Эшони Нуруддинҷон Тӯраҷонзода, яке аз рӯҳониёни шинохтаи тоҷик муайян кардани маблағ барои иҷораи мошинро ҳалол дониста, гуфтааст он ҳамчун рибо ба ҳисоб намеравад.

Вай дар посух ба саволи яке аз истифодабарандагони сомонаи ин хонадон, ки дар форум аз Эшони Нуриддинҷон дар бораи ба иыора додани мошини боркашаш фатво хостааст, ыавоб додааст.

-Ман мошини калони боркаш дорам. Метавонам ки мошинамро ба иҷора супорам? Шахсе, ки иҷора мегирад мегӯяд, ки ҳар моҳ ман шуморо ягон маблағи муаянкарда медиҳам, ин маблағ барои соҳиби мошин ҳалол аст, ё рибо?

Эшони Нуруддинҷон дар посух ба ин савол гуфтааст, мусалмон метавонад мошини худро бо маблағи муаян ба иҷора диҳад ва муайян кардани маблағ дар иҷора ҷоиз аст, ва аз нигоҳи шариати ислом рибо ҳисоб намешавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст