аз ғайри мусалмоне бипазирад, ҳақ надорад дар машварат нисбат ба ӯ хиёнат кунад ва ғайр аз ончи ташхис медиҳад ба ӯ изҳор намояд.

Дар рисолаи ҳуқуқ, ки аз ҳазрати Имом Зайналобидин(рз) нақл шуда, баён шудааст: Ҳаққи касе, ки аз ту машварат мехоҳад ин аст, ки агар ақида ва назаре дорӣ дар ихтиёри ӯ бигзорӣ ва агар дар бораи он кор чизе намедонӣ, ӯро ба касе роҳнамоӣ кун, ки медонад. Ва аммо ҳаққи касе, ки мушовири ту аст ин аст, ки дар ончи бо ту мувофиқ нест, ӯро муттаҳам (ба чизе) насозӣ.[2]

Тоҷикон



[1] - Наҳҷулбалоға, фармони Молики Аштар.

[2] -Тафсири Нуруссақалайн, ҷ.1, саҳ.405.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст