Turajon.оrg, веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, тағйири ҷинсияти мард ё занро аз нигоҳи Ислом ҳаром хонда, аз пизишкон даъват кардааст, аз иҷрои ин амал худдорӣ кунанд.
Ин веб-сайти дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “Тағйир додани ҷинси мард ба ҷинси зан ё акси он дар Ислом ҳаром аст.” Ба гуфтаи веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, иваз кардани ҷинсият маънои тағйири халқи Худовандро дорад.

Ҳамчунин дар баробари тавсия додан ба корбарони худ дар мавриди даст кашидан аз ин амал аз табибоне, ки ин гуна ҷарроҳиҳоро анҷом медиҳанд, даъват кардааст, то аз иҷрои амали тағйири ҷинсият худдорӣ кунанд: “Ин пизишкон ҳама гунаҳкор мешаванд, чун амали онҳо ёрдам дар иҷрои корҳои ҳаром маҳсуб мешавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст